Архив

Archive for 21 апреля, 2010

Тангемҳои «ғайристандартӣ»: баҳона ё воқеият?

Давра ба давра ҳаракати тангемҳо дар Душанбе қатъ карда мешавад. Ба гуфтаи Абдулхайр Алиев, мудири шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ин тасмим дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 507 аз 31-уми августи соли 2009 бо мақсади ба танзимдарорӣ, беҳгардонӣ, аз байн бурдани бенизомӣ дар бахши воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ва таъмини бехатарии мусофирон андешида шудааст. Тибқи ин қарор ба он воситаҳои нақлиётӣ иҷозаи хизматрасонӣ барои кашонидани мусофирон дар ҳудуди пойтахт дода мешавад, ки сертификати мутобиқати корхонаи истеҳсолкунандаро дошта бошанд. Аз рӯйи санҷиши Агентии «Тоҷикстандарт», он нақлиёте, ки дорои 7 ҷойи нишаст, ба монанди «Чанху», «Хафей», «Дамаск», ки бо номи «Тангем» бештар маъмул аст ва истеҳсоли Ҷумҳурии мардумии Чин мебошад, сертификати мутобиқат надорад. Аммо суоле пайдо мешавад, ки дар оғози фаъолияти тангемҳо, ки он замон газел бисёр буд ва ҳангоми рақобат тангем ғолиб омад, чаро ин гуна санҷиш гузаронида нашуд? Чаро он замон дорои сертификати мутобиқат набудани тангем ошкор нашуд?

«Бизнес»-и шахсони алоҳида?

Абдулхайр Алиев чунин меҳисобад, ки тангемҳо як давраи муайян ба хотири зарурат дар хатсайрҳои пойтахт ҳаракат кардаанд. Вале ба назар ин чандон ҷавоби мушаххас нест. Зеро вақте газел ба меъёри мусофиркашӣ ҷавобгӯй буд, набояд тангеми ғайристандартӣ онро иваз мекард. Он замон шумораи газелҳо ниҳоят зиёд ва қимати роҳкиро низ арзон буд. Бо вуҷуди ин ба фаъолияти тангеми «ғайристандартӣ» зарурат пеш омад.
Аслан, агар таърихи ҳаракати нақлиёти мусофиркашро дар пойтахт дар давоми якчанд соли ахир ёдовар шавем, бо ҳар баҳона ҳаракати нақлиёти мусофиркаш қатъ гашта, ҷойи як намуди нақлиётро дигаре иваз мекард. Замоне газел нақлиёти мусофиркаши хуб ба шумор мерафт, вале монеаҳо пеш омада, ҷойи онро автобусҳои сустҳаракат гирифт. Мардум аз ин автобусҳо хуш истиқбол накарданд. Теъдоди автобусҳои воридшуда барои мусофиркашӣ хеле кам буд, ки талаботи сокинони пойтахтро қонеъ карда натавонист. Бештари ронандаҳо намехостанд дар корхонаи коммуналии пойтахт фаъолият намуда, бо маоши паст ба рондани автобус машғул шаванд. Сипас тангем пайдо шуду мавқеи автобусро танг кард, аммо газелҳо қариб, ки аз байн рафтанд. Ҳоло бошад, тангемҳо «ғайристандартӣ» баромаданд ва онҳоро «Хундай» бояд иваз кунад. Сокинон борҳо аз хизматрасонии нақлиётӣ дар пойтахт изҳори нигаронӣ кардаанд, вале гӯё касе шикояти онҳоро намешунид ё хизматрасонии нақлиётӣ дар шакли ивазкунӣ аз як намуд ба намуди дигар ба бизнеси шахсони алоҳида мубаддал шуда буд.
Аммо вазъи имрӯзаи хизматрасонии нақлиётиро бе тангем ва бо автобусҳои лабрез аз одам хуб арзёбӣ кардан чандон дуруст намеояд. Якум, имрӯз агар фаъолияти тангем қатъ гардад, сокинон манзил дарёб карданашон ғайриимкон мегардад. Дуввум, агар тангем ғайристандартӣ ва барои мусофиркашӣ хатарнок аст, автобусҳо аз тангем бештар хатар доранд. Зеро дар ҳавои гарму тафсон ба он тарзе, ки одам савор мекунанд, пиронсолон ва беморон аз нарасидани ҳаво нафастанг шуда, ҷон ба «ҷонон» месупоранд. Баъдан ин гуна муносибат бо сокинони пойтахт шояд ба маданияти шаҳрдорӣ дуруст наояд. Сониян аз лабрез шудани автобусҳо бо одам дохили он ба макони дуздиву авбошӣ ва кисабурӣ табдил ёфтааст. Рӯзе бо ҷамъе дӯстон тавассути автобус хостем ба тӯи як бародар равем. Аз назди бинои РБДА автобуси 28-ро савор шуда, то Чимтеппа рафтем. Дар ин муддат аз кисаи як ҳамкорамон ба миқдори муайян маблағро дуздиданд ва аз сумкаи дигаре телефони мобилиро рабуданд. Ин танҳо «хотирот» аз як сафари кӯтоҳмуддат аст, ки дар давоми чанд соли охир бори аввал ба автобус нишаста будем. Дар дигар автобусҳои дохили шаҳр низ мудом ин гуна ҳолатҳо ба назар мерасанд ва кӣ медонад, ки боз дар он автобус чанд каси дигар аз маблағу телефон маҳрум шудааст?
Ба иттилои масъулини шаҳрдорӣ, тӯли шабонарӯз ҳудуди 450 автобус ва троллейбус мусофир мекашонанд. Бо вуҷуди ин, камбуди нақлиёт эҳсос мешавад. Зеро баъзан нақлиёти мусофиркаширо тӯли соатҳо интизор шудан лозим меояд. Аммо масъулин сабаби дер ҳаракат кардани автобусҳоро вобаста ба пробка дар роҳҳои пойтахт маънидод мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, нақлиёт дар шаҳр зиёд аст ва онҳоро бояд ба танзим даровард. Як роҳи бартараф сохтани пробкаро кам кардани шумораи нақлиёт дар пойтахт арзёбӣ намудаанд. Ин дар ҳолест, ки ба андешаи коршиносон, роҳҳо ба меъёр чандон ҷавобгӯ нест. Ин ҷо мушкил дар тангии роҳҳост, на бисёр будани нақлиёт. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки кам кардани нақлиёт имкон дорад, вале кам кардани аҳолӣ чӣ? Чунки рондани одамон аз пойтахт на ба минталитети миллии тоҷикон рост меояд ва на аз рӯйи қонуну меъёрҳои байналмиллалӣ дуруст аст. Зеро ҳар як шахс ҳуқуқ дорад дар ҳар куҷое, ки мехоҳад, зиндагӣ кунад. Паҳлӯи дигари мавзӯъ он аст, ки тангемҳоро кам карда метавонанд, аммо кӣ кафил мешавад, ки теъдоди нақлиёти шахсӣ намеафзояд? Ҳарчанд ба андешаи масъулин ҳаракати тангемҳо дар Душанбе бояд қатъ карда шавад, аммо ба назар чунин мерасад, ки Душанбе бо далели тангии роҳҳояш ба нақлиёти зиёд ниёз надорад, аниқтараш аз ин бештарро ҷой дода наметавонад. Лекин мардум аз ин пас шояд боз як-ду соат бештар дар роҳҳо интизори автобус шаванд.

