Архив

Archive for 11 сентября, 2010

Рӯза ва назариёти донишмандони шарқу ғарб

11 сентября, 2010 Оставьте комментарий

Охираш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта

Дастгоҳ ва  мотори бадан, ки бемор ва иллатнок аст, аз кор меафтад ва ҳам шуморо ба ҳалокат мекашонад.

Биёед онро муддате вогузоред, то истироҳат кунад ва бар он сахт нагиред, то аз ин мушкилот раҳоӣ ёбед.

Доктор «Калуғ» низ дар бораи камхунӣ ва сил мегӯяд: Муолиҷаи камхунии маъмулӣ, сифлис, молориё, касофат ва чарби риҳ, думалҳои (пучак, шабушак) бисёр бад, ки ба василаи тарки ғизо ва тарки хӯрокҳои гӯштдор мумкин мешавад. Тавзеҳоти машруҳи доктор «Калуғ»-ро дар китоби «Рӯза: равиши навин барои дармони бемориҳо» (с. 180) мутолиа фармоед.

Ин бемориҳо бо имсок дармон мешаванд

Доктор Алексей Суфурин дар китоби худ менависад: Дармон аз тариқи рӯза фоидаи махсусе дар бемориҳои камхунӣ, заъфи рӯдаҳо, илтиҳоби басит ва музмин, думалҳои (пучак, шабушак) хориҷӣ ва дохилӣ, сил, исклироз, римотизм, нақрис, истиқоъ, нуростанӣ, арақуннисо, хароз (рехтагии пӯст), бемориҳои чашм, бемории қанд, бемориҳои пӯст, бемориҳои кулияҳ (гурда), кабид (ҷигар) ва бемориҳои дигар дорад.

Муолиҷа аз тариқи имсок ихтисос ба бемориҳои фавқ надорад, балки бемориҳое, ки марбут ба усули ҷисми инсон аст ва бо сулулҳои асосии ҷисм омехта шуда, ҳаммонанди саратон, сифлис, сил ва тоъунро низ шифо мебахшад.

Рӯза беҳтарин роҳи решакан кардани саратон

Доктор Алексей мегӯяд: Доктор «Калуғ», ки яке аз пизишкони машҳури Амрикои Шимолӣ аст, дар китоби маъруфи худ «Доиратул-маориф марбут ба хӯрокиҳо» мегӯяд: Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Макони «фоҳишаю даллаҳо» таркид

11 сентября, 2010 Оставьте комментарий

Ҳодисае, ки аксаран онро амали терористона ва қисми дигаре як амали  авбошонаи дар байни ҷавонон ба вуқӯъ пайваста арзёбӣ мекунанд ин таркиши шаби 5-уми сентябр дар дискоклуби маҳаллаи «Дӯстӣ»-и пойтахт ба амал омада мебошад. То ҳол сабабгори ин ҳодиса маълум нашудааст, вале Кумитаи амнияти миллӣ ин ҳодисаро амали террористона арзёбӣ кардааст. Аммо намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, инфиҷор дар натиҷаи беэҳтиётӣ бо воситаҳои пиротехникӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Дар натиҷаи таркиши як бомбаи худсохт 7 нафар захмӣ шудаанд, ки вазъи 2 тани онҳо вазнин  унвон мешавад. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized