Архив

Archive for 12 апреля, 2010

Айби ош ё мош?

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ дар бораи фароҳам сохтани шароити хуби таълим дар макотибу донишгоҳҳои кишвар таъкид мекунад ва ба масъулини соҳаи маориф дастур медиҳад. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки дастурҳои Президент то куҷо амалӣ мешаванд?
Баҳри омӯзишу таҳқиқи мавзӯи пешгузошта ба хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидови ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон рафтам. Бо шарту шароити мактаби миёнаи №18-и ин хоҷагӣ аз наздик ошно шудам. Баъди мушоҳидаҳо маълум гардид, ки мактаби номбурда дар ҳолати костагии меъморӣ қарор дорад. Барои пурра фаҳмидани омилҳо бо директори мактаби мазкур Зоҳир Қурбонов ҳамсӯҳбат шудам. ӯ андешаашро чунин иброз намуд: «Баъд аз зилзилае, ки соли 2003 рух дод, мактаб хароб шудан гирифт. Оид ба ин масъала чанд маротиба муроҷиат кардем, лекин ягон садое несту чорае андешида нашудааст. Шахсан худам чанд маротиба дар ҷустуҷӯи тарҳи сохтмони ин бино ба маркази вилоят муроҷиат намудам, аммо кор бенатиҷа анҷом ёфт. Аслан барои мактаби мо таъмири меъморӣ муҳим нест. Таъмири косметикӣ кунем, бас аст. Охир, дар ин мактаби сеқабата зиёда аз 1500 нафар талаба таҳсил мекунанд. Аз ҳамин хотир, бояд ҳар сол онро лоақал таъмири косметикӣ кунем».
Сарвари мактаб дар бораи таъмири косметикӣ ҳарф мезанаду ҳолатҳои фавқулодда ҳатто дар гӯшаи хаёлаш нест. Шояд айб дар ӯ ҳам набошад. Шояд аз раёсати маорифи вилояти Хатлон фармон гирифта бошад, ки «таъмири косметикӣ мекунию халос!». Аз ин нуқтаи назар, барои масъулини ин мактаб адад дар мадди аввал будааст, на сифат.
Дар ҳоле, ки яке аз сохтмончиёни ин мактаб Ҳасан Бобоназаров мегӯяд: «Бинои мактаби №18 дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ тарҳрезӣ шуда буд. Дар солҳои 1997-98 вақте, ки моро барои таъмири тарҳи берунаи он даъват карданд, костагияш тахминан 15-17 сантиметр муайян буд. Дар ин ҷо айб на аз мосту на аз сардори сохтмони мо! Ҳамон муҳандисе, ки биноро тарҳрезӣ намудааст, бояд бехатариву дар ҳолатҳои фавқулодда ҳам тобовар буданашро кафолат медод».
Суханони Ҳ. Бобоназаровро устоди ҳамин мактаб Маҳмадшариф Солиҳов тақвият дода, чунин гуфт: «Дар мавриди костагии меъморӣ пайдо намудани мактаб гуфтаниям, ки дар бурҷҳои ҳамаи иншоот каучук мегузоранд, то ки он иморатро аз зилзила эмин дорад. Аслан банда мутахассиси ин соҳа ки нестам, чизи дигаре гуфта наметавонам».
Умуман, ҳамаи он нафароне, ки дар ин масъала ибрози назар намуданд, то андозае худро канора мекашиданд. Гӯё мушкилоти як мактаб мушкили онҳову фарзандони онҳо набошад. Ё худро аз масъулият дур андохтанӣ мешуданд. Намедонам айб дар ош бошад, ё дар мош!? Инро танҳо масъулини вилояти Хатлон медонанд.

Умедҷон НАЗАРОВ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized

Пайкон №14 (56)

Рубрики:Uncategorized

Қонуни прокуратура

Ба таваҷҷӯҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ

Чанде пеш дар бемористоне бистарӣ будам. Дар ҳуҷрае, ки ман қарор доштам, як нафар корманди мақомоти прокуратура низ табобат мегирифт. Азбаски дар беморхона вақти холӣ бисёр аст, кас мехоҳад барои рӯзро кӯр кардан ба ин ё он амале иштиғол варзад. Яке магнитофон гӯш мекарду дигаре қарта бозӣ мекард, саввумӣ ба мутолиаи маводи хондание машғул мешуд.
Ба он корманди прокуратура таваҷҷӯҳ додам, ки бештар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мехонд ва посухаш ба суолам он буд, ки алъон роҳбарияти Прокуратураи генералӣ нав шудаасту тақозо дорад, ки ҳама бояд аз аттестатсия гузаранд, аз ин рӯ омодагӣ дидан зарур аст. Банда низ аз он сабаб, ки ҳуқуқшинос ҳастам, Қонуни конститутсионии мазкурро дар лаҳзаи холӣ аз дӯсти прокурорам гирифта, мутолиа кардам. Натиҷа он шуд, ки тасмим гирифтам эродҳои хешро доир ба нуқсҳое, ки дар Қонуни конститутсионии мазкур мавҷуданд, доир ба саҳву иштибоҳоте, ки дар он ҷой доранд, иброз дорам.
Нахуст дар бобати ибораи «Қонуни конститутсионии мазкур», ки 10 маротиба дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр ёфтааст. Ибораи номбурда тарҷумаи ибораи русии «настоящий Конституционный закон» мебошад. Ба андешаи мо, «Қонуни конститутсионии мазкур», «Қонуни мазкур» ва ё «Кодекси мазкур» гуфтан чандон қобили қабул нест. Шояд мақомоти қонунгузор ва ашхосе, ки қонунро таҳия намудаанд, ба қисми шашуми моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» иттико бикунанд, ки дар он зикр ёфтааст: «Ба санади меъёрии ҳуқуқӣ ё худ ба қисми таркибии он дар ҳамин санади меъёрии ҳуқуқӣ танҳо бо истифодаи калимаҳои «мазкур» ва ё «ҳамин» истинод карда мешавад».
Вале манзури мо дигар аст. Мо вақте истилоҳ ва ё вожаеро истифода мекунем, бояд ба маънову мантиқи он аҳамият диҳем. Борҳо мушоҳида кардаам, ки дар қонунҳои солҳои пеш, алалхусус даврони Шӯравӣ қабулшуда дар ин маврид ибораҳои «ҳамин қонун» ва ё «ҳамин Кодекс» навишта шудаанд. Имрӯз бошад, мо ба чунин нозукиҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намекунем, умқан назар намеафканем. Биёед ба маънои луғавии калимаи «мазкур» рӯ меоварем. Дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (с. 2008, ҷилди 1, саҳифаи 742) калимаи «мазкур» ба маънои зикршуда, гуфташуда (пеш аз ин), номбаршуда (дар боло) шарҳу эзоҳ шудааст. Аз ин бармеояд, ки ибораи «Қонуни мазкур» ва ё «Кодекси мазкур»-ро дар мақола, маърӯза, қарор ва ё ягон санади дигар дар мавриде, ки баъди як маротиба дар шакли пурра навиштан номи қонун боз такрор меёбад, зикр намудан ҷоиз аст. Вале дар дохили матни ҳамон Қонун ва ё Кодекс «Қонуни мазкур» ва ё «Кодекси мазкур» гуфтан дар ягон чорчӯбаи мантиқ намеғунҷад. Чӣ хел матни худи ҳамон Қонун ва ё Кодекс ҷараён дораду мо Қонун ва ё Кодекси дар боло номбаршуда ё худ пеш аз ин зикршуда навиштанро ҷоиз мешуморем. Ку мантиқ?!
Бар тақвияти ин гуфтаҳо муқаддимаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар он омадааст: «Мо, халқи Тоҷикистон, … ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем» ва ё муқаддимаи Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро, ки мафҳуми «ин Эъломияи умумии ҳуқуқи башар»-ро корбаст кардааст, метавон ба ҳайси далел манзур сохт. Аз ин рӯ, дар қонунҳо низ бояд шакли «ҳамин Қонуни конститутсионӣ», «ҳамин Қонун», «ҳамин Кодекс», «ин Қонуни конститутсионӣ», «ин Қонун», «ин Кодекс» истифода гарданд.
Дар сархати дуюми қисми якуми моддаи 5 Қонуни конститутсионии мазкур «назорат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардидаанд, аз тарафи ҳамаи сохторҳо ва шахсони мансабдоре, ки дар сархати якуми ин модда зикр шудаанд» ҳамчун яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура эътироф шудааст. Дар ин сархат он нукта, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ эътироф гардидаанд, маънӣ аз моддаи 5 Конститутсияи Тоҷикистон бардошта шуда, бемавқеъ баён гаштааст, зеро аз мантиқи модда чунин фаҳмида мешавад, ки гап сари самтҳои асосии фаъолияти прокуратура рафта истодааст ва ба шарҳу тавзеҳи он, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ мебошанд, ҳеҷ зарурате нест.
Хеле хуб мешуд, агар дар Қонуни конститутсионии мазкур мо ба ҷойи калимаҳои «назорат ба …», «назорат аз рӯи …» калимаи «назорати»-ро истифода мебурдем. Ин ҷиҳатро бо моддаи 93 Конститутсияи Тоҷикистон метавон қувват бахшид, ки дар он омадааст: «Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Тоҷикистон Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд».
Банда ибораи «ҳайати мушовара»-ро, ки дар моддаи 22 Қонуни конститутсионии мазкур ба сифати мақоми машваратии мақомоти прокуратура шинохта шудааст, қабул надорам. Он муодили калимаи русии «коллегия» буда, тарҷумаи он беҳунарона сурат гирифтааст.
Ба андешаи мо, калимаи «коллегия» бигзор моли дигар забон аст, вале хеле шинаму зебо мебошад ва чун калимаи иқтибосӣ метавон мавриди истифода қарор дод. Зарурате нест, ки мо зӯрану иҷборан вожаеро, ки на тор дораду на пуд, эҷод созем. Дар гуфтугӯи кормандони мақомоти давлатӣ калимаи «коллегия»хеле зиёд садо медиҳад. Назари мо ба ҳар як чиз бояд воқеъбинона бошад. Чун он калима мустаъмал аст ва вирди забонҳост, мо бояд қабул дорем ва корбаст кунем.
Зиёда аз ин, қоидаи маъмули вожасозӣ вуҷуд дорад, ки он ҳар қадар кӯтоҳу мӯъҷаз бошад, ҳамон қадар ба табъ мувофиқ ва талаффузаш осон аст. Аз ин ҷиҳат, калимаи коллегия авлавият дорад. Бар замми ин, дар сурате ки дар моддаҳои 9, 39, 42 Қонуни конститутсионии мазбур таъбирҳои «мақомоти коллегиалӣ» ва «коллегияи судӣ»-ро истифода бурдаанд, магар аз калимаи «коллегия» иҷтиноб варзидан маъние дорад?
Боз рӯ меоварем ба матни Қонуни конститутсионии мазкур, ки дар истифодаи калимаи коллегия чӣ хатоҳо рӯи кор омадаанд. Чунончи, дар матни русии моддаҳои 19, 22, 59 калимаҳои русии «персональный состав коллегии», «состав коллегии» бо забони тоҷикӣ мувофиқан «ҳайати шахсии мушовара», «ҳайати шахсии мушовара» тарҷума шудаанд. Чӣ хеле ки маълум аст, калимаи русии «состав» бо тоҷикӣ «ҳайат» мебошад ва дар ин ҷо қонунгузор барои он ки калимаҳои «ҳайати ҳайати мушовара», яъне калимаи «ҳайати»-ро ду маротиба пайи ҳам наоварад, яке аз онро фурӯгузошт кардааст, ки дар натиҷа чунин хулоса бароварда мешавад, ки ба вожаи «коллегия» истилоҳи «мушовара» мусовӣ дониста шудааст. Пас, куҷост мантиқ?
Дар номи моддаи 28 Қонуни конститутсионӣ «Амри прокурор» навишта шуда, дар матни моддаи мазкур ибораи «амри хаттӣ» сабт шудааст. Суоле ба миён меояд, ки магар ҳамчун санади таассури прокурорӣ оё амри шифоҳии прокурор низ вуҷуд дорад? Агар мавҷуд набошад, пас чӣ зарурате ба он, ки амри хаттӣ гӯем? Магар дигар намуди чораҳои таъсиррасонии прокурорӣ — пешниҳод, эътироз, қарор дар шакли хаттӣ ироа намегарданд? Аз ин рӯ, калимаи «хаттӣ»-ро хориҷ кардан ба мақсад мувофиқтар аст.
Дар моддаи 30 Қонуни конститутсионии мазбур «кофтукови далелҳо оид ба парвандаи ҷиноятӣ» чун яке аз матолиби назорати прокурорӣ ба иҷрои қонунҳо аз тарафи мақомоте, ки фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, таҳқиқу тафтиши пешакиро ба амал мебароранд, шинохта шудааст. Агар ба матни русии қонун назар афканем, чунин бармеояд, ки калимаи «выявление» ба тоҷикӣ «кофтуков» тарҷума шудааст, ҳол он ки, бояд «ошкорсозӣ» мебуд. Гузашта аз ин, ҳам аз нигоҳи мантиқ ва ҳам аз нигоҳи ҳуқуқӣ ин ду мафҳуми зикршуда байни ҳам тафовут доранд. «Кофтуков» як навъ ҳаракати тафтишотӣ мебошад ва далелҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ бошанд, танҳо бо ҳамин тариқ ҷамъ оварда нашуда, бо баёноти ашхоси марбута, хулосаи коршиносон, дарёфти далелҳои шайъӣ, протоколҳои ҳаракатҳои тафтишотӣ ва соири ҳуҷҷатҳо ошкор сохта ва ё муқаррар карда мешаванд. Аз ин хотир, «ошкорсозии далелҳо оид ба парвандаи ҷиноятӣ» гуфтан дуруст ва мақбултар аст.
Мақоми мурофиавии прокурор, ки моддаи 37 Қонуни конститутсионии фавқуззикр ишора ба он мекунад, тааҷҷубовар аст. Бо қабули Кодекси нави мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи прокурор коҳиш ёфта, ҳуқуқҳои прокурор то андозае маҳдуд карда шудаанд. Имрӯз агар прокурор ва муовини ӯ вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ, сарфи назар аз иштирокашон дар баррасии парванда дар суди зинаи якум, ҳуқуқи эътироз кардан дошта бошанд ҳам, вале дар иртиботи парвандаҳои гражданӣ ва иқтисодӣ ин ҳуқуқро аз даст додаанд. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро қонуни мурофиавии гражданӣ аз ҷиҳати шакл ва мазмун мутағаййир шуда, дар фазои қонунгузорӣ халое эҷод гаштааст?
Қобили зикр аст, ки ҳам парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳам парвандаҳои гражданӣ ё иқтисодӣ дар мурофиаи судӣ баррасӣ карда мешаванд. Агар дар моҳиятан баррасӣ кардани парвандаҳои ҷиноятӣ масъалаи гунаҳгории шахси содиркардаи ҷиноят дида баромада шавад, ҳангоми баррасии парвандаҳои гражданӣ ва иқтисодӣ асосан баҳсҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба муносибатҳои гражданию иқтисодӣ дахл доранд, арзёбӣ мегарданд. Аз муқаррароти меъёрҳои қонун бармеояд, ки прокурор дар ҳар яке аз мурофиаҳои судӣ ҳамчун тараф иштирок мекунад. Вале гап сари он аст, ки прокурор ҳамчун тараф на даъвогар асту на ҷавобгар. ӯ дар мурофиаи ҷиноятӣ айби дар мавриди гунаҳгории инсон барои содиркунии ҷиноят эълоншударо тақвият дода, дар мурофиаи гражданӣ ва ё иқтисодӣ перомуни масоили мабҳас дар чаҳорчӯбаи қонун хулосаи хешро иброз медорад, ё худ дар сурати пешниҳоди даъво ба манфиати давлат, ҷомеа ва шаҳрванд, аз он пуштибонӣ мекунад ва ё даст мекашад.
Кас дар ҳайрат мемонад, ки қонунгузор ба кадом хотир мавқеи прокурор ва муовини ӯро дар мавриди баррасии парвандаҳои гражданӣ сарфи назар кардааст. Тасаввур кунед, ки ёрдамчии прокурори дар баррасии парванда иштироккунанда ҳақ дорад ба ҳалномаи суд эътироз намояду вале прокурор ва муовини прокурор, ки ёрдамчии прокурор дар тобеияти онҳо қарор дорад, ин гуна ҳуқуқ надоранд. Ва ин ҳам дар он суратест, ки моддаи 93 Конститутсияи Тоҷикистон назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро бевосита бар дӯши прокурор гузоштааст. Агар жарфтар назар афканем, прокурор ҳақ дорад иҷро ва риояи қонунро назорат барад, вале ҳақ надорад ба ҳалномаи суд, ки ӯ дар баррасии парванда иштирок накардааст, барои ғайриқонунӣ буданаш эътироз бикунад (манзур прокурор ва муовини прокурори шаҳру ноҳияҳост,- У.О.). Ҳол он ки, ҳалномаи суд дар сатҳи қонун қарор надошта, танҳо ва танҳо дар доираи муқаррароти қонун бояд бароварда шавад. Аз ин ҷо ба хулосае омадан мумкин аст, ки муқаррароти Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи мақому манзалати прокурор бар хилофи меъёрҳои Конститутсияи кишварамон аст.
Афзун аз ин, дар асоси тағйироту иловаҳое, ки 31.12.2008 ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шудааст, дар моддаи 37 вожаи нав — «шикоят»-и прокурор пайдо шудааст, ки аз мантиқ дур аст. Барои боз ҳам равшанӣ андохтан ба қисми дуюми моддаи 37 рӯ меоварем:
«Ёрдамчии прокурор, прокурори раёсат ва шӯъба метавонад фақат оид ба парвандае, ки дар баррасии он иштирок кардааст, эътироз ва шикоят оварад».
Дар ин ҷо мушаххас зикр нашудааст, ки баррасии кадом навъи парванда ва аз тарафи кӣ ва дар куҷо баррасӣ шудани парванда, ба кадом намуди санадҳо эътироз ва шикоят овардан, аз тарафи кӣ содир шудани он санадҳо дар назар аст. Агарчи бо назардошти моҳияти қисми якуми моддаи 37 ба хулосае омадан мумкин аст, ки манзур баррасии судии парвандаҳои гражданӣ ва иқтисодӣ ва эътирозу шикоят овардан ба ҳалнома, таъинот, фармон ва қарорҳои суд мебошад.
Аз муқаррароти моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» бармеояд, ки «шикоят»- муроҷиатест бо талаби барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ, ки аз амал, беамалӣ ё бо қарорҳои мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, инчунин шахсони мансабдор вайрон карда шудааст. Яъне, шикоят асосан махсусияти шаҳрванд аст ва набояд ба прокурор муносиб дониста шавад. Қаблан низ ҳамин хел тартибе роиҷ буд, ки прокурор ба санадҳои ғайриқонунии суд эътирози хусусӣ, эътирози кассатсионӣ ва эътирози назоратӣ меовард ва аз нигоҳи мо ин мавқеъ дурусттар буд. Вале афсӯс, ки қонунгузор назари дигаре дорад.
Қисми якуми моддаи 38 Қонуни конститутсионии мазкур нодуруст эҷод шуда, ҳамон вақт маъно пайдо мекунад, ки агар калимаҳои «қарорҳое, ки» ба калимаи «қарорҳо» иваз карда шаванд. Дар моддаи 45 бошад, калимаи «тавқифгоҳ» дар шакли нодуруст «тавфқифгоҳ» ва «тавфқивгоҳ» навишта шудааст, ки ислоҳсозии он айни муддаост.
Таассуфовар аст, ки вақтҳои охир ҳангоми таҳияи қавонин дар кор фармудани истилоҳҳои ҳуқуқӣ ба иштибоҳҳои дағал роҳ дода мешавад. Масалан, дар қонунгузории шӯравӣ калимаҳои русии «обыск» ба тоҷикӣ кофтуков ва «розыск» — ҷустуҷӯ тарҷума шуда буданд, яъне байни онҳо тафовут гузошта шуда буд. Имрӯз бошад, дар қонунгузории ҷорӣ, ҳатто Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳури Тоҷикистон, ки ба тозагӣ рӯи кор омад, ба калимаи русии «розыск» гоҳ «кофтуков» ва гоҳе дигар «ҷустуҷӯ» муодил дониста шудааст. Дар ҳамин радиф, ба мақсад мувофиқ мебуд, агар дар моддаи 47 Қонуни конститутсионии мазбур калимаи «кофтуков» ба калимаи «ҷустуҷӯ» иваз карда мешуд.
Агар дурусттар таваҷҷӯҳ намоем, дар моддаи 49 Қонуни конститутсионии номбурда ҷумлаҳо аз нигоҳи услуб ғалат баён шудаанд:
«Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҳамкории байналмилалӣ ҳуқуқи ваколатҳои пешбиникардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, дар ҳалли масъалаҳои зерин истифода мебарад:
— лоиҳаи барномаҳои байнидавлатии чорабиниҳоро дар мубориза бо ҷинояти муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди давлатҳои ҳамкорикунанда таҳия мекунад, дар иҷрои чунин барномаҳо ширкат меварзад;
— гузаронидани амалиёти муштарак ва бомувофиқаи тафтишотӣ ва дигар чорабиниҳоро оид ба тафтишот ва пешгирии ҷиноятҳо дар ҳудуди мамлакатҳои ҳамкорикунанда ташкил менамояд ё ба он ёрӣ мерасонад;
— кӯмаки бевоситаи ахборотӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва дигар ёрии пешбиникардаи қонун ё шартномаи байналмилалиро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатҳои ҳамкорикунанда барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳо, ҷустуҷӯи ҷинояткорон, иҷрои ҷазо ташкил менамояд ё амалӣ мегардонад;
— дар тайёр кардани кадрҳои мақомоти прокуратура ва гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд кӯмак мерасонад ва кӯмак мегирад;
— дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии прокурорҳо иштирок мекунад;
— доир ба лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ, инчунин дар бораи тағйиру иловаҳо ба шартномаҳои амалкунанда пешниҳодҳо таҳия менамояд;
— дигар ваколатҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, иҷро менамояд».
Аз ин рӯ, таҷдиди назар ва дар шакли зерин ифода намудани моддаи 49-ро зарур мешуморем:
«Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҳамкории байналмилалӣ ҳуқуқу ваколатҳои пешбиникардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, дар ҳалли масъалаҳои зерин истифода мебарад:
— таҳия кардани лоиҳаи барномаҳои байнидавлатии чорабиниҳо дар мубориза бо ҷинояти муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди давлатҳои ҳамкорикунанда, ширкат дар иҷрои чунин барномаҳо;
— ташкилу мусоидат намудан ба гузаронидани амалиёти муштарак ва бомувофиқаи тафтишотӣ ва дигар чорабиниҳо оид ба тафтишот ва пешгирии ҷиноятҳо дар ҳудуди мамлакатҳои ҳамкорикунанда;
— ташкил ва амалӣ гардонидани кӯмаки бевоситаи иттилоотӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва дигар ёрии пешбиникардаи қонун ё шартномаи байналмилалӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатҳои ҳамкорикунанда барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳо, ҷустуҷӯи ҷинояткорон ва иҷрои ҷазо;
— кӯмак расонидан ва кӯмак гирифтан дар тайёр кардани кадрҳои мақомоти прокуратура ва гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд;
— иштирок кардан дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии прокурорҳо;
— таҳия намудани пешниҳодҳо доир ба лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ, инчунин дар бораи тағйиру иловаҳо ба шартномаҳои амалкунанда;
— иҷро намудани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд».
Тибқи талаби моддаи 53 Қонуни конститутсионии мазкур «ба вазифаи прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурорҳои вилоятҳо, прокурори шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон шахсоне таъин карда мешаванд, ки синнашон аз 30 кам набошад ва дар мақомоти прокуратура камаш 10 сол собиқаи корӣ дошта бошанд, ки аз он 5 сол дар вазифаи прокурори ноҳия ё шаҳр кор карда бошанд».

Дар ин маврид дар қонуни қаблӣ, яъне Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 11-уми марти соли 1996 меъёри маҳдудият андаке гунаи дигар дошт, ки «… синнашон аз 30 камтар набошад ва дар мақомоти прокуратура камаш 10 сол собиқаи кор дошта, ё камаш 5 сол дар вазифаи прокурори ноҳия ё шаҳр кор карда бошанд».
Тазаккур мебояд, ки қонуни қаблӣ ба ҳар сурат одилона буд. Вале қонуни амалкунанда бо он ҷиҳат, ки шарт гузоштааст «агар 5 сол дар вазифаи прокурори ноҳия ё шаҳр кор карда бошанд», бе ягон шакку райб ниёзҳои иддае соҳибкасбонро бароварда нахоҳад кард. Эҳтимол меравад ин тарҳ аз тарафи ашхосе поярезӣ шуда, ки дар аснои таҳияи қонун маҳдудаи мазкурро убур карда буданд ва ба вазоифи номбурда талош меварзиданд. Чунин кор гирифтан бошад, муроқибатро суст карда, ба доираи муайяни ашхос имкони зиёда фароҳам меовард. Каминаро он тарҳ, ки 5 сол собиқаи кории прокурори ноҳия ё шаҳр дошта бошад, бо он ҷиҳат мақбул нест, ки ин шарт барои як зумра касоне ки дар воқеъ қобилиятноканд ва барои вазифаи прокурори вилоят таъин шудан арзандаанд, садде эҷод месозад. Дар ин шакле, ки қонун алъон раво медонад, барои мисол, сардорони шӯъбаи прокуратураи вилоят, муовинони прокурори вилоят, сардорони шӯъбаю раёсатҳои Прокуратураи генералӣ, ёрдамчиёни Прокурори генералӣ, муовинони Прокурори генералӣ ва ҳатто худи Прокурори генералӣ (агар ба вазифаи пасттар таъин кардани ӯ лозим дониста шавад) дар мавриде ки 5 сол собиқаи кории прокурори ноҳия ва ё шаҳр надошта бошанд, агарчи воқеан муносиб бошанд ҳам, ба вазифаҳои прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурори вилоят, прокурори шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон таъин шуданашон мумтанеъ аст.
Аз ин хотир, ба пиндошти мо агар муқаррароти дар боло зикрёфтаи моддаи 53 ба тариқи зайл ифода мегашт, мақбултар буд: «ба вазифаи прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурорҳои вилоятҳо, прокурори шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон шахсоне таъин карда мешаванд, ки синнашон аз 30 кам набошад ва дар мақомоти прокуратура камаш 10 сол собиқаи корӣ дошта бошанд, ки аз он 5 солро вазифаҳои роҳбарикунанда ташкил диҳад».
То 19.05.2009, яъне он замоне, ки ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироту иловаҳо ворид карда шуд, нисбат ба прокурор ва муфаттиши прокуратура танҳо Прокурори генералӣ ҳақ дошт, ки парвандаи ҷиноятӣ оғоз кунад. Чуноне коршиносон ҳадс мезананд, ба ин ҳақ даст надоштани дигар ашхоси мансабдори баландпоя барои прокуророн дахлнопазирии мутлақро эҳдо карда буд. Вале набояд ин тавр мебуд, зеро дахлнопазирии кулл имкон намедод мақомоте, ки алайҳи фасод мубориза мебаранд, вазифаҳои хешро ба таври комил иҷро намоянд. Аз ин ҷост, ки ба Қонуни конститутсионии мазкур тағйирот ворид карда шуда, аз он баъд ба директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳуқуқ дода шуд, ки оид ба ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои марбут ба андоз нисбат ба прокуророн парвандаи ҷиноятӣ оғоз намояд.
Ин тағйирот дар байни ҳуқуқшиносон, ба вижа кормандони прокуратура сару садоҳои зиёдеро баланд кард, ки гӯё ин иқдом амали нодурусте буд аз ҷониби мақоми қонунгузор. Вале ба пиндошти банда бо назардошти принсипи худнигаҳдорӣ ва муқовимат, ки аз аносири давлати ҳуқуқбунёду демократӣ аст, ин тағйироти ба қонун воридгашта воқеъбинона буд. Зеро дахлнопазирии мутлақ дар ҳар доира эҳтимолан метавонад ҳомили худкомагӣ, сӯйистифода аз мансаб ва фасод барин зуҳуроти манфӣ гардад. Аз ин лиҳоз, ба тағйироти воридшуда эътимод бастан ва онро пазируфтан ба манфиати кор аст.
Дар баробари ин, чун доираи таҳлили қонунҳоеро, ки аз ҷониби мақоми қонунгузор қабул гаштаанд, васеътар гирем, бармало эҳсос мегардад, ки эътирози кормандони прокуратура низ беҷо нест. Ҳамакнун як қатор қонунҳое рӯйи кор омадаанд, ки бар хилофи талаботи Конститутсияи Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии мазбур салоҳияти прокуратураро новобаста ба он ки ягона мақоме ҳаст, ки иҷрою риояи қонунро назорат мебарад, рӯйирост маҳдуд сохтаанд. Масалан, дар моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррароти зерин ба тасвиб расид:
«Парвандаи ҷиноятӣ нисбати корманди мақомоти Агентӣ оиди ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, танҳо аз тарафи суд ва Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда мешавад. Аз рӯйи чунин маводҳо нисбати корманди Агентӣ баъди аз ҷониби Директори Агентӣ рад карда шудани оғози парвандаи ҷиноятӣ мақомоти таҳқиқ, тафтишот ё прокурор метавонанд оид ба масъалаи мазкур ба суд муроҷиат намоянд ва суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи оғози парвандаи ҷиноятиро баррасӣ менамояд. (ҚҶТ аз 19.05.09 сол №516) Тафтиши ин гуна парвандаҳои ҷиноятӣ аз тарафи муфаттишони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гузаронида мешавад».
Аз ин ҷо, чӣ хеле ки бармеояд, ба прокурор ҳақ дода нашудааст, ки нисбати корманди мақомоти Агентӣ оид ба ҷиноятҳои коррупсионӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намояд. Яқин аст, ки муқаррароти зикршуда ягон мантиқ надорад. Худ қазоват кунед, тибқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ прокурор ҳақ дорад ба асоснокии оғози парвандаи ҷиноятӣ, сарфи назар аз он ки аз тарафи кадом шахси мансабдоре ва ё мақоме қабул шудааст (ба истиснои суд), баҳо диҳад ва қарори оғози парвандаи ҷиноятиро дар сурати ғайриқонунӣ будан бекор кунад. Биёед, ба жарфои мантиқ меравем. Чун прокурор ҳақ дорад, ки қарори аз тарафи масъулини мақомоти Агентӣ оид ба оғози парвандаи ҷиноятӣ қабулшударо бекор кунад, дар сурате ки бекор кардан маънои қудрати зиёдтар аз оғоз карданро дорад, дар кадом ченак меғунҷад он нукта, ки ҳуқуқи прокурорро дар масъалаи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбати корманди мақомоти Агентӣ вобаста ба ҷиноятҳои коррупсионӣ маҳдуд созем?! Магар мо фаромӯш кардаем, ки тибқи Конститутсияи Тоҷикистон назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо маҳз аз тарафи прокурор ба амал бароварда мешавад. Агар равшантар баён созем, дар он мавриде ки ба риояи қонун оид ба асоснок оғоз карда шудани парвандаи ҷиноятӣ назорат мебарад, магар прокурорро дар як ҷабҳаи назоратиаш аз ҳуқуқи конститутсиониаш маҳрум сохтан мунсифона, одилона, фаҳми мантиқона ва қонуншиносона аст? Албатта не! Магар ин тавҳини ҳайсияту манзалати прокурор дар масири таърихи вуҷудаш нест?!
Аз тарафи дигар ба суд ҳуқуқи оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати кормандони Агентиро оид ба ҷиноятҳои коррупсионӣ додан комилан аз мантиқ орист. Охир, суд мақомотест, ки асосан бо моҳиятан баррасӣ кардани парвандаи ҷиноятӣ адолати судиро ба амал мебарорад. Чӣ хел мақомоти дахлдор маводҳои ҷамъовардаро нисбати корманди Агентӣ барои танҳо оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ ва баъдан бошад, аз тарафи суд оғоз кардану боз барои пешбурди тафтиш ба Агентӣ фиристодан пешниҳод месозанд?! Чунин тартиби оғози парвандаи ҷиноятӣ хоси табиати суд нест ва амалия ҳам ин нуктаро собит кардааст. Агар ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Федератсияи Русия назар назар афканем (моддаи 29), суд салоҳияти оғози парвандаи ҷиноятиро надорад. Вале мо чунин салоҳиятро ба суд муносиб донистаем. Куҷост мантиқ? Ин ҳам дар ҳолест, ки қонунгузории мурофиавии ҷиноятии кишварамон эълом доштааст, ки суд ҳуқуқи пешбурди таъқиби ҷиноятӣ надорад. Пас таъқиби ҷиноятӣ чист? Таъқиби ҷиноятӣ — ин фаъолиятест, ки аз тарафи мақомоти таҳқиқ, тафтишот ва прокуратура бо мақсади ифшо сохтани гуноҳ пеш бурда мешавад. Вай аз лаҳзаи оғози парвандаи ҷиноятӣ шурӯъ шуда, дар вақти қатъи парвандаи ҷиноятӣ ва ё баровардани ҳукм хотима меёбад. Зимнан андешае тасаллут меёбад, ки аз нигоҳи мантиқ ҳатто агар суд ҳини баррасии парванда дар кирдори ин ё он шахс аломатҳои ҷиноятро ошкор месозад, бояд маводи дахлдорро барои ҳалли масъалаи оғози парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи салоҳият ба мақомоти пешбурди таъқиби ҷиноятӣ ирсол намояд. Вале мо қонунгузории мурофиавии ҷиноятиамонро чӣ сон поярезӣ кардем? Ин суоли матраҳ аст.
Бо назардошти навиштаҳои боло, умедворем, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соири қавонине, ки ба салоҳияти прокурор иртибот доранд, аз тарафи Маҷлиси намояндагони тозаинтихоб аз диди мантиқи комил, воқеияти ҳаёти ҷомеаи мо, дарки амалияи пешқадам ва дастовардҳои беназири таърихии мақомоти прокуратура таҷдиди назар мешаванд.

У. ОСТОНЗОДА, ҳуқуқшинос

Рубрики:Uncategorized

Роҳ пулакӣ шуд! Ҳаво фаромӯӯӯӯӯӯӯш…

12 апреля, 2010 1 комментарий

Ҳаракат дар роҳи Душанбе — Хуҷанд — Бӯстон — Чанак аз 1-уми апрел ба ин сӯ расман пулакӣ эълон шуд. Дар Тоҷикистон пулакӣ шудани роҳ маротибаи аввал аст ва он ҳам дар роҳе, ки қисмати шимоли Тоҷикистонро бо ҷануби он мепайвандад, сурат гирифт. Пулакӣ шудани роҳ дар ҳолест, ки он аз аввал вуҷуд дошт ва танҳо ширкати чинӣ онро аз нав таъмир кард. Азнавсозии роҳи Душанбе — Чанак, ки 410 километр аст, ба ӯҳдаи ширкати чинии «Чайна роуд» гузошта шуда буд, ки арзиши умумии лоиҳа 295,9 миллион долларро ташкил медод. Аз он 281,1 млн. доллар маблағи Бонки содироту воридоти Чин буда, ҳиссаи Тоҷикистон ба 14,8 млн. доллар баробар аст.

Чор намуди пардохт

Маросими пулакӣ шудани роҳ рӯзи 31-уми марти соли ҷорӣ дар пости Чорбоғ, даромадгоҳи Душанбе аз самти ноҳияи Варзоб бо иштироки вазири нақлиёт ва коммуникатсия Олим Бобоев ва намояндаи ширкати «Инновейтив роуд солюшенз» Ричард Кук баргузор гашт. Ширкати мазкур масъули ҷамъоварандаи маблағи шоҳроҳи Душанбе — Чанак ба ҳисоб меравад, ки ҳангоми ворид кардани тағйирот ба қонун дар бораи пулакӣ кардани роҳ бархе аз вакилони Маҷлиси намояндагон бо далели ширкати афшорӣ ё марбут ба каси номаълум будани он, дар вогузоштани роҳ ба ихтиёри «Инновейтив роуд солюшенз» мухолифат доштанд. Вале бо вуҷуди мухолифатҳо қонун қабул гардид, ки мувофиқи он дар навбати аввал пулакӣ гаштани роҳи Душанбе — Чанак ба масофаи 350 километр ба нақша гирифта шудааст. Дар тӯли ин роҳ 7 посгоҳи пулчинӣ таъсис дода шудааст, ки дар Варзоб, Ҳушёрӣ, Истиқлол, Шаҳристон, Истаравшан, Хуҷанд ва Ворух ҷойгиранд.
Дар нархномаи ширкати «Инновейтив роуд солюшенз» чор намуди пардохт зикр гаштааст. Якум, мошинҳои сабукрав, мошинҳое, ки то ду тонна бор мебаранд ё то 19 мусофир мекашанд, 30 дирам барои як километр маблағ пардохт мекунанд. Дуввум, мошинҳои аз 2 то 7 тонна борбардоранда ва автобусҳое, ки аз 20 то 39 ҷой доранд, 60 дирам барои як км. Саввум, мошинҳои аз 7 то 14 тонна ва автобусҳое, ки беш аз 40 ҷой доранд, 1,5 сомонӣ. Чорум, камазҳо ва мошинҳои борбардоре, ки аз 14 тонна бештар бор мекашанд, 1,88 сомонӣ барои ҳар километр маблағ месупоранд. Истифода аз ин роҳ танҳо барои нақлиёти мақомоти интизомӣ, ёрии таъҷилӣ, сӯхторхомӯшкунӣ ва ниҳодҳои наҷотдиҳӣ бепул аст.

Нозирон ва дидбонгоҳҳо

Бархе аз коршиносон вазъияти имрӯзаи роҳ ва азобу машаққати ронандаҳоро ёдовар гашта, аз пулакӣ шудани роҳи мазкур изҳори нигаронӣ мекунанд. Ахиран дар расонаҳои хабарӣ вобаста ба пулакӣ шудани роҳ нигарониҳои зиёде аз ҷониби шаҳрвандон иброз дошта шуд. Иддае даъво мекарданд, ки ин роҳ аллакай пулакист, танҳо қимати он афзоиш ёфтааст. Зеро нақби «Истиқлол» то кунун пурра тармим нашудаасту аз вазъияти муносиб истифода бурда, бархе аз нозирон бар ивази гирифтани маблағи муайян ронандагонро барои гузаштан тавассути тунели мазкур иҷоза медиҳанд. Масалан, сокини шаҳри Душанбе, Бобораҳим Шарипов нақл мекунад, ки ҳангоми баргаштан аз самти Шаҳристон дар дидбонгоҳи Анзоб нозирон беш аз 200 мошинро то бегоҳ нигоҳ доштаанд, ки дар байни мусофирон кӯдакону занони бемор низ интизорӣ мекашиданд. Вай мегӯяд, ки оё виҷдону инсоф ҳаст, ки рӯзона мошинҳоро бозмедоранду шабона баъди ситонидани пул ронандаҳоро ҷавоб медиҳанд?!
Бархе аз коршиносон ҳадс мезананд, ки бо таъсиси якчанд посгоҳи ҷамъоварии пул шумораи дидбонгоҳҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ шояд кам карда шавад. Вале ба андешаи таҳлилгари иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён, таъсиси нуқтаҳои пулситонӣ ба дидбонгоҳҳои БДА рабте надорад. Зеро ҳар яке аз онҳо кори худро анҷом медиҳанд.
Аммо дар ҳамин ҳол ба иттилои баъзе ронандагон, пости Чорбоғи даромадигоҳи Душанбе бардошта шудааст.
Ронандаи мусофиркаш, Диловар Шоимов мегӯяд, ҳукумати Шӯравӣ буд, ки ғами мардумро мехӯрду ин роҳ аз он замон мерос мондааст. Акнун, ки роҳи тайёрро аз нав таъмир карданд, он пулакӣ шуд. Одамон мегӯянд, ки дар оянда ҳаво ҳам пулакӣ мешавад, лекин аллакай аз ронанда барои вайрон кардани атмосфера баъзан маблағ талаб мекунанд. Яъне, ҳаво ҳам пулакӣ шудааст гӯем, хато намекунем.

Тасмими ғайричашмдошт

Ба иттилои расонаҳо, аз оғози тармиму азнавсозии роҳи Душанбе — Чанак механизми баргардонидани маблағи қарз ба таври расмӣ ба мардум фаҳмонида нашудааст. Аз ин рӯ, пулакӣ шудани роҳ ғайричашмдошти мардум сурат гирифт. Номи ширкати маблағситон, ки «Инновейтив роуд солюшенз» аст, низ ба нав ифшо гардидааст. Дар доираҳои муайян ширкати мазкурро афшорӣ ҳам ном мебаранд. Вале бо вуҷуди ҷустуҷӯ аз сайтҳои интернетӣ, дар бораи кай таъсис ёфтани ширкату ба кӣ тааллуқ доштани он маълумот пайдо нашуд. Танҳо дар бораи ширкати бритониёӣ буданаш ва ба таври толлингӣ фаъолият карданаш аз баъзе сомонаҳо маълумот ёфтан мумкин аст. Вале ба гуфтаи коршиносон, ин ширкат дар саҳмгузорӣ барои тармими роҳи Душанбе -Чанак ё дигар роҳҳои Тоҷикистон нақше надорад.
Аммо дар ҳамин ҳол вазири нақлиёт ва коммуникатсия Олим Бобоев дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки ширкати «Инновейтив роуд солюшенз» пештар низ дар Тоҷикистон кор мекард ва тариқи музоядаи байналмилалӣ барои роҳандозии системаи роҳи пулакӣ интихоб гаштааст. Вале аз фаъолияти ин ширкат ва ғолиби музояда гаштани он дар Тоҷикистон расонаҳо дар гузашта хабар надодаанд.

Роҳи Данғара пулакӣ мешавад?

Дар ҳолате, ки роҳи Душанбе — Чанак бо пули қарз аз нав таъмир мегардад ва аллакай ҳаракати нақлиёт дар он бо пардохти маблағ сурат мегирад, суоле пайдо мешавад, ки оё роҳи азнавсохтаи Данғара ва Хоруғ, ки он низ бо пули қарз тармим карда шудааст, пулакӣ мешавад ё не?
Ба андешаи бархе аз коршиносон роҳи Душанбе — Чанак даромади калон меорад, аз ин хотир мақомоти давлатӣ пулакӣ кардани онро ба нақша гирифтаанд. Зеро ҳаракати ниҳоят зиёди нақлиёт асосан тавассути шоҳроҳи мазкур сурат мегирад. Дар роҳи Хоруғу Данғара ҳаракати нақлиёт ва кашонидани бору таҷҳизот чандон бисёр нест. Ба ин далел, таваҷҷӯҳи масъулин ба шоҳроҳи Душанбе — Чанак бештар аст.
Дар ҳамин ҳол вазири нақлиёт Олим Бобоев мегӯяд, ки пулакӣ кардани роҳҳои Данғараву Хоруғ ба даромади роҳи Душанбе — Чанак вобаста аст. Агар даромади хуб диҳад, оянда ин роҳҳо низ пулакӣ мешаванд.
Ширкати «Инновейтив роуд солюшенз» масъули ҷамъоварии пул дар шоҳроҳи Душанде — Чанак аст, вале то кай даромад аз роҳро ба ихтиёр дорад? Оё ба таври ҳамеша аз даромади ин роҳ бархӯрдор хоҳад буд? Ба андешаи таҳлилгарон, дар давоми якчанд сол маблағи қарзе, ки Чин додааст, баргардонда хоҳад шуд.
Ба гуфтаи вазири нақлиёт ва коммуникатсия Олим Бобоев, ин ширкат дар давоми 30 сол аз даромади роҳ истифода хоҳад кард.

Нархҳо афзоиш меёбанд

Ба иддаои бархе аз коршиносон, барои мардуми Тоҷикистон, ки дар байни кишварҳои собиқ шӯравӣ фақиртарин маҳсуб мешаванд, ин тасмим ғайричашмдошт будааст. Лекин мақомоти давлатӣ онро баҳри коҳиши сатҳи камбизоатӣ бамаврид арзёбӣ кардаанд. Ба таври мисол, масъулини идораи антимонополӣ пулакӣ шудани роҳро барои фароҳам овардани шароити мусоид дар кам кардани сатҳи камбизоатӣ маънидод кардаанд. Ба андешаи масъулин, то 400 ҷойи нави корӣ пайдо гашта, кашонидани бор тавассути роҳи мумфарш осон мешавад. Таҳлилгари иқтисодӣ, Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, ки пулакӣ шудани роҳҳо баръакс ба афзоиши нархи маҳсулот ва дигар хизматрасониҳо оварда мерасонад.
Ба таври мисол, агар КАМАЗ аз Хуҷанд ба Душанбе бор орад, ба ҳисоби миёна роҳ 200 км бошад, бо пардохти 1,5 сомонӣ барои ҳар як километр дар умум 300 сомонӣ харҷи изофӣ дорад. Баҳри он ки аз бори овардааш фоида гирад, маҳсулотро қиматтар мефурӯшад.
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал — демократ мегӯяд, ки дар таҷрибаи кишварҳои дигар агар роҳ пулакӣ бошад, роҳи дигар ё алтернативие низ ҳаст, ки ронанда метавонад ба таври ихтиёрӣ аз онҳо истифода кунад. Вале дар Тоҷикистон ин ҷиҳатро ба инобат нагирифта, кӯшиш карда истодаанд, ки оҳиста-оҳиста роҳҳоро пулакӣ кунанд. ӯ мегӯяд: «Агар мо роҳҳоро пулакӣ кунем, пас ронанда арзиши хизматрасонияшро аз ҳисоби мусофир боло мебарад, ки ин боиси боз ҳам паст гардидани сатҳи зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон мешавад».
Аммо бо афзоиш ёфтани қимати маҳсулот, табиист, ки маоши шаҳрвандон баланд намешавад.
Зимнан ҳаракат дар ин роҳ бо далели нотамом будани корҳо дар нақби «Истиқлол» ва тармафароии зиёд бо душворӣ имконпазир аст. Бо вуҷуди сохтани гузаргоҳҳо бар асари лағжиши тарма даҳҳо тан дар ин роҳ ба ҳалокат расидаанд.

Исфандиёр ХАЛИЛОВ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized

Радиои Тоҷикистон чӣ мавқеъ дорад?

Радиои Тоҷикистон 80-сола шуд. Дар нахустин анҷумани муассисони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки 6-15-уми июни соли 1930 дар шаҳри Душанбе доир шуд, дар қатори масоили иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳангӣ ҳамчунин ба масъалаи барқарор ва мустаҳкам кардани радиошунавонӣ дар Тоҷикистон диққати махсус дода шуд. Дар ҳамин анҷуман роҷеъ ба таъсиси Маркази радиошунавонӣ дар Тоҷикистон қарор қабул карда шуд. Рӯзи 10-уми апрели соли 1930 аввалин бор мардуми кишвар садои радиоро бо забони модарии худ шунид. Тӯли беш аз 70 сол аҳолии кишвар танҳо аз барномаҳои Радиои Тоҷикистон бархӯрдор буданд. Аммо бо гузашти айём шабакаҳои радиоии мустақил ва хориҷӣ дар Тоҷикистон фаъолияти худро оғоз карданд. Акнун, ки майдони рақобат васеъ шудаву озодии баён дар сатҳи хеле боло қарор гирифтааст, пурсиданием:

ГУЛНАЗАР, Шоири Халқии Тоҷикистон:
— Радиои Тоҷикистон дар қатори дигар шабакаҳои радиоӣ, назири радиоҳои «Ватан», «Азия-плюс», «Имрӯз» ва ғайра барои шунавандагони худаш азиз аст. Албатта бо пайдоиши шабакаҳои мустақил рақобат миёни Радиои Тоҷикистон ва ин шабакаҳо пурзӯр шуд ва ин раванди маъмулист. Ба ҳайси як шунавандаи доимии радиои мазкур, ба ман бештар барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ хеле маъқуланд. Хабарнигорони ин радио низ аз шумори беҳтарин рӯзноманигорони кишваранд. Забони ин радио хеле бой, зебо ва шевост. Барномаҳои муваффақе назири «Озодазодагон» шунавандагони худро доранд. Шабакаи навтаъсиси «Фарҳанг» барномаҳои хубу шуниданӣ ва вижабарномаҳое дорад, ки барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа саҳмгузор мебошад. Албатта, бо назардошти ин ҷанбаҳо Радиои Тоҷикистонро комилан метавон як расонаи ҳирфаӣ гуфт. Вале чун мо қаблан гуфтем, майдони рақобат, гуногунандешӣ ва тозакориҳо васеъ аст ва бо таваҷҷӯҳ ба ин нуқтаи назар ман чанд андешаи худро баён мекунам. Аввалан, дар Радиои Тоҷикистон ҳанӯз ҳам хабару гузориш ва барномаҳо дар қолаби шӯравӣ пахш мешаванд. Яъне, то ҳол соатҳо маводи мухталиф перомуни пешрафти соҳаи хоҷагии қишлоқ бо суханҳои тавсифиву шиормонанд садо медиҳанд. Ҷанбаи дигар ин таъхири хабарҳои муҳим ва ё умуман пахш нашудани ахбори доғи рӯз мебошад. Масалан, кам нест мавридҳое, ки мо хабарҳои марбут ба ягон фоҷеа ё камбудиву нуқсонҳои ҷомеаро аз радиоҳои мустақилу хориҷӣ мешунавем, вале радиову телевизиони давлатӣ дар ин бора хомӯшӣ ё саҳлангориро ихтиёр мекунанд. Сеюм, дар барномаҳо маводи баррасишаванда бояд дар муддати на чандон дароз ва бо фарогирии муҳимтарину муассиртарин паҳлӯҳои мавзӯъ ва ҳаводис пахш шавад.
Ин буд чанд пешниҳод ё андешаи ман перомуни барномаҳои Радиои Тоҷикистон. Мунтаҳо, ман ҳамчун мухлис ва шунавандаи доимии барномаҳои Радиои Тоҷикистон аҳли эҷоди ин радиоро бо ҷашни 80-солагияшон муборакбод мегӯям ва умед дорам, ки ошкорбаёнии дӯстонаи мо нисбати маваффақиятҳо ва ҳамчунин камбудиҳои кори эшон малоли хотирашон нагардад.

Шоҳҷон ШОҲҶОНОВ, муовини директори барномаҳои Радиои Тоҷикистон:
— Ман гумон мекунам, ки Радиои Тоҷикистон ба ҳайси як расона то имрӯз рисолати худро дар пахшу баррасии хабару гузориш ва шарҳу таҳлили рӯйдодҳои муҳими дохил ва хориҷи кишвар сарбаландона ба анҷом расонида истодааст. Албатта таъсис ва фаъолияти радиоҳои мустақилу хориҷӣ майдони рақобатро густурдатар мегардонад, аммо Радиои Тоҷикистон низ ба қадри тавоноии худ мисли дигар расонаҳо кӯшиш мекунад, ки дар баррасии хабару гузоришҳо аз ҷараёни ҳаводису мавзӯъҳои доғи рӯз пешсаф бошад.
Таври маълум, барномаҳои радиоҳои мустақил рӯйи мавҷи кӯтоҳ танҳо дар пойтахт ва навоҳии атрофи он пахш мешаванд. Аз ҷониби дигар, дар кишвар аксари нашрияҳо дар як ҳафта як бор чоп мешаванд ва мо рӯзнома надорем. Ин ҳафтаномаҳо танҳо дар муддати 10-12 рӯз то ба навоҳии кӯҳистон мерасанд ва аз ин сабаб мардум низ аз тозатарин хабару ҳаводиси рӯз хеле дер огоҳ мешаванд. Аммо чун барномаҳои Радиои Тоҷикистон рӯйи мавҷи дароз дар саросари ҷумҳурӣ пахш мешаванд, муҳимтарин иттилоъро низ саривақт ба гӯши мардум мерасонанд. Афзалияти радио низ дар ҳамин аст. Мактубу зангҳои телефонии бешуморе, ки аз манотиқи дурдасти кишвар ва ҳатто аз мамолики хориҷ, амсоли Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба мо мерасанд, гувоҳи шунавандаи зиёд доштани Радиои Тоҷикистон аст. Шунавандагони хориҷӣ бештар аз мо хоҳиш мекунанд, ки дар бораи ҳунармандони тоҷик, чеҳраҳои шинохтаи миллат ба эшон маълумот диҳем. Афзалияти дигари Радиои Тоҷикистон ин тамоси пайваста бо ҷомеа мебошад. Масалан, дар барномаҳои «Маҷро», «Ҷомеаи шаҳрвандӣ», «Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳон», «Ориён» ва ғайра ҳамеша мавзӯҳо зимни назарпурсӣ аз мардум таҳлилу баррасӣ мешаванд. Дар Радиои Тоҷикистон тамоми жанрҳои радиоӣ шурӯъ аз ахбор то ба гуфторҳои адабӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, таърихӣ ва сиёсӣ пахш мешаванд.
Чанд сол қабл Радиои Тоҷикистон дар коргузории худ ба техникаи рақамӣ гузашт. Ин имкон медиҳад, ки хабарнигорони минтақавии мо аз тамоми ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон тавассути телефон бо барномаҳои иттилоотӣ пайваст шуда, хабару гузоришҳои худро ба таври мустақим ба шунаванда расонанд. Ҳамчунин, гузаштан ба техникаи рақамӣ ба мо имконият дод, ки хазинаи тиллоии радиоро бой гардонем. Имрӯз мо дар хазинаи тиллоии радио 10 ҳазор барномаҳои мухталиф, амсоли мусоҳибаҳо, мусиқӣ, гуфторҳо, вижабарномаҳо дорем, ки аз соли 1930 ин ҷониб сабт шудаанд. Сӯҳбатҳову суханрониҳои устодон С. Айнӣ, Лоҳутӣ, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Саид Нафисӣ, Нодири Нодирпур, Бертелс, асарҳои мусиқӣ амсоли Шашмақом, Фалак, эпоси Гуруғлӣ, радиотеатрҳо ва ғайра дар хазинаи радио мавҷуданд, ки ин сабтҳои гаронбаҳо мебошанд. Дархостҳои зиёде аз ҷониби мардум ба мо мерасанд, ки хоҳиши шунидани ин барномаҳоро доранд. Бинобар бароварда кардани хоҳиши шунавандагон мо шабакаи «Фарҳанг»-ро таъсис додем. Имрӯз 50 дар сади барномаҳои радиои «Фарҳанг» аз ҳисоби ҳамин хазинаи тиллоӣ пахш мешаванд.
Дар назди Радиои Тоҷикистон се шабака — Садои Душанбе, Фарҳанг ва Овози тоҷик, ки дар он барномаҳо бо ҳашт забон амсоли тоҷикӣ, форсӣ, русӣ, англисӣ, дарӣ, арабӣ, ҳиндӣ ва ӯзбекӣ пахш мешаванд, амал мекунанд. Ҳамаи ин шабакаҳо барномаҳои худро ба муддати 24 соат пахш мекунанд. Дар маҷмӯъ бо назардошти мӯҳлати барномаҳои ин се шабака ва худи Радиои Тоҷикистон, барномаҳои мо дар як шабонарӯз ба муддати 96 соат ба гӯши шунаванда мерасанд.

Субҳон ҶАЛИЛОВ, сармуҳаррири Идораи мусиқӣ-фароғатии радиои «Ватан»:
— Ба назари ман, Радиои Тоҷикистон ҳамчун як мактаби омодасозии мутахассисони ҷавон дар соҳаи радиожурналистика мебошад. Имрӯз аксар хабарнигороне, ки дар радиоҳои мустақилу хориҷии муваффақтар аз Радиои Тоҷикистон фаъолият мекунанд, дастпарвари ҳамин радио мебошанд. Он таҷрибае, ки хабарнигорони мазкур аз Радиои Тоҷикистон андӯхтаанд, барои тартиб додану сохтани барномаҳо, дарк кардани завқи шунаванда, интихоби мавзӯъ, таҳлили масъалаҳо ба беҳтар кардани кори эшон мусоидат мекунад. Он нафароне, ки дар Радиои Тоҷикистон кор кардаанд, вақте ба радиоҳои хусусиву хориҷӣ ба кор меоянд, аллакай тафовутро миёни коргузории радиоҳо ҳис мекунанд. Яъне, онҳо медонанд, ки вақти барнома бояд чӣ андоза бошад, кадом мавзӯъ ба дарди шунаванда мехӯрад ё ба завқи шунаванда мутобиқ аст, кадом вақт барнома сарпараст меёбад. Ин паҳлӯҳои муҳимтарин дар радиожурналистика аст. Албатта, дар ҷаҳони муосир рақобат миёни радиоҳо хеле зиёд аст ва намешавад, ки тамоми шабакаҳои радиоӣ аз ҷиҳати мазмуну мӯҳтаво баробар муваффақ бошанд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта, Радиои Тоҷикистон низ дар радифи дигар радиоҳо доираи шунавандаҳои худро дорад. Дар мавриди тағйироту дигаргунӣ бошад, ҳаминро гуфтаниям, ки албатта тағйироту бозсозиҳо на аз ин соли нав то соли нави дигар, балки ҳар вақт тибқи хоҳиши шунаванда бояд сурат бигирад. Чуноне, ки мо ин корро дар ҷараёни фаъолияти худ анҷом медиҳем. Ҳамчунин, дар радиоҳои давлатӣ низ бояд бештар назарпурсӣ аз мардум ҷараён бигирад. Яъне, аз мардум бештар пурсида шавад, ки онҳо чӣ гуна барномаҳоро дар тӯли чанд дақиқа шунидан мехоҳанд ва кадом барномаҳоро умуман шунидан намехоҳанд ва ғайра. Масалан, ман дар барномаҳо ба шунавандаҳо барои мушаххас кардани маҳбубият ва зарурати пахши барномаҳо саволи баръакс медиҳам. Аз онҳо намепурсам, ки «кадом барнома ё чӣ чиз ба шумо маъқул аст?», балки ҳамеша мепурсам «кадом барнома ё чӣ чиз ба шумо маъқул нест?». Агар ҳамаи кормандони дигар радиоҳо чунин саволро аз мардум бипурсанд, фикр мекунам, ки ба пешрафт ноил мешаванд. Албатта, тӯли чанд соли охир дар Радиои Тоҷикистон низ аз ҷиҳати мазмуну мӯҳтаво пешрафт ва ҳатто каме қолабшиканӣ ба назар мерасад, вале ба назари ман ҳанӯз ҳам бозсозӣ барои радиои мазкур зарур аст. Зеро тафаккур ва талаботи ҷомеа бо назардошти марҳилаҳои нави замон ва зуҳури падидаҳову равандҳои тоза тағйир меёбад.

Зарангези НАВРӯЗШОҲ, хабарнигори радиои «Озодӣ»:
— Радиои Тоҷикистон аз ҷиҳати пахши барномаҳояш рӯйи мавҷи дароз, ки дар тамоми кишвар ва хориҷ аз он ба гӯши шунаванда мерасад, хеле муваффақ аст. Хабару гузоришҳои таҳлилӣ, бархе аз вижабарномаҳо низ дар ин радио шуниданӣ мебошанд. Дар расонидани иттилооти муҳиму саривақтӣ аз ҷаласаҳо ва нишастҳои ҳукумативу давлатӣ низ пешсаф аст. Бар замми ин, фаъолияти Радиои Тоҷикистон шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Аммо аз ҷониби дигар, омилҳое низ мавҷуданд, ки ба қавонини муосиру байналмилалӣ мувофиқ будани ин радиоро мутаассифона тасдиқ намекунанд. Масалан, дар асри 21, ки ҷаҳони иттилоъ бештар тавассути интернет рушд меёбад, Радиои Тоҷикистон то ҳол сомонаи хусусии худро надорад. Имрӯзҳо тамоми шабакаҳои маъруфи радиоии дунёро аз рӯи сомонаҳои хусусии онҳо дарёфт кардан ва аз мазмуну мӯҳтавои барномаҳои онҳо огоҳ шудан мумкин аст. Ба ҷуз Радиои давлатии Тоҷикистон! Ҳар як сомона дар худ бойгонӣ ё ҷойи нигаҳдории сабти барномаҳоро дорад, ки ҳеҷ гоҳ аз хотираи он зудуда намешавад. Аммо акнун, ки Радиои Тоҷикистон ба техникаи рақамӣ гузаштааст, пас, шояд сабти барномаҳои ҳаррӯза танҳо дар хотираи компютер бидуни ягон кафолати устуворӣ нигоҳ дошта ва ё шояд умуман аз хотираи компютер нест карда мешаванд. Дар ин ҳол дар мавридҳои зарурӣ пайдо кардани барномаҳои такрорӣ имкон надорад. Паҳлӯи дигари масъала ба назари ман ин муддати хеле дарози барномаҳост. Таври маълум, аксари барномаҳои тамоми шабакаҳои Радиои Тоҷикистон як ё ҳатто ду соат ва аксари гузоришҳо новобаста аз моҳияташон беш аз 10 дақиқа пахш мешаванд, ки дар радиожурналистикаи муосир ин тарзи омода кардани мавод кайҳо маъмул нест. Беҳтар мебуд, ки хабару гузоришҳо аз 3 то 7 дақиқа ва барномаҳо то 30 дақиқа пахш мешуданд ва андешаи коршиносони мустақил низ дар гузоришҳои хабарнигорони ин радио бештар садо медод. Ба ҳар сурат, Радиои Тоҷикистон доираи шунавандагони худро дорад ва мо таманнои онро мекунем, ки эътимоди шунаванда ба ин радио боз ҳам қавитар шавад.

Омодасоз:
Нилуфари СОБИР

Рубрики:Uncategorized