Главная > Uncategorized > Се ҳикмати пинҳон

Се ҳикмати пинҳон

Зиндагӣ, марг ва умед хикматҳои пинҳони офаранишанд. Дар миёни ҳамаи махлуқоти дунё, шояд фақат фарзандони Одам метавонанд ба асрори ин се ҳикмати пинҳони Худованд даст пайдо кунанд!
Худованд пас аз тааммуқ ва тафаккур дар садади хилқати Одам буд.
Фариштаҳо арз карданд:
— Эй Худованд! Ин ҳама фарзандони Одам наметавонанд дар рӯи дунё бигунҷанд! Зиндагӣ, ки барояшон халқ мекунӣ, арзанда нест!
Худованд фармуд:
— Ман зиндагиро меофарам то беҳтарин офаридаамро озмоиш намоям. Барои ин ки зиндагӣ арзиш дошта бошад, дар баробараш ҳикмати пинҳони дигареро меофаринам, ки ҳамеша дар канори зиндагӣ хоҳад буд ва ҳеч гоҳ зиндагиро тарк нахоҳад кард ва низ ҳеҷ касро фиреб нахоҳад дод! Он ҳикмате аст, ки ҳамаи лаззатҳоро муқаддир месозад ва касе онро бишносад ҳамаи мусибатҳои дунё барояш осон хоҳад шуд. Он ҳикматест, ки зикраш ҳамаи қалбҳои огоҳро зиндатар мегардонад ва огоҳон барои истиқболаш омода хоҳанд шуд! Он ҳикматест, ки сарнавишти ҳамагон хоҳад шуд.
Фариштагон пурсиданд:
— Он фазилати зебову огоҳкунанда ва содиқтарин ёри фарзандони Одаманд, чист?
Фармуд:
— Марг!
Фариштаҳо арз карданд:
— Агар Марг офарида шуд, зиндагӣ барои фарзандон хушоянд нахоҳад шуд. Зиндагии якнавохт зиндагӣ нест. Марг худ нохушӣ бо чеҳраи зишт хоҳад шуд ва одамон дар баробараш нотавон хоҳанд шуд ва Маргро нафрин хоҳанд кард.
Худованд фармуд:
— Ман ҳикмати дигареро дар баробари Марг меофаринам, ки ширинтар ва пурасрортар аз ҳикматҳои қаблӣ хоҳад буд. Он фазилате аст, ки одамонро нирӯманду оянданигар хоҳад кард. Ин фазилатест, ки Зиндагӣ ва Маргро бо тамоми сахтиҳояш барои инсон зеботару бошукӯҳтар хоҳад кард. Он фазилатест, ки Зиндагӣ ва Маргро маънӣ мебахшад, одамонро дар баробари шикастҳо устувортару бебоктар хоҳад намуд. Он ҳикмати зиндасозу оянданигари Зиндагиву Марг аст.
Фариштагон пурсиданд:
— Он ҳикмате, ки фарзандони Одамро дар зиндагӣ оянданигару устувор мегардонад, чист?
Фармуд:
— Умед! Ва изофа намуд:
— Умед — мояи тадовуми Зиндагист, ки дар қалбҳои инсонҳо қарор хоҳам дод то Маргро нафрин накунанд!
Ва боз фармуд:
— Шумо агар хоҳед арзиши офаридаи Маро дарк кунед ва асрори ин се ҳикматро бидонед, вале нахоҳед ёфт ва нахоҳед донист, чун калиди ин ҳама асрор дар ниҳонгоҳи қалби Инсон ниҳодаам. Инсон садафи асрори рабубият ва хазинаи ҷавоҳири малакут аст. Фарзандони Ҳазрати Одам, тоҷи сари ҳақиқат ва ҷону рӯҳи ин офарнишанд. Дар вуҷуди ворисони Одам қалби дунё хоҳад ларзид!
***
Фариштагон шоҳиди офаридаи ҷадиди Худованд шуданд. Дар рӯ ба рӯи онон беҳтарин махлуқ ва тоҷи сари ҳақиқату дунё истод. Худованд амр кард то фариштагон саҷда ба Ҳазрати Одам биёваранд!

ЛУҚМОН

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Оставьте комментарий