Главная > Нилуфари СОБИР > Консерти Севинчу Афшин: Аз «Пули Сирот» то Кохи Борбад!

Консерти Севинчу Афшин: Аз «Пули Сирот» то Кохи Борбад!

Бегоҳии рӯзи шанбе. Кохи Борбад. Пас аз пахши эълону рекламаҳо тариқи расонаҳо ва овехтани овезаҳо дар хиёбонҳои пойтахт мардуми зиёде сӯи ин маҷмааи бузурги фарҳангӣ мешитофтанд, то дар барномаи муштараки мусиқии Афшин — сарояндаи маъруфи эронитабори Амрико, Севинч -овозхони саршиноси ӯзбекистон ва Фирӯза Ҳафизова — ҳофизи ҷавону варзидаи Тоҷикистон ширкат кунанд. Бинои Кохи Борбадро мухлисони ин се ҳунарманд печонида гирифта буданд. Банда ҳам бо мақсади ширкат дар ин консерт ва навиштани гузориш аз ҷараёни баргузории ин барномаи густурдаи мусиқӣ ҷониби Кохи Борбад шитофтам. Баробари расидан ба назди бинои мазкур манзараи аҷоиберо дидам. Аз назди дари даромадгоҳ рост ба тарафи пеш ва сипас каҷгардон ба тарафи чап панҷараҳои оҳанин барчидаанд. Дар саршавии роҳрави панҷарапеч марди сабзинае бо риши кӯтоҳ ва нимтанаи сиёҳ меистоду якояк чиптаҳои мардуми ба дохил воридшавандаро тафтиш мекард. Он мард бо садои дағалу баланд баҳудаву беҳуда «билети шумо апа, билети шумо ака» гуён ба одамон муроҷиат мекард. Ба ҳар нафари аз роҳрав гузаранда бад — бад менигарист. Шояд бо ин рафтор сахгиру росткор будани худро нишон додан мехост. Аз аввали роҳрави панҷарадор то даромадгоҳи бино боз чанд тан аз шахсони масъул ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ мардумро зери назорат қарор медоданд. Азоби нафарони ба бино воридшавандаро дида, роҳрави панҷарапечи танг дар назарам «Пули Сирот» намуд.

Масъул ба ваъдааш вафо накард

Дар назди бинои Кохи Борбад чанд тан аз ҳамкорони собиқам аз радиои бурунмарзии Тоҷикистонро вохӯрдам. Эшон гуфтанд, ки бо ҳамон шаҳодатномаи хабарнигорӣ мешавад вориди толор гардид ва ҳам ба дохил даромаданд. Чун қаблан ман ҳам ба ҳамин тарз дар чанде аз барномаҳои мусиқӣ ширкат карда будам, бинобар ин, наздики роҳрави панҷарапеч шудам. Шаҳодатномаамро нишон дода гуфтам, ки хабарнигорам ва танҳо бо мақсади омода кардани гузориш аз ҷараёни барномаи мусиқии мазкур вориди толор шуданиям. Аммо ҳамон марди ришдори сиёҳпӯш (агар хато накунам, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ӯро Неъмат ном мебурданд) гуфт: «Агар номат дар рӯйхат бошад, медароӣ». Ҳайрон шудам, ки кадом рӯйхатро дар назар дошта бошад. Дар дасташ чанд рӯйхат буд ва онро аз назар гузаронида, иброз намуд: «Дар рӯйхат номат нест, барои даромадан иҷозат нест!». Гуфтам: «Охир, ҳамин ҳозир ҳамкорони ман даромаданд, пас чаро ман ҳам дар қатори онҳо наметавонам вориди толор шавам?». Тӯтивор такрор кард: «Гуфтам-ку, номат дар рӯйхат нест!». Пурсидам: «Рӯйхатро кӣ тартиб додаву масъули он аст?». Гуфт: «Апаи Марҳабо медонад». Пеш аз ман хонуми рӯзноманигори дигаре, ки номаш дар рӯйхати дасти марди сиёҳпӯш буд, хоҳиши даромадан мекард. Аммо он мард бо баҳонаи он, ки писари тақрибан 11-солааш ҳамроҳаш буд, монеи роҳи ӯ мешуд ва ба пурсишҳои рӯзноманигор низ ҳамон ҷавобро медод: «Агар апаи Марҳабо худаш хоҳиш кунад!». Хонуми рӯзноманигор пас аз чанд бори тамосгириҳо тавассути телефон муваффақ шудааст, ки ба бино дарояд.
Тақрибан 10 дақиқа нагузашта, хонуми ҷавону зебое наздики он нозири якрав шуда, мисли ман шаҳодатномаи рӯзноманигорияшро нишон дод, аммо маълум шуд, ки номи ӯ низ дар рӯйхат набудааст ва ӯ ҳам дар берун монд. Назди ман омада пурсид: «Ту ҳам хабарнигор ҳастӣ?». Гуфтам: «Бале». Гуфт: «Ман корманди телевезион ҳастам. Номам Шоира. Маро даромадан намонданд». Ҳарду ба як корманди ҳифзи ҳуқуқ, ки фармонфармоӣ мекард, муроҷиат намудем, то ба шахси масъули сиёҳпӯш бифаҳмонад, ки мо на барои тамошои консерт, балки барои омода кардани гузориш омадаем, аммо бенатиҷа. Чанд нафар аз ҳамкасбонамон кӯшиш карданд, то ба мо кӯмак расонанд, вале боз ҳам натиҷае нест. Сипас, шахси масъули ришдори сиёҳпӯш ба мо гуфт, ки каме мунтазир бошем, ҳама ба толор ворид шаванду мардум дар беруни бино кам монад, баъд моро иҷозаи вуруд медиҳад. Мунтазир шудем. Мардум кам шудан гирифт. Шом наздик шуд. Масъули якрав ба ваъдааш вафо накард. Баҳона мекард, ки ҳаққи иҷозат доданро ба мо надорад…
Чиптаҳои қалбакӣ ва росткории қалбакии нозирон
Ҳарчанд вақти зиёди ман сарфи мунтазирии вуруди толор шуд, аммо дигар аслан таваҷҷӯҳи бештаре ба он барномаи мусиқӣ надоштам, зеро тӯли ин муддат ман шоҳиди воқеаҳои аҷибтаре гардида. Қабл аз ҳама диққати маро бетарафӣ ва бемасъулиятии кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба худ ҷалб кард. Мавриди аввал ин буд, ки нафарони зиёде бо чиптаҳои қалбакӣ мехостанд вориди бино шаванд ва ба мақсадашон нарасиданд. Сирри эшон ба зудӣ фош шуд. Минҷумла, як духтаре чиптаи қалбакиро нишон дода, даромадан хост, аммо нозирон ба ӯ иҷозаи вуруд надоданд. Яке аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва он масъули сиёҳпӯш аз духтар пурсон шуданд: «Чиптаро аз куҷо харидӣ?». Духтар канори биноро аз ҷониби Кӯли ҷавонон ишора карда, гуфт: «Дар он ҷо, аз як ҷавони либоси рах -рахдор харидам». Масъули ришдори сиёҳпӯш ва корманди ҳифзи ҳуқуқ қоҳ — қоҳзанон хандида, гуфтанд: «Ана акнун назди ҳамон ҷавон рафта, чиптаи қалбакияшро баргардонда, пулатро гир!». Аҷоибаш ин буд, ки чаро кормандони ҳифзи ҳуқуқ худашон ба ҷустуҷӯи он ҷавони чиптаи қалбакифурӯш нарафтанд, то ӯро дастгир карда, ҷазои сазовораш диҳанд ва ба ин васила пеши роҳи қонуншиканиро бигиранд? Ё магар вазифаи эшон танҳо рост истодану беҳаракат назора кардани ҳаводис асту бас? Шахси масъули сиёҳпӯш бошад, ҳамоно худро росткору сахтгир нишон медоду чиптаҳоро сахт тафтиш мекард. Аммо пас аз он, ки шом фаро расиду сапедии рӯз шикаст, росткории шахси масъул низ шикаста шуд. Дар бари ӯ ҷавони лоғарандоме, ки нимтанаи хокиранг ба бар дошт, меистоду ӯ низ худро «шахси масъул» муаррифӣ мекард. Акнун ин «ду шахси масъул» бо маслиҳату гӯшакии ҳамдигар даста -даста хонумҳоро бе чипта ва бе сабти номашон дар ягон рӯйхат вориди толор мекарданд. Баъдан як марди солхӯрдаи лоғарандоми дигар, ки низ худро аз масъулини барномаи мусиқии мазкур ном мебурд, амр кард, то боз якчанд хонумро иҷозаи вуруд диҳанд. Ин ҳолро дида, ману Шоира вокуниш дардодем ва аз масъули ришдори сиёҳпӯш сабаб пурсон шудем. ӯ дигар тӯтивор такрор намекард, ки «полнамочий надорум, наметонум». Акнун булбулакаш бо лаҳни дигар мехонд. Табассуми хунуке карда, «ин хонумҳо бо амри мусассисони барномаи мусиқӣ даромаданд» мегуфт. Қиёфааш акнун ҷиддӣ набуд, балки дурӯягияш маълумамон шуда буд.
Лаҳзаи шубҳаовари дигар чунин ба назар мерасид, ки шахсони масъул ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо фаро расидани торикии шомгоҳон акнун худро хаста вонамуд карда, ба гунае намехостанд мардум чиптаҳоро харидорӣ кунанд. Масалан, ду ҷуфти ҷавон зуд — зуд қадам монда, ҷониби касса равон буданд. Шахси масъули сиёҳпӯш бо қаҳр ба онҳо муроҷиат кард: «Ҳой, ба куҷо меравед!?». Онҳо гуфтанд: «Ба консерт». Шахси масъул гуфт: «Онҷо консерт нест!». Онҳо гуфтанд: «Чиптахарӣ меравем». Шахси масъул ва ду тан аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба сӯи мо нигоҳ карда, гуфтанд: «Шумо ҳоло ҳам ҳаминҷоед? Метавонед равед!». Шояд будани мо ба онҳо барои анҷоми ҳадафҳои дигарашон халал мерасонд. Ман бошам, барои он ки бубинам, то аз ин ба баъд масъулин чи гуна рафтор мекарда бошанд, баҳонае пеш оварда, гуфтам: «Диктофони ҳамкорам дар дасти ман асту ӯ дар дохил, бояд лаҳзаҳои консерт ва назари мухлисонро сабт кунад. Хоҳиш мекунам, ки маро барои ақаллан даҳ дақиқа иҷозаи вуруд диҳед. Ман дар толор ҷойи нишастро банд намекунам-ку!». Албатта ин баҳонаи бардурӯғи ман буд, вале рафти ҳодисаҳо диққатамро бештар ба худ ҷалб карда буданд ва тавре зикр кардам, мехостам давоми «кинокомедия»-ро бубинам. Зане дар назди мо пайдо шуд, гапи маро тақвият дода, ба шахси сиёҳпӯши масъул гуфт: «Рост мегӯяд! Шумо бояд монеи роҳи пресса нашавед! Бигзор дохили толор шавад. Аммо он марди ришдори сиёҳпӯш боз ҳам рад карда гуфт: «Толор пур аз одам асту ҳатто ҷойи рост истодан ҳам нест». Сипас Шоира ба он шахси масъули сиёҳпӯш гуфт: «Аз ту дида шахси якраву карахтро надидам! Наход, ки гурӯҳ — гурӯҳ хонумҳоро бе чипта иҷозаи вуруд диҳиву намояндагони расонаҳои давлатиро монеъ шавӣ!». Он марди ришдори сиёҳпӯш бо ифтихор, ки шояд худро қавиирода фикр мекард, гуфт: «Оҳо! Ту ҳоло маро намедонӣ, ки чӣ қадар дар кори худ устувору ростқавлам!». Шоира гуфт: «Росткории туро аллакай дидам, вақте хонумҳои зиёдеро бе чипта иҷозаи даромадан додӣ!». Он мард хандаи хунуке кард ва аз ҷайбаш корти шиносоиро бароварда, ба сӯи Шоира дароз карду гуфт: «Инро гир! Ту ягон рӯз ба Диёр (шояд номи ягон ширкат ё коргоҳ бошад) биё, ана он ҷо чигунагии маро мебинӣ!». Шоира он кортро аз дасти сиёҳпӯш нагирифту ҷавоб дод: «Ин карточкаи ту ба ман асло лозим нест ва ман ба ягон ҷо намеравам!». Ин амали воқеан сарбаландонаву баномусонаи хабарнигор ба шахси масъули сиёҳпӯш маъқул нашуд. ӯ худро таҳқиршуда ҳис карда, табъаш хира шуд. Қаҳраш омада, ба қавли ҷавонон «сар — параш вайрон шуд». Ба ҳоли ӯ хандаам омад. Ба худ гуфтам: «Бечора, ҳарчанд ба сари одамон дӯғу пӯписа мекунад, вале боз ҳам хори сари девор боқӣ мемонад». Сипас Шоира ба ман гуфт: «Чаро аз ин (манзураш шахси масъул) хоҳиши иҷозаи вурудро мекуниву худро паст мезанӣ? Ман рафтам ба хона!».
Ҷавонон ҳамоно ба сӯи толори корсертӣ мешитофтанд. Ба назари ман лаҳзае чунин расид, ки ҳатто чанд нафари онҳо бо чиптаҳои қалбакӣ ҳам дигар вориди бино мешуданд. Бо вуҷуди он ки, ранги чиптаҳо тиратар буд, вале дигар касе онҳоро боздошт намекард…

Чиптаҳои арзон ва фурӯшандаҳои қалбакӣ

Баъд аз он, ки вақти зиёде гузашту соат ҳам аллакай наздики 18-и шом буд, ман дигар дар сардии ҳавои берун тоқат накарда, хостам охирин роҳ, яъне харидории чиптаро ба кор барам. Гуфтам: «Хуб, шумо ки маро ба дохил даромадан нагузоштед, акнун мераваму чипта мехарам». Шахси масъули сиёҳпӯш гуфт: «Касса маҳкам кард! Шаб шуд, консерт ҳам аз нисф гузашт. Беҳтар буд, ки ба хона мерафтӣ». Як тан аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳам ба ман гуфт: «Ин қадар хирагӣ кардед! Равед гуфтанд, равед! Дигар чиптаро аз куҷо меёбед?». Ман чанд қадам ба сӯи касса гузоштам. Даричаи касса пӯшида буд. Ростӣ наздик нарафтам, зеро гумон кардам, ки воқеан ҳам касса баста шудааст. Ба гапи шахси масъул бовар кардам, ки касса маҳкам аст, аммо танҳо рӯзи дигар фаҳмидам, ки касса то қариби анҷоми консерт кор кардааст ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва шахси масъул «нуктасанҷона» маро гуселонидаанд. Дар атрофи бинои Кохи Борбад ҷавонони зиёд ҳанӯз ҳам кӯшиши даромадан ба толорро мекарданд. Шояд ҳузури ман ба ҳайси як хабарнигор, ки метавонистам боз шоҳиди воқеаҳои зиёде шаваму аз бозиҳои пасипардагии нозирону масъулин огоҳ гардам, ба табъи эшон хуш наомад, ки дигар акнун вориди толор шудани маро комилан номумкин шуморида, ба хона баргаштанамро авлотар донистанд. Аз назди онҳо дур шуда, ҳанӯз то назди даромадгоҳи пойин нарасида будам, ки аз пеши роҳам як корманди ҳифзи ҳуқуқ пайдо шуда, пурсид: «Ҳа, даромадан намонданд?». Гуфтам: «Не!». Ба ман наздик шуда, бо овози паст гуфт: «Ман чиптаи ҳақиқии арзон дорам, ба 40 сомонӣ мехарӣ?». Ҳайратзада шудам. Охир, чиптаҳои қалбакиро агар тавассути компютер месохта бошанд, пас, ин чиптаи ҳақиқӣ дар дасти корманди ҳифзи ҳуқуқ аз куҷо пайдо шудааст? Агар худи кормандони ҳифзи ҳуқуқ қонуншиканӣ кунанд, пас, чаро даҳ ё бист нафари онҳоро ба хотири нигаҳдории тартибот назди даромадгоҳҳои Кохи Борбад гузоштаанд? Акнун муаммо бароям кушода шуд, ки чаро ҳузури хабарнигорон табъи дили кормандони ҳифзи ҳуқуқ набудааст! Албатта, агар ҷойи ман каси дигар мебуд, бо хушнудӣ ин чиптаи арзонро харидорӣ мекард, вале ман танҳо ба хотири он, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва масъулин барои манфиати худашон шуда маро вориди толор шудан нагузоштанд, ин чиптаро бо баҳонаи камии маблағи дар даст доштаам харидорӣ накардам. Ҳарчанд, лаҳзае қабл омода будам, ки бо нархи 100 сомонӣ ҳам бошад, чипта харидорӣ кунам. Вале акнун намехостам, ки бар ивази дар сардии ҳаво мунтазирии зиёд кашиданам, дар кисаи ким-кадоме пули бе дарди миён пайдо шавад. Вале чӣ мегӯед, ки дарҳол ду хонуми ҷавон он чиптаро бо нархи 50 сомонӣ харидорӣ намуда, шодикунон ба консерт рафтанд.

Курсиҳои холии толор ва мухлисони мунтазир дар кӯча

Ман ба назди даромадгоҳи пойин рафта, ба як нозири дигар шаҳодатномаи хабарнигориямро нишон додаму хоҳиши вурудро кардам. ӯ гуфт, ки аз даромадгоҳи асосӣ равам. Гуфтам, ки он ҷо маро иҷозат надоданд. Ҷавоб дод, ки ман ҳам наметавонам. Вале ман аз пушти чанд нафари дигар ба як канори дар рафта истодам. Ногаҳон дар кушода шуда, чанд нафар вориди толор шуданд ва ман ҳам дар сояи онҳо ба толор даромадам. Вақте вориди толор шудам, аллакай дар саҳна Афшин таронасароӣ мекарду ҷавони дигаре дар бари ӯ рақсу ҳаракатҳои зебо дошт. Мухлисон ҳамагӣ кафкӯбӣ мекарданду ҳуштак мекашиданд ва лаҳзаҳои ҷаззобро дар телефонҳои мобилияшон сабт менамуданд. Аксбадорҳо низ серкор буданд. Афсӯс, ки ин қисми охири барномаи мусиқӣ буда, дере нагузашта ба анҷом расид. Аммо дар дохили толор низ ман аҷоиботи дигарро мушоҳида кардам. Баръакси гуфтаҳои масъулин ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ, дар толор ҳатто ҷойҳои холии нишаст ба назар мерасиданд. Ман гумон карда будам, ки дар толор ҳатто ҷойи рост истодан ҳам намондааст.

Гулӯи Афшин каме дард кардааст…

Як рӯз қабл аз баргузории консерт баранда Мавлуда Раҳматова ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки соати 14.00-и рӯзи якшанбе дар толори меҳмонхонаи «Истиқлол» бо ширкати Афшин, Севинч ва Фирӯза, се ҳунарманди маъруф нишасти хабарӣ баргузор хоҳад шуд. Хабарнигорони зиёде рӯзи таъиншуда дар назди меҳмонхона гирд омаданд. Вақте соат ба 14.00 наздик шуд, ман дохили бино рафтаву хостам бифаҳмам, ки нишаст шурӯъ мешавад ё не. Назди даромадгоҳ хонуми чеҳракушоди ситорагармеро вохӯрдам. ӯ худро Марҳабо — нафаре аз ташкилкунандагони асосии консерт муаррифӣ кард. Ин ҳамон Марҳабое будааст, ки масъули сиёҳпӯш аз номаш дағдаға карда, батакрор ба хабарнигорон мегуфт: «Апаи Марҳабо медонад».
Ба ӯ ҳодисаву вокунишҳои дирӯзаро нақл кардам. Дар ҳайрат шуда, гуфт: «Ман ба нозирону масъулони даромадгоҳ таъкид карда будам, ки пеши роҳи рӯзноманигоронро нагиранд. Худам ҳатто пеш аз консерт баромада, чанд нафар аз хабарнигоронро вориди толор кардам». Дар мавриди чиптаҳои қалбакӣ, бетарафии милисаҳо, чиптафурӯшии кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва иҷозаи вуруд додани хонумҳои бешумор бидуни харидории чиптаҳо аз ҷониби масъули сиёҳпӯш ва ғайра хонум Марҳабо сахт ғамгин шуд. Маълум гардид, ки ӯ аз ҳамаи ин ҳодисаҳо бехабар будааст.
Сабаби баргузор нашудани нишасти матбуотиро бошад, ҳам хонум Марҳабо ва ҳам Мавлуда Раҳматова чунин шарҳ доданд: «Барои субҳи имрӯз Севинч чиптаи ҳавопаймоӣ дошту аллакай ба Хуҷанд рафт ва аз он ҷо ба ӯзбекистон меравад. Афшин бошад, аз консерти дирӯза хаста шуда, ба иллати сардии ҳавои толор садояш ҳам гирифта, гулӯяш каме дард кардааст ва имкони саволу ҷавоб бо хабарнигорон надорад.
Ба ҳар ҳол, ин ақидаи масъулини консерт аст. Дар асл бошад, кӣ медонад, ки оё ҳақиқатан ин хонандагон бо сабабҳои узрнок майли вохӯрӣ надоштанд, ё сабаб чизи дигар аст? Дар ҳоле, ки ба гуфтаи масъулин, ташкилотчиёни консерт фоидаеро, ки дар назар доштанд, ба даст оварда натавонистаанд. Ва ин омил метавонад сабаби озурдагии овозхонҳо ҳам бошад, зеро шояд дар ин ҳол ҳатто шартномаҳои расман бастаи онҳо низ ба андозае вайрон шавад.

Нилуфари СОБИР, рӯзноманигор

  1. 25 декабря, 2009 в 6:40 дп

    Ташаккур, Нилуфари азиз. Хушбахтона ман аз огози ин консерт вориди толор шудам. Ва он чи ки Шумо тасвир накардаед, метавонам баротон кисса кунам. Лутфан ба ин сурога ангушт бизанед: http://www.mahbubtj.wordpress.com

    Нравится

  1. No trackbacks yet.

Оставьте комментарий