Главная > Uncategorized > Чаро Исмоил ба Бобораҳим «справка» надод?

Чаро Исмоил ба Бобораҳим «справка» надод?

Имрӯзҳо тамоми мардуми раиятпарвари ҷумҳурӣ ба муроҷиатномаи сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳ дода, ҳар фарде ба қадри зӯру тавон саҳмияҳои «Роғун»-ро харида истодаанд. Тамоми воситаҳои ахбори умум, бахусус шабакаҳои Аввал ва ТВС-у ҳатто «Баҳористон» бо тамоми қувваю масъулияте, ки дар назди ин халқу миллат доранд, таблиғу ташвиқ намуда, моҳияти ин иқдоми бузургро ба мардум фаҳмонида истодаанд. Шоиру нависандагон ба васфи бунёди нерӯгоҳи «Роғун» эҷодиёташонро равона намудаанд. Кормандони ҳукуматҳои маҳал ва шаҳраку ноҳияҳои дурдаст, ки аз набудани барқ танқисӣ мекашанд, рафта ба мардум моҳияти ин иқдоми бузургро фаҳмонида дода истодаанд. Хулоса, дар муддати як моҳ тамоми мардум аз ин кори муҳим огоҳонида шуданд.

То ба дараҷае муҳим будани ин маъракаро ҳатто домуллоҳои масҷидҳои ҷомеъ дарк намуданд ва аз минбарҳои масҷидҳо даъват ба харидани саҳмияҳои «Роғун» мекунанд. Инчунин, «фатво»-ҳо низ бароварда истодаанд.
Шахсан ҷаноби олӣ ва инчунин дигар роҳбарони мақомоти баландпояи давлатӣ дар муроҷиатномаҳояшон таъкид намуданд, ки ин як амри маҷбурӣ нест, балки исмаш худ ифодакунандаи он аст, ки ҳар фард, агар имконоташ фароҳам бошад, саҳми худро дар корҳои хайр доим бояд гузорад. Бале «саҳмия» — яъне саҳмгузории холисона ба қадри тавон. Аммо афсӯс, ки талаботи қонун ва дархости роҳбарият як сӯ мемонаду баъзе аз кормандони мақомоти давлатӣ дар навоҳӣ ба ҷабру зулми мардум мепардозанд. Имрӯзҳо дар шаҳраку ҷамоатҳои деҳот ба нақша гирифтаанд, ки бояду шояд як миқдори муайяни маблағро ҷамъоварӣ намуда, барои харҷи хариди саҳмия сафарбар намоянд. Ҳадди ақалл бояд ҳар як истиқоматкунандаи ҷамоат ба 100 сомонӣ саҳмия харад! Аз масҷидҳои ҷомеъ миқдорҳои муайяннамударо аз мардуми намозгузор ҷамъ карда додаанд. Оре, ин мардум дар тӯли 100 соли охир бо ҳашар нерӯгоҳҳои Варзоб, роҳи мошингарди Помир, каналҳои Фарғона, Ҳисор ва ғайраҳою ва ҳоказоҳоро ба истифода доду қодир аст ин сохтмонро низ сохта ба истифода диҳад. Лекин, набояд ба хотири анҷом додани амри хайри нофила амри фарзӣ поймол гардад, яъне ба хотири ҷамъоварии маблағи саҳмия талаботи Конститутсияи ҷумҳурӣ риоя нашавад.
Мӯҳтавои асосии ин навишта ба шаҳрванди ноҳияи Варзоб, ҷамоати Лучоб Зуҳуриддинов Бобораҳим дар таърихи 12.01.2010 надодани «справка» аз ҷониби раиси ҷамоати Лучоб Исмоил Бобокалонов аст. Б. Зуҳуриддинов ба наздикӣ баъд аз авфи озодӣ аз маҳкамаи ислоҳотӣ баромада, вазъи иқтисодию молиявияш начандон хуб будааст. Аз ин сабаб қудрату тавони харидани саҳмияро ҳатто ба маблағи 100 сомонӣ ҳам надорад. Хуб, ин шаҳрванд бояд чӣ кор кунад? Магар намешавад, шаҳрвандоне, ки рамаҳои гӯсфанд, чандин гектар заминҳои корам, иншоотҳои хоҷагии давлатиро бо роҳҳои гуногун хусусӣ гардонидаанд, саҳмияи ин гуна мардони фақиру камбизоатро пардохт кунанд? Олӣ мешавад!
Мувофиқи мантиқ, бояд раиси ҷамоат аз ҳолу аҳволи шаҳрвандони ҷамоат ба куллӣ огоҳ бошад. Мӯҳтарам раис, шояд он қадар дар ёд надошта бошед, аммо ман бисёр хуб ёд дорам, ки раҳматии Изатулло Бобокалонов вақте ки раис буд, хело шахси ҳоҷатбарор, бо мардум хушмуомила ва бо хайру саховат буд.
Имрӯзҳо ҳам гоҳ — гоҳе дар Хатлону Истаравшан Кофарниҳону Регар бо шахсиятҳое вомехӯрем, ки бо шунидани минтақаи зист аз Изатулло Бобокалонов (ёдаш ба хайр) пурсон мешаванд. Худ қазоват намоед, ҳамаи ин ба хотири чист? Оё ба хотири зулм ва дил ранҷонидани онҳо ва ё баръакс? Агар баҳона пеш орем, ки мансаб, пас он кас низ мансаб доштанд. Агар бигӯем, ки саҳмия як амри маҷбурист, намешавад. Зеро худи Ҷаноби Олӣ, вазири молия ва чандин кормандони мақомоти давлатӣ пахши саҳмияҳоро амри ихтиёрӣ таъкид намудаанд. Аҷиб! Сабаб дар чӣ бошад?
Ёд дорам, моҳи июни соли 1998 бо ҳамроҳии усто Самиев Қудрат ба аёдати раҳматии Изатулло рафтем ва саҳни ҳавлии раис дар назди як шоҳтут рӯи кате анқариб се — чор соат сӯҳбат доштем. Раис бисёр афсӯс мехӯрд, ки вазъ чунин шуд. ӯ мегуфт: «Мо бо ҳазор орзую аъмол хизмати халқу ватанро мекардему имрӯз чӣ вазъ рух дод». Гоҳ аз гирифта шудани боғаш аз ҷониби ким — кадом яроқбадаст ва гоҳе аз беодобию золимии постҳои ғайрирасмӣ ва ғайраҳо шикоят мекард. Дар рафти сӯҳбат аз тамоми аъмолҳои кардааш раҳматӣ пушаймон буд, ба ҷуз аз зиёрати хонаи Каъба ва сохтани масҷиди маҳаллааш. Оре, бо вуҷуди он қадар хайру саховат ва ахлоқи ҳасана аз ҷамии амалҳои пешинааш ба ҷузъ ду амалаш аз худ розӣ набуд, эҳсоси пушаймонӣ мекард.
Агар имрӯз мебуд ва медид, ки чи гуна ҳокимони навоҳию маҳалҳо бидуни қарори суд хонаи шаҳрвандро вайрон мекунанд, ба шаҳрванд бидуни узр ҳоҷаташро намебароранд, зиёда аз ҳазор авфи комиссияи босалоҳияти худи худашон таъсисдодаро бекор мекунанд ва ғайраю ва ҳоказоҳо, ҳуш аз сараш мепарид. Ҳамаи ин амалу рафтори баъзе аз курсинишинонро дида, солҳои 37, 47, 93, 94-и асри гузашта ба ёд меояд. Тафовут дар чист? Онҳо ҳам тариқи зӯроварӣ фаъолияташонро амалӣ мекарданд, мо ҳам…
Мӯҳтарам соҳибмансабон, намешавад як давлати комили соҳибистиқлолро бо амру фармонҳои ошкору ниҳон идора кард! Аз қабили ин фармонҳо: Аз ағба намегузарӣ! Чаро? Фармони вазир аст. Дар мактаб сатр накун! Чаро? Фармони вазир аст. То саҳмия нагирӣ, ба имтиҳон дохил намешавӣ ва ғайраҳо. Охир ин давлат Сарқонун (Конститутсия) дорад ва дар он як ҷумлаи хеле серистеъмол дар забони баъзе аз мансабдорон арзи вуҷуд дорад: «Давлати ҳуқуқбунёди дунявию демократӣ». Мансабдорони мо аз ду калимаи охир истифода мекунанд, аммо ҳанӯз ба «ҳуқуқбунёдаш» ниёз надоранд. Умедворем, ки дар соли 2010 ба калимаи ҳуқуқбунёд зиёдтар таваҷҷӯҳ менамоянд. Бо умед бар Худо!

Т. БОБОЕВ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Оставьте комментарий