Ҳар кас ба манфиати худ

Аз як ҷониб танг кардани мавқеи тангемҳо дар пойтахтро ба манфиати шахсони алоҳида ё ҷамъиятҳое, ки мехоҳанд танҳо нақлиёти онҳо фаъолият кунад, гуфтан мумкин бошад, аз сӯйи дигар ронандагони тангем низ барои қатъ нагаштани ҳаракати тангем манфиатдоранд. Вагарна аз оғози монеасозиҳо мерафтанд ва дар корхонаи коммуналии пойтахт фаъолияти ронандагиро идома медоданд. Масалан, ронандаҳо дар як рӯз бо тангем мусофиркашӣ кунанд, метавонанд маблағе ба даст оранд, ки аз рондани автобус шояд дар се рӯз ва аз ин ҳам бештар чунин фоида наёбанд. Бо ин далел, мехоҳанд бо ҳар роҳ фаъолияти худро идома диҳанд. Аз тарафи дигар, ба гуфтаи ронандагон, ин ҷо манфиати шахсони пулдор вуҷуд дорад, ки бар ивази тангемҳо ба пойтахт ба миқдори муайян мошини тамғаи «Хундай»-ро ворид карданианд. Инчунин, ба андешаи онҳо, бо рондани автобуси корхонаи коммуналии пойтахт зиндагиро пеш бурдан ғайриимкон аст. Ронандаи тангем Назари Назарзод мегӯяд, ки ҳар рӯзи мусофиркашонӣ тавассути тангем 30-35 сомонӣ фоида ба даст меорад. — Агар ҳаракати тангемҳоро иҷоза надиҳанд, маҷбурем, ки ба таври пинҳонӣ фаъолияти худро идома диҳем. Зеро дигар илоҷе надорем. Аз рондани тангем маҳрум шавем, дар Тоҷикистон дигар коре ёфтан ғайриимкон аст. Бо ронандаи автобус шудан зиндагиро пеш бурдан амри маҳол аст,- иброз дошт ӯ.
Ба андешаи Абдулхайр Алиев, дар сурати қатъ кардани фаъолияти тангем ронандагони онҳо, ки аксарияташон тибқи иҷора кор мекунанд, метавонанд ба ширкатҳои хусусии мусофирбарӣ аъзо шаванд ё дар корхонаи коммуналии пойтахт фаъолият намоянд. Музди миёнаи маоши ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ дар пойтахт аз 150 то 600 сомониро ташкил медодааст. Аз рӯйи ҳисобҳо, аз ду сар ронандаи тангем даромади хуб дорад. Масалан, аз 600 сомонӣ маоши ронанда дар корхонаи коммуналӣ 25 фоиз боҷи давлатӣ ситонида мешавад, ки 150 сомониро ташкил медиҳад. Яъне 450 сомонӣ дар як моҳ маош мегирад. Боз хароҷотҳои иловагӣ ҳисоб карда нашудааст. Вале ронандаи тангем дар як рӯз ба ғайр аз хароҷот 30 сомонӣ фоида ба даст орад, дар моҳ 900 сомонӣ мешавад, ки маоши думоҳаи ронандаи автобусро ташкил медиҳад. Вале дар шароити имрӯза бо 900 сомонӣ ба қавле «хӯру намур» гуфта, зиндагиро пеш бурдан то андозае имкон дорад, аммо бо 450 сомонӣ ғайриимкон аст. Ронандаи тангем Назари Назарзод мегӯяд, дар тааҷҷуб аст, ки ҳоло ҳукумат ба нафъи мардум кор мекунад ё мардум бояд ба нафъи он кор кунанд?
Гуфтаи ӯ то ҷое ҳақиқат дорад. Зеро агар имрӯз ҳукумат ба ҷойи шаҳрвандонро бо ҷойи кор таъмин кардан онҳоро бе ҷойи кор мекунад, пас чӣ кор бояд кунанд? Ба Русия раванд? Ин роҳи ҳал нест, танҳо сафи «Ҷамшудҳо» меафзояд.

Пешниҳоди ронандагони тангем

Ронандагони тангем мегӯянд, ки борҳо дар масъалаи фаъолияти минбаъда бо роҳбарияти ширкатҳои мусофиркашонӣ, ки тангемро иҷора медиҳанд, сӯҳбат кардаанд, вале аз дасти эшон низ коре барнаомадааст. Ин ҷо танҳо масъулини шаҳрдорӣ метавонанд нақши асосиро бозанд. Назари Назарзод чунин пешниҳод кард, ки шаҳрдорӣ пеш аз қарор қабул кардан як назарсанҷие анҷом диҳад, то манфиати мардуми оддӣ нодида гирифта нашавад.
Иддае аз коршиносон бар ин назаранд, ки барои ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёт дар пойтахт бояд барои воситаҳои нақлиёте, ки аз дигар шаҳру вилоятҳо ба Душанбе меоянд, роҳи махсус сохта шавад. Яъне, мошинҳои аз берун меомада аз маркази Душанбе нагузаранду танҳо бо роҳи махсус, ки он бояд дар атрофи шаҳр воқеъ бошад, ҳаракат кунанд. Барои ин тамоми бозорҳои калони пойтахт бояд берун аз маркази шаҳр ҷойгир бошанд.

Некрӯзи АБДУСАЛИМ, донишҷӯйи факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ

Рубрики:Uncategorized

Афсонаи пурдоғи таърих

… Фирдавсиро ба зери пойи пил андохтанӣ шудему ҷисмашро дар гӯристони умум ҷо надодем ва ҳоло шавкати номашро мекунем. Мисли он, ки Шириншоҳи Шоҳтемур, Нусратулло Махдум, Муҳиддиновро бо зарби тӯҳмат душмани халқу ҷосуси хориҷ хонда, паррондему ҳоло қаҳрамони халқашон кардем. Ин мисолҳо он қадар ҷомаи таърихи башарро доғдор кардаанд, ки дар ҷомаи таърих ба андозаи мисқоле нуқтаи бедоғ нест.

Мутолиаи васоити мухталиф,- аз рӯзномаву маҷалла то китобу китобат дар жанрҳои мухталиф,- аз хабару очерк то осори илмиву бадеӣ дар мавзӯи фалсафаи иҷтимоъ ва сиёсати ҳаёти ҷомеаи инсонӣ дорои тазодҳои баёнӣ ва ҳукмист, ки фарди дорои тафаккури мантиқиро ба умқи андеша мебарад.
Мушаххасан, муроди гуфтор масъалаи ташкил, танзим ва таҳлили ҷомеаи башарист. Як фарди мантиқӣ қоил аст, ки дар кори офариниши олам баробарии мутлақ вуҷуд надорад. Ин нобаробарӣ дар ду ҷавҳари инсон, ҷисм ва рӯҳ (дар ҳодисаи тафаккуру ақл) зоҳир аст. Фардҳои башарӣ дар сифатҳои ҷисмӣ яке зебо, дигаре хунукчеҳра ва саввум минарух аст. Ин фардҳо яке тануманду баландболо, дигаре пастаку мундуқ, заифу нотавон аст. Ва як чеҳраи дилкаш ба фаррухиву танумандии худ менозад ва «лилипут»-у заифак дар ҳоли худ нороҳат аст. Аммо он як пеши кӣ миннат дораду дигар пеши кӣ ҳаққи муҷодала? Оё кадом як модар намехоҳад зодаи ӯ аз ҳама болову воло бошад? Нобаробарии ҷисмӣ дар ашё мисоли айният аст. Як санг ба сахтӣ хорасанг аст, дигар ба таркиби кимиёӣ мармару ёқут, саввум намаксангу ва, ва…
Дар ҳоли тавони рӯҳӣ (дар ҳодисаи тафаккуру ақл) ҳам ин нобаробарӣ ошкор ва бебаҳс аст. Аз шогирдони мактаби Бӯалӣ фақат ӯ Бӯалӣ шуд, агарчи устод як буд. Иллат як аст. Андозаи зарфи тафаккур. Ончунин, ки як зарф ғунҷоиши 1 громм моеъро дораду дигар 100, саввум 1000 ва, ва…
Ва инак, ин ҳама нобаробарӣ маншаи худро аз куҷо гирифта? Ба ин ҳама нобаробарӣ кӣ масъул аст?
Аҳли рӯҳгаро маншаи ҳастиро аз Худованди воҳид медонанд. Пас, аз нигоҳи ин ҷамоат Худованд ҳамчунин хоста. Чаро? Зеро ҳеҷ наққоше тавассути як ранг нақш наофарида. Яъне, Холиқ наққошӣ кардааст. Аз қудрати худ хабар додааст.
Моддигароён инчунин сурат гирифтани ҳодисаро ба «ДНК»-ҳову ирқҳо ва арзиши «меҳнат», ки гӯё аз маймун одамро ба вуҷуд овардааст, вобаста кардаанд, ки мо мақоми эшонро ҷониб надорем. Аммо ин ҷо ин баҳсро нахоҳем гузошт, зеро мурод дар ин гуфтор масъалаи дигар аст.
Ва мо чун як фарди рӯҳгаро таҳлили мавзӯъро аз мақоми рӯҳгароӣ (боварӣ ба ҳастии Холиқ) мавриди назар қарор додем.
Ва чун гуфтем, ки башар, ки бештари он дар пояи рӯҳгароӣ қарор доранд, баъд аз чунин наққошии Холиқ кори заминро ба чӣ дастуре танзим намуданд? Иддае бар ин ақида ҳастанд, ки чун нобаробарӣ дар сифати офариниш аст, ба ин бояд иқрор шуд ва кори ҷомеаи башариро ҳам дар ҳамин дастур метавон ба роҳ монд. Яъне, эшон барои ҳоли гадову муҷрим, фақиру нотавон, маризу ятим ҳеҷ масъулиятеро дар худ қабул надоранд ва ин қонунро қонуни офаринишӣ мешуморанд ва ба як хитоб мегӯянд: «Олам ҳамин тавр сохта шудааст».
Дар андешаи мо, ин ҳукм ва хулоса басо заиф, ғайриқабул ва беарзиш аст. Зеро ин қавм мақоми Холиқро барои худ таҷовуз кардаанд. Эшон ба он нарасидаанд, ки аз мақоми Холиқ то махлуқ масофаи беҳудуд аст.
Дуруст ин аст, ки ҳар кадом ҷаҳондори ин олами моддӣ дар навбати худ пеши Холиқи олам оҷизу нотавон, мӯҳтоҷ ба бахшишу иноят аст. Ва Худованд аз тариқи имтиҳон ин қавмро бар сари заифу нотавонон имконе аз сифоти қудратмандии худ додааст ва тамошо дорад, ки мо чӣ мекунем. Дар ояи 53-и «Инъом» омадааст: «Ва ҳамчунин мо бархеро ба бархи дигаре биозмудем…». Яъне, Холиқ якеро дар ҳоли ҳусну қудрат ба ҳоли имтиҳон гузоштаву якеро дар ҳоли хирачеҳриву заъфу нотавонӣ. Ин маънӣ дар ояи 155-и сураи «Бақарра» ошкор аст, ки гуфта шуда: «Ва албатта шуморо ба сахтиҳо чун тарс ва гурӯснагӣ ва нуқсони амвол ва нуфус ва офоти зироат биозмоем…».
Аз ин ҷо, хулосаи гуфтор ин аст, ки Офаридгор инсони махлуқро дар пояҳои гуногун барои озмуд офарид, то бубинад, ки эшон дар ҳоли худ чӣ мекунанд.
Аҳли қудрат ва имконро озмоиш ин аст, ки бар заифону нотавонон, аҳли ҳуснро озмоиш ин аст, ки бар зиштрӯён бо чашми раҳмат ва эҳсон назар кунанд, то барои худ аз ҷониби соҳиби Қудрат ҳамчунин подошеро насиба созанд. Таассуф, инсони заминӣ бо номи Худо сухан мегӯяду дар муқобили Худо амал мекунад. Башар басо мунофиқ ва риёкор гаштааст. Сухан дигар асту амал дигар. Агар ба Худо бовар надорем, чаро ошкор нагӯем, ки дар ин дунё мо дунболи андешаи худ ҳастем, ончунон ки ин суханро аҳли даҳрия гуфтанд. Ин тоифа гӯё бовар доранд, ки Худоро ҳам метавон фиребид. Агар не, чаро ин суханони китоби Худо онҳоро ба ҳуш наорад, ки гуфта: «Ва гурӯҳе аз мардум гӯянд, ки мо имон овардаем ба Худо ва рӯзи қиёмат ва ҳол он ки имон наовардаанд» (Бақара-8). «Кофирон чун ба аҳли имон бархӯранд, гӯянд: Мо имон овардаем ва чун бо шайтонҳои худ хилват кунанд гӯянд: Мо ботинан бо шумоем, ҷузъ он ки мӯъминонро истеҳзо мекунем» (Бақара-14).
Ҳамин риё ва нифоқ аст, ки ҷомеаҳои худро халқӣ (демократӣ) ном мениҳему дар асл ҳоли халқро дар сахттарин ҳолати иҷтимоъ ва хортарин иззат қарор медиҳем. Ҳамин ҳолати дурӣ аз Худо аст, ки барои манфиате аз манофеи дунё ҳақро ботил месозему ботилро ҳақ. Ҳамин нифоқу риё ва дурӣ аз Холиқ аст, ки ба хотири ҷоҳу мансабе бар халқи Худо тӯҳмат мезанему ростро каҷ мехонему каҷро рост. Ҳамин нифоқу риё ва бегонагӣ ба Офаридгор аст, ки «Ба исми Аллоҳ» сухан оғоз мекунему ба ризои Шайтон амал мекунем. Ҳамин аст, ки «мулло»-и шинохтаи вақтамон ба хотири ризои «сиёсати ғолиб» дар муқобили ҳукми Офаридгор «фатво» медиҳад. Ҳамин рӯсиёҳиамон аст, ки дар аёми худ ростонро ба банди дору кунҷи зиндон мекашему сипас «саридор»-иёну «ҷасадҳои зиндонӣ»-ро «намуна»-и таърих мехонем.

Муҳаммадалии НУРАЛӣ
Давом дорад

Рубрики:Uncategorized

Бузурги Файзобод ва писарони ӯ

Идома аз шумораи гузашта. Аввалаш:

— Дар наздатон ғайр аз китобҳои динӣ «Фарҳанги забони тоҷикӣ» меистад. Сабабаш?
— «Кимёи саодат», ба худатон маълум, ки китоби ҳам динӣ ва ҳам дунявӣ мебошад. Онро мехонем ва аз он баҳра мегирем. Аз дигар китобҳои динӣ ҳамчунин. «Фарҳанги забони точикӣ» бошад, ин фарҳанги мост. Мо аҳли илму фазлро дӯст медорем. Аз ин фарҳангҳо мудом истифода мебарему баъзе мардуме, ки файз мебинанд, аз даму нафаси мо фарзанд меёбанд, аз мо хоҳиш мекунанд, то номи тифли навзодро гузорем… Баъзе луғатҳои номро мекобем ва ҳамин чизҳоро албатта аз фарҳанг мегирем. Аз «Ғиёс-ул-луғот» мегирем. Боз хоҳонем, ки доир ба исмҳо луғат бошад, то аз он истифода барем. Иншоаллоҳ, мо қариб аз ҳама мехонем, истифода мебарем. Бисёр мардум аз роҳҳои дур меоянд. Остонаи домуллои Файзобод, эшони Файзобод, бузурги Файзобод гуфта меоянд. Ба ин шӯҳрат мо нарасидаем. Ин шӯҳрати қиблагоҳ буду ҳаст. Ҳазрати қиблагоҳ аҳли тасаввуф буданд. Бисёр шабзиндадор буданд. Бузургияшон дар ҳамин, ки дар назди чанд пир хизмат кардагӣ, даст гирифтагӣ, дуо гирифтагӣ буданд. Шабона қариб намехобиданд. Кадом замоне бедор мешудем, ба тоату ибодату зикри Парвардигор машғул буданд. Дар илми ҳолу тариқат доно буданд.
— Мебахшед, тасаввуф гуфтед. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мегӯяд, ки:
Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт,
Мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем.
Шумо дар муқоиса ба падаратон, худатонро дар кадом зина мебинед?
Кору амали он касро дар кадом сатҳ бо муқоиса бо худатон дарёфтед?
— Алҳамдуллилоҳ, як корест, ки ҳар вақте ки мо дар ҷавонӣ дар назди падар таълим мегирифтем. Китобҳои «Ҳафтяк», «Фарзи айн», «Чаҳор китоб» хондем. Ҳазрати лисонулғайб Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ мехондем. Дар ҳамон вақтҳо ҳазрати Мирзо Бедил мехондем, «Фиқҳи тайлонӣ» хондем. Ҳазрати қиблагоҳ таълим медоданд, аҷоиб сухан мекарданд. Дарс медоданду мегуфтанд, ки бачем, агар ҳафт тарафи замину осмонро хонию илми қолу ҳолро дар бар нагирӣ, монанди таоми бенамак мемонӣ. Ҳазрат мегуфтанд, ки вақте инҳоро хондеду синну солатон ба ҷое расиду калон шудед, ҳатман дар назди ягон пири тариқат касб кунед. Ин ҳам як илми махсус мебошад. Бо иҷозати худашон мо рафта дар назди фарзанди як бузургвор, яъне хусури қиблагоҳ, қайнаи қиблагоҳ, ҳазрати марҳум эшони Шайхи Элокӣ вазифа гирифтем. Вазифаҳои тасаввуфиро ба мо доданд. Ҳазрат амр карданд, ки мо бояд онҳоро ба ҷо орем. Алҳамдуллилоҳ, зиёда аз сӣ сол шуда истодааст, ки меомӯзем… Мо аз қиблагоҳамон пасттаракем. Ҳаргиз ба ҳазрати қиблагоҳамон баробар шудан, наздик шуда наметавонем. Шояд пайрав ҳастем, ки касабаҳои ҳамон ҳазрати қиблагоҳро тай кунем. Мо бузургии қиблагоҳамонро то чанде, ки меҳнат мекунему дар ҳамон доира ҳастем, ҳамон қадар амиқтар дарк мекунем. Медонему тан медиҳем, ки падарамон бузург будаанд. Бо вуҷуди аз синни 70-сола боло буданашон бисёр хизмати содиқона мекарданд, дар ҳамин касабаҳои аҳли тасаввуфиашон, дар касабаҳои илми ҳолиашон. Ин илми ҳолро ҳамаи сирҳояшро гуфта намешавад. Мавлавии Ҷалолиддини Румӣ гуфтааст, ки:
Ҳар киро асрори ҳақ омӯхтанд,
Васф карданду даҳонаш дӯхтанд.

— Инҷо дар бораи аҳли тасаввуф ҳазрати Ҳофизу ҳазрати мавлоно Ҷалолиддини Румӣ сухан кардед. Ҳазрати Бедил дар як ҷо мегӯяд:
Санги роҳи хеш созад Каъбаву бутхонаро,
Ҳарки чун Бедил тавофи Каъбаи дилҳо кунад.
Аз диди Шумо Бедил чиро дар назар дорад?

— Аввал, аз Худованд омӯрзиш мехоҳам, ки мабодо хато нашавад. Бечорагиву хоксориву шикастагии худашро дар назар гирифтаву, яъне инсон маҳви Аллоҳ таъоло шуд, ба якка ва ягонагии ӯ маҳв шуду шинохт. Ба фикри ман дигар чизҳо ронда мешавад, барои худошиносӣ ҳамаи онҳоро як тараф мемонаду фақат як зоти бемисл бар дараҷаи олӣ парастиш кардану саҷда карданаш, яъне ки худашро дар пеши Худованд аз як зарра ҳам боло намебинад. «Ман арафа нафсуҳу фақат арафа рабуҳу». Яъне, «Шахсе ки бишносад нафси худашро, боз ба таҳқиқ бишносад Рабби худро, Худои худро шинохтааст». Ин аҳли тасаввуф ҳамин қадар бузурганд, ки… Лисонулғайб мегӯяд:
Кам мабош аз дарахти сояфикан,
Ҳар ки санг занад, самар бахшаш.

Мусулмони комил ҳамин қадар бояд даъво кунад, ки мусулмон шудааст. ӯ мисли дарахти мевадеҳ бошад. Вақте дарахти мевадорро бо санг мезанӣ, он дарахт як нок ё себ медиҳад, ки «гир, бихӯр!». Мусалмони комил вақте ба дараҷаи камолот расид, аз онҳо озори касе бар намеояд. Ҳамаи мардум дарс гирифтаанд, аз ҷумла пирҳои тариқат. Аз он ҷумла ҳазрати Имоми Аъзам. Бузургвор ними мардуми дунёро муттаҳид карданд. Эшон пайрав ба илми ҳолу тасаввуфу худошиносӣ буданд. Як қиссае ба ёдам расид: Ҳазрати қиблагоҳ нақл мекарданд, ки «бачам, як рӯз ҳазрати Мӯсо (а) бо Парвардигор (ҷ) гап мезанад. Аз Парвардигор нидо меояд:
— Ё Мӯсо аз махлуқоте, ки дар дунё ман халқ кардам, аз худат пасттарро ба назди ман биёр. Ҳазрати Мӯсо (а) омада мегӯяд, ки олам пур аз одами бечора, яктояшро гирифта меорам. Борхалтаашро гирифта даруни маҳаллааш меравад. То чанде пеш меравад, меҳри Парвардигор дар дилаш ҷӯш задан мегирад: «Охир инҳо ҳамааш махлуқи Худо, номаълум, ки дар назди Парвардигор қадри ман баланд бошад, ё ин камбағал. Аз одамизод намеорам»,- мегӯяду назди ҳайвонот меравад ва бар онҳо назар мекунад. Боз меҳри Парвардигор дар дилаш ҷӯш мезанад, ки инҳоро як холиқ офаридааст, онҳо махлуқи Худо ҳастанд. Мабодо онҳо қадрашон дар назди Худованд аз ман баланд бошад. Аз ҳайвонот ҳам мувофиқе намеёбад, ки гирифта биёрад. Гиря карда, дар назди санги калоне меғалтаду камтар дам мегтрад. Дар ҳамон ҳолат ба қудрати илоҳӣ як саги пашмаш рехтагӣ, пӯсткандаи пир назди ҳамон санг пайдо мешавад. Мӯсо мегӯяд, ки агар ҳамин саг аз ман, аз қадри ман дар назди Худо пасттар набошад, дигар ҳеҷ махлуқи пасттаре нест. Нигоҳ мекунад, ки саг бо пойҳои худ роҳ меравад. Метарсад, ки онро ҳам Худо халқ кардааст. Он ҳам махлуқи Худо аст. Ман намедонам, мумкин қадри ин саг аз ман баланд бошад, гуфта нола мекунад. Меояду ба Парвардигор роз мегӯяд: — эй зоти бечуни якто. Ман дар дунё касеро ва ё чизеро аз худам пасттар наёфтам, ки ба пешат орам. Аз худам пасттар касе ва чизе нест.
Ҳазрати Парвардигор (ҷ) мегӯяд, ки «қасам бар зоти ҷалолиям ё Мӯсо, агар ҳамон сагро меовардӣ, ҳароина номи туро аз девони пайғамбарӣ хат мезадам».
Таълимоти илми ҳоли устодони мо ҳамин аст, ки инсон бояд нафсашро эҳтиёт кунад, ки ӯро ба илмдониаш, ба эшониаш, ба мансабдориаш фирефта накунад. Ту акнун одами бузург шудагӣ, ту одами зӯр шудагӣ, аз ту зӯртар нест касе. Вале касе зӯр нест, касе бузург нест, касе тавоно нест. Зӯру бузургу тавоно Худо аст. Мо бандаем, яъне ғуломи Худоем. Мо таслим ба Худо ҳастем. Мӯъмин бояд чусту чолок бошад, вале таваккал ба Худо кунад.
— Аз лисонулғайб ҳазрати Хоҷа Ҳофиз ёдовар шудем. Хоҷа Ҳофиз дар мақтаъи як ғазалаш мегӯяд:
Ҳофиз асрори илоҳӣ кас намедонад, хамӯш,
Аз кӣ мепурсӣ, ки даври рӯзгоронро чӣ шуд?

Муроди ҳазрати Ҳофиз чист?

— Ин ҳазратҳо, ман ҳамин хел баҳо дода, ё гуфта метавонам, ки бисёр бузургворҳои калон буданд. Илмро ба дараҷаи олӣ аз бар кардагӣ буданд. Баъзе мумкин бесавод ё камсавод бошанду даъво кунанд. Ҳазрат ин суханҳоро муқобили ҳамонҳо гуфтаанд. Вақте мусулмони комил ба Худо таслим бошад, баъзе сирҳое ҳаст, ки инсон қодир нест, ақлаш ҳам гунҷоиш намедиҳад, ки ҳамон масъаларо ҳал кунад. Дар Қуръон имрӯз баъзе илмҳое ҳаст, ки исбот шуда истодааст. Вале онҳо 1400 сол қабл дар Қуръон гуфта шудаанд. Илми ҳозира нав муайян кардааст, ки дар олам ҳақиқатан махлуқҳои ноаён будааст. Ё ки ҷин будааст. Худованд дар Қуръон мегӯяд, ки мо халқ накардем одамизод ва ҷинро магар аз барои ибодат. Яъне, мо ба Худо имон дорем, ба каломи Худо имон дорем, чизе ки Қуръон гуфтааст, мо қабул дорем. Асрори илоҳиро касе намедонад, хамӯш. Мо ҳуқуқи ҳамаашро тафсиру гап задан надорем. Чизеро, ки китобҳо гуфтаанд, мо мегӯему чизеро, ки худаш қодир асту худаш медонад мо таслимем. Ҳозир ақли мо як заррае ҳаст, ки илмро мебинем. Баъзе чизҳоро илми қол бигӯем, илми тасаввуф гӯем, дуруст дарк намекунанд. Ҳазрати қиблагоҳ нақл карданд, ки мо ҳамроҳи суфиҳо нишаста будем. Бо як домуллои салафӣ баҳс кардам. Дар масъалаи мазорҳо танқид карданд. Як ҳадис ҳаст, ки ҳазрати Муҳаммад (с) гуфтаанд, ки як саҳоба вафот мекунад. Саҳобае, ки бисёр дӯст медоштанд. Ба саҳобаи дигар мефармоянд, ки фалон сангро биёр болои майит монем, ки ин нишона истад, гум нашавад. Дар ҳадисҳо шарҳи Мушко омадагӣ. Он саҳоба сангро бардошта натавонист. Пайғамбари Худо рафта сангро оварда болои сари ҳамон саҳоба монданд, то ки ягон нишона монад. Мазорҳои бузургворҳову авлиёҳо дар ҳамон замон буданд, ки ин як далелак аст. Падари мо ривоят мекарданд, ки мо нишаста будем ҳамроҳи чанд суфӣ. Омада гуфтанд, ки эшони баланд, ҳамин суфиҳоро гирифта баред, ҳамон поёни қишлоқба як ду-се шахсони хуб, мурдаҳои хуб, одамҳои хуб қазо кардаанд, ҳамон ҷо раҳи гову мол шудааст. Гову мол поймол мекунад гӯри онҳоро. Гирди онҳоро хандақ кунед, ки фақат чашми зоҳири мардум биносту чашми ботинашон кӯр. Агар гирди ҳамон хандақ бошаду маҳкам, ҳаминҷо гӯристон гуфта, одамҳои мегузаштагӣ як дуо мехонанд. Ҳам савоб ба худашон мерасад, ҳам ба ҳамон мурдагӣ.
Ба ҳамин хотир илми тасаввуф доштагиву илми ҳол доштагиҳо худашон медонанду Худои таъоло. На ҳама сирро иҷозати фош кардан ҳаст. Барои ҳамин бузургонро эҳтиром мекунем, дар бузургиашон қоил ҳастем. Худодод буданд, ки ҳамон корҳоро карданд. Китоби Мавлавии Румӣ соли 2006 дар Амрико китоби сол эълон шуда будааст. Як бузурги моро, ҳамзабони моро дунё эътироф кард. Ҳамин Қуръонро ба забони паҳлавӣ тафсир кардааст. Бубинед, ки бузургияшро ҷаҳон эътироф кард:
Маснавии маънавии Мавлавӣ,
Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.

Ҷумъаи ТОЛИБ,
Азимҷон Бадалов,
БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized

5 ё 8? ва қисмати 15 ҳазор доллар

Ба таваҷҷӯҳи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Абдуллоев

Шиносоӣ бо Б. Боқиева, сокини шаҳри Турсунзода, кӯчаи Кутузов, ҳавлии 117 чанд сол қабл ҳангоми гузаронидани як тадқиқоти журналистӣ, ки баъдан дар ҳафтаномаи «Фараж» бо номи «Қиссаи хонахару хонафурӯш» ба табъ расид, оғоз ёфт. Нафаре бо имдод ба мо муроҷиат намуда буд, ки хонаи ӯро ба тариқи фиреб гирифта истодаанд. Ҳатто суди зинаи якум ҳалномаи худро қабул карда буд. Ҳини омӯзиши маводи парванда диққати моро баёноти дар дохили маводҳо мавҷуд будаи Б. Боқиева ба худ кашид. Дар баёнот дигар суханон буду дар ҳалнома акси он қайд карда мешуд. Пас аз ҷустуҷӯ ӯро дар хонааш бемор дарёфтем. Нусхаи баёноташро пешниҳод намудему тасдиқ кард, ки он ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Вақте сабаби дар мурофиаи судӣ аз баёноти додааш даст кашиданашро пурсидем, иброз намуд, дар маҷлиси судӣ ҳам он чизе дар баёнот навишта буд, ҳамонро гуфтааст. Мурофиаи такрорӣ дар ҳамон суду дар ҳайати дигар доир гардид. Б. Боқиева нишондод дод ва ҳақ ба ҳақдор расид…
— Вақте ки баррасии масъалаи хонаи Имомов ба таври такрорӣ оғоз ёфт,-мегӯяд Б. Боқиева,- назди ман омада хоҳиш намуданд, ки нишондодамро тағйир диҳам. Вале ман рости гапро гуфтам. Ба чунин шакле, ки имрӯз бо ман карда истодаанд, Ҳ. Содиқова ва М. Ғафуров ба нафари дигар, сокини шаҳри Турсунзода, маҳаллаи 1, хонаи 3 А. Имомов тӯҳмат карда, мехостанд, ки хонаи ӯро гиранд. Ман шоҳид будам, ки ин маблағро Содиқова Ҳ. ва Ғафуров М. ба соҳиби хона (Имомовҳо,- шарҳи мо) надода, ба каси дигар доданду ҳуҷҷатҳои хонаи Имомовро аз дасти ҳамон занак гирифтанд. Соҳибхона ба суд муроҷиат намуд. Ман он чиро, ки шоҳидаш будам, нақл кардам ва ба тарзи хаттӣ навишта додам. Суд ба манфиати А. Имомов корро ҳал намуд. Ҳамон вақт Ҳ. Содиқова ба назди ман омада илтимос намуда буд, ки нишондодамро тағйир диҳам. Вале ман чунин накардам. Ман баёнотамро ба Суди шаҳри Турсунзода санаи 5-уми сентябри соли 2007 дода будам. Тасаввур кунед, агар ман воқеан аз Ҳ. Содиқова ё М. Ғафуров дар соли 2005 ё баъдан ба чунин миқдор қарздор мебудам, чунин баёнот медодам.
Дар бораи масъалаи қарз ҳаминро гуфтанием, ки раиси Суди шаҳри Турсунзода Саидов даъвои Содиқова Ҳусния, Мурод Ғафуровро нисбат ба Б. Боқиева оид ба рӯёндани маблағи қарз ба миқдори 15 000 доллари ИМА баробар бо асъори миллӣ 62 550 сомонӣ санаи 25-уми ноябри соли 2009 қонеъ намуд. Коллегияи гражданӣ оид ба баррасии парвандаҳои шаҳрвандии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда Л. И. Хоҷаева ва судяҳои Суди Олӣ М. С. Саидов ва Т. Қ. Қодиров аризаи кассатсионии Б. Боқиеваро мавриди баррасӣ қарор дода, онро беқаноат ва ҳалномаи суди зинаи аввалро бетағйир гузоштанд. Б. Боқиева ба қарори зинаи кассатсионӣ ризо нашуда, ба тариқи назоратӣ ариза навиштааст.
Чӣ моро водор намуд, ки ба ин масъала баргардем? Дар моддаи 87-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мешавад: «Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда ва танҳо ба Кониститутсия ва қонун итоат мекунанд». Ин талаботи Конститутсия ва дигар нишондоди қонунгузорӣ аз ҳар як судя тақозо менамояд, ки барои холисона баррасӣ намудани масъала танҳо нишондоди қонунро ба инобат гирад. Дар ин баҳс даъвогар Ҳусния Содиқова далел меорад, ки гӯё дар моҳи июни соли 2006 ба маблағи 15 ҳазор доллари амрикоӣ ба Б. Боқиева қарз додаасту номбурда ин маблағро гирифта забонхат додааст, ки то 20-уми октябри соли 2008 бармегардонад, аммо то ҳол барнагардондааст. Даъвогар ваҷҳ овардааст, ки ин маблағро аз ҳамдаъвогар Мурод Ғафуров, ки хонаашро фурӯхта будааст, гирифта ба Б. Боқиева додааст. Гӯё Б. Боқиева ҳамчун кафолат ҳуҷҷатҳои хонаашро — шаҳри Турсунзода, кӯчаи Кутузов, хонаи 117 ба Ҳусния Содиқова дода бошад. Вале Б. Боқиева иброз менамояд, ки ҳамаи ин бофтаҳои Ҳусния Содиқова мебошад. Мурод Ғафуров тағои Содиқова Ҳусния аст. Б. Боқиева иқрор аст, ки аз Ҳусния Содиқова ба маблағи 15 ҳазор доллари амрикоӣ дар моҳҳои май-июни соли 2005 қарз гирифта, онро то 20-уми октябри соли 2005 пурра баргардондааст. Пас аз он аз «Соҳибкорбонк», ки Ҳ. Содиқова дар он ҷо кор мекардааст, маблағи қарз гирифта, хонаи истиқоматиашро воқеъ дар шаҳри Турсунзода, кӯчаи Кутузов, хонаи 117 барои қарзи бонк ба кафолат мондааст. Баъди пурра баргардондани маблағи қарзи аз бонки «Соҳибкорбонк» гирифта, Ҳ. Содиқова ҳуҷҷатҳои хонаи истиқоматии Б. Боқиеваро бе ягон асос намедиҳад. Б. Боқиева ба Суди олии иқтисодӣ муроҷиат менамояд. Суди олии иқтисодии ҶТ Ҳ. Содиқоваро вазифадор менамояд, ки ҳуҷҷатҳои хонаи Б. Боқиеваро диҳад. Аммо Ҳ. Содиқова ҳуҷҷатