Главная > Акаи Ҷалил > Занаки ришдор

Занаки ришдор

Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта

Худтон одамҳора медонед, ҳар кас аз рӯйи хуву хавосаш ҳар хел метарсидаст. Баъзеша занша мебаранд, чашмаш наме­парад, лекин агар бигӯянд, ки аз вазифа меравӣ, рангу рӯш мепарад, дасту пош суст мешавад, дилаш аз кор мемонаду дигар ку тобуте, ки бор куниву бариш ягон тараф. Баъзеи дигараш аз овози занаку хуфаи кӯдак метарсад… Ҳамин Махсум-уруси гуф­тагимона атаи раҳматиш ҳар боре, ки шабҳо ҳоҷатхона мерафт, зани бечораш аз дасташ қапида, мебурду меовардаш.

Хайр, инхелиҳош бисёр. Худмона кам­тар ғайбат бикунем, ки гуноҳҳомон камтар шавад. Бача будам, намедонам панҷсола ё шашсола. Дар деҳа як занак буд. Гулпарӣ ном дошт, сару фукаш сахт печондагӣ, чаш­мош метофту биниш. Занаки бад набуд, баъзан хонаи мо ҳам меомад. Хонаи худаш дар лаби деҳа, бо як сари қоқаш зиндагӣ мекард.Нақл мекарданд, ки кадом соле Амонул­ло гуфтанӣ як мардаки безан ким-чӣ хел ва­зифае гирифта, меояд ба деҳаи мо. Ҳамин занака мебинаду мешавад ошиқи шайдо. Ин тараф меравад, он тараф медавад, авсақол мекобад. Ин занак он вақт ҳам ҳамин хел, сару фук печондагиву лекин ҷавон будаст, хубии хушрӯгиву духтарикатагиш. Меган аспхару зангир девона аст. Мардак меби­над, ки намешавад, ба ҳар баҳона хонаи занак рафтуомад мекунад. Лекин чӣ гап шуду чӣ кор — ҳич кас намедонад. Мардак кор-пора партофту рафт аз деҳа, беному нишон шуд…

Хулоса, як рӯз хато накунам, пеш аз иди Қурбон буд, раҳматии очам гуфт, ки аз хонаи Гулпарӣ сипанд биёр. Рафтам. Да­ромадам дар ҳавлиш. Дари аловхонаш ку­шода, пушти занак тарафи дар буду хамир мекард. «Холаи Гулпарӣ» гуфта будам, ки тарафам гашта нигоҳ кард. Ҳарвақта ворӣ сару фукаш печондагӣ набуд. Дидамашу талхакаф шудам. Кӯдак-да, дидагӣ не. За­нак риш дошт, риши калони сип-сиёҳ. Ин хел риша дигар дар умри сарам надидам. Чапасар гаштаму давидам чуғуккарда. То хона давидам беист. Очам дид ранги канда­гиву чашмҳои пури обу ларзаи танама, хиёл кард, ки ягон саг сурам кардаст. Кафи даст­та билес гуфт. Баъд оби хунук овард. Лекин ҳарчанд пурсид, ягон чиз нагуфтам. Очаи бечорам худаш ҳамаи корҳоша монду рафта сипанда овард.

Ана ҳамон вақт тарс дар вуҷудам сахт кора кард. Ҳозир ҳам баъзе шабҳо дар хо­бам дарояд, як қад парида мехезам. Мана, тарси ягонаи акатон дар ин зиндагии дупу­ла ҳамин буд.

Ба ҳамин наздикӣ дар як район меҳмон шудам. Ман ҳамин ҳодисара нақл кардам. Кадоме аз ҳамон шиштагиҳо гуфт, ки дар ҳамин район кадом занаки ришдоре бо афти хунукаш дар кадом вазифае, ё дар аппарати раиспалком ё маориф кор мекардасту боз аз ҳамон авлод набошад. Ман гуфтам, ки аз он занаки ришдори ман мегуфтагӣ фақат бача таваллуд шудагӣ…

Ана акнун баргардем сари қиссаи он мар­даки ҷӯраи мо, ки дар вақташ ба ин занак ошиқи шайдо шуда буду Маҷнуни достонӣ дастобрезаш.

Калонтар шудаму дар бораи он Амонул­лои ошиқ гаҳу нимгаҳ баъзе гапҳора мешу­навидам, лекин ҳамин сирри ошиқии зор­мондашаву партофта рафтанша ягон кас намедонист. Як рӯз шиштаму фикр кардам — фикр кардаму ба худам гуфтам, ки саба­би гурехта рафтани Амонулло бояд ҳамин риши занак бошад.

Давраи ҷӯшу хурӯши бадану гармии хун буд. Хестаму суроғ ба суроғ рафтам район кофтанӣ, таку дараки бисёр кардам. Ахири ахирон ёфтамаш. Чанд соли ахир дар як деҳаи аз маркази район чет тоқаву танҳо зиндагӣ мекардаст. Даракша ёфтам, ки кам-кам саду нимсад ҳам мекунад. Як ҷӯраи нағз доштам дар маркази район, Зариф ном дошт. Сад грамм арақ ки мешуд, аз ӯ дида улфати хуб намеёфтӣ. ӯро гирифтаму чанд шишаву боз як халта меваву чева. Задаву хеста рафтем ҳамон деҳа дар суроғи акаи Амонулло.

Рафтем, ёфтемаш, хонаш дар сараки раҳ будаст. Сину солаш рафтагӣ, лоғар, ришу бурут давидагӣ, аспе, ки аз ҷав мемонаду аз даву пар, пучалаву саркашол — ҳамон хел. Ҳаққатан ҳам гӯсфанди торазада ворӣ тоқаву танҳо зиндагӣ мекардаст.

Шинос шудем, шиштему майда кардем. Арақи бачаҳалок дар ҳамин хел ҳолатҳо ҳай чизи хуб аст-да! Кафшери дилҳош меган — рост аст, ки рост! Гапа хоидему ғачидему бурдему бурдем — чӣ хеле муш таги зимина кофтаву раҳ карда, меравад то даруни ан­бор — мо ҳам оқибат омадем сари ҷавониҳову ошиқиҳои ӯ бо он соҳибҷамоли хушриши мо.

Як вақт бинам мардаки сарсафед фиқ-фиқ гиря дорад.

— Додарҳои ҷон,- мега ӯ,- ин Гулпарии ришакии шумо зиндагии мара вайрон кард, тақдирам сиёҳ шуд. Раҳмат ки ёдубудмон кардеду омадед дар ҳамин роҳи дароз. Қулуғи бисёр пештон.

Баъд кунд-кунд ҳамаи саргузаштша нақл кард.

Қисса кӯтоҳ, ҳамон вақт Амонуллои зан­гир рӯйи натан нияти гирифтани Гулпарира мекунаду медавад чор тараф. Хайр, одами нав, дар деҳа ҳамара намедонад. Баъд касе маслиҳаташ медиҳад, ки хубаш бо худи дух­тар гап зан, як бало карда дилша ёб. Амо­нуллои ҷӯраи мо ба ҳар баҳона меравад хонаи Гулпарӣ. ӯбиёву бишинаш мекунад. Оқибат дилша мекафонад, мега, ки чӣ гап асту чӣ ният. Гулпарӣ бошад, худша қафо мекашад, намешавад мега. Лекин муноси­баташ, лабу лаҳҷа, биёву бишину бологузар карданаш нағз.

Як рӯзи дигар ҳама фикру нията як кар­да, Амонуллои мо ба Гулпарӣ наздик ме­шавад. Хайр, худтон медонед, бачазанаки тоқа, дар хона одами дигар нест. Хулоса, зангир аз дасти арӯс меқапад, ҷафс мешава­ду дудаста қучоқаш мекунад. Гулпарӣ «не-не» дораду дилу вуҷуди зормондаи зангир дар қураи алов. Баъд латаи сари Гулпарира мекашаду мепартояду нулша медавонад, ки дар ҳамин гармогармиш як мачаки обдор бигирад. Э додарҳои ҷон, вақте риши зана­ка мебинад, ҳанг-пангаш меканад. Ақлаш кунд, худаш шох мешавад. Баъд дар сараш як фикр мезанад, ки мумкин занак барои дилхунук кардани ӯ риш часпондаст. Дар­рав риша меқападу мезанад силтав. Ҷиғғаси занак ба фалак мепечад. Дар сари зангир барқ ворӣ мезанад, ки Гулпарӣ ки ном до­рад, мумкин парии ростина бошад. Худтон медонед-ку, мардуми мора аз гаҳвора сар карда, калонтарҳошон аз деву париву ҷуку ҷондору ҷину аҷинаву булуку мулук чунон тарсонданешон мекунанд, ки ҳамин тарс қатӣ то ба гӯр мераванд, мумкин дар ҳамон гӯр ҳам аз тарса мунҷур мезананд. Хулоса, зангир ҷонша гирифта мегурезад аз хона. Ҳамон гурехтагиш дигар касе ӯра дар деҳа намебинад. Лекин бо ин аз риш халос на­шуд.

Дигар куҷое ки намерафт, чӣ дар хобу чӣ бедорӣ доим риши Гулпарӣ дар пеши рӯш буд. Хешу табор ҷамъу гирд карда, чанд бор занаш доданд. Ду-се ҳафта зиндагӣ меку­наду зана сар медиҳад. Кадомеша, ки ме­гирад, хиёл мекунад, ки ҳамон ришдор аст. Оқибат ҳама ба ҷон расид, хешу таборҳо аз пушти зангирии Амонулло чандин душма­ни дигар пайдо карданд, лекин ӯ мегираду ҷудо мешавад, мегираду сар медиҳад. Хешу табораш диданд намешавад, ӯро гузоштанд ба ҳоли худаш. Чанд сол пеш кӯчида ба ин деҳаи канора омадаст, ки дигар ягон кас ғамаш надиҳаду дар ҳамин мавзӯъ гап наза­над. Лекин аз дигарҳо ҳам гурезӣ, аз худат гурехта наметонӣ-ку!

Қатии акаи Амонулло ҷӯраи зӯр шудем. Кайе ки вақт меёфтам, ҳамон Зарифи до­хундама мегирифтаму мерафтем пеши ӯ. Дигар кормон чақ-чақ буду пақ-пақ. Баъд як рӯз акаи Амонулло гуфт, ки Ҷалилҷон, ту аз ман зӯртар будаӣ. Ман ки мардаки калон бу­дам, аз тарси риши Гулпарӣ то ҳозир ларзи­да мегардам. Ту бо ҳамин кӯдакит бардошт кардӣ. Ман дигар сир бой надодам.

Гулпарӣ бо ҳамон ҳолу аҳволаш, бо ҳамон сару фуки бастагишу сари қоқаш дар деҳаи мо зиндагии якранг дошт. Як рӯзи ди­гар фикри бисёр кардаму рафтам пеши За­риф. Хариди бисёр кардему рафтем хонаи акаи Амонулло. ӯбисёр нағз пешвозамон гирифт. Шиштему майда кардаву чақ-чақ карда. Дидам, ки кайфи акаи Амонулло дар ҷош аст, сари мақсад омадам. Гуфтам, ки калонтарҳомон мегуфтанд “дар бало бош, беҳ аз бими бало”. Риш доштани зана­ка ғайри худат ҳич кас намедонад. Бигиру биёраш ҳамин ҷо. Риши ӯ тура намехӯрад-ку. Маъракагузарониш тани мо. Мардак як фикр карду баъд қаҳ-қаҳ зада хандид, чак дод, гуфт «майлаш». Баъди як моҳ арӯса гирифта овард, як сол гузашта буд ё не ки кӯдакдор шуданд.

Лекин дар пеши шумо мегӯм, ки додарҳои ҷон, Худо худаш шоҳид, акаи Ҷалилтон аз миёни тамоми ҷумлаи одамӣ фақат аз ҳамон занаки ришдор тарсидааст. Дигар ҳамаи Адолфи фашисту мансабдору бемансаби худмон барои акатон ҳич чӣ. Вақте ҳамин носкадуи ҷононара дар вехи гӯшам қапида, ба як ангуштам оҳиста тиқ-тиқ мезанаму камтар меликонам, баъд пӯпакчаи хушрӯра аз даҳонаш, чӣ хеле аз лабҳои ҷонона бӯса мегирӣ, канда, носкаду дар дасти ростаму дар кафи дасти чапам як кашиданӣ носа мерезаму баъд рӯ тарафи осмон мекунаму он неъмати ҷонбахша таги забон мепартом, баъди ин ки дар чеҳрам табассуми маҳине мавҷ медиҳаду бо дасти рост ба навбат нӯги бурута баҳавсала тоб медиҳам, гумон меку­нам, ки тамоми олам дар зери ҳамин бурути ман тов мехӯрад. Аз ин дигар болотар бахту саодат мешавад? Акатон мега, ки Неъ! Неъ! Неъ!!!

 

Рубрики:Акаи Ҷалил
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Оставьте комментарий