Архив

Archive for 13 марта, 2011

Чаро матбуот оинаи зиндагӣ нест?

11-уми март ба таъсиси аввалин рӯзномаи тоҷикӣ дар қаламрави собиқ Аморати Бухоро — «Бухо­рои шариф» 99 сол мешавад. Ҳамин аст, ки 11 март дар Тоҷикистон чун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад. Рӯзномаи «Бухорои шариф» соли 1912 ба ҳайси як нашрияи хусусӣ ба вуҷуд омада, тӯли 10 моҳи чопаш барои дигар­гунсозии тафаккури хонандагонаш саҳми зиёде гузоштааст. Рӯзномаи «Бу­хорои шариф» бо ибтикори зиёиёни замон Мирзо Муҳиддину Мирзо Сироҷ ва кӯмаки молиявии мудири чопхонаи Когон О. Левӣ таъсис ёфт. Тоҷири яҳудӣ О. Левӣ ношири рӯзнома буд. Вале ӯ моҳи августи соли 1913 бинобар даромади кам овардани рӯзнома аз ноширӣ даст кашид ва ҷавонбухориён бо роҳбарии Мирзо Муҳиддин чопи «Бухорои шариф»-ро худ идома доданд. Мутаассифона, ин иқдом дер давом накард. Нашрияи мазкур, ки таҳти назорати сафорати Русия дар Бухоро ба табъ мерасид, бинобар ба сиёсат гаравиданаш пас аз чопи 153 шумора 2 январи соли 1913 баста шуд. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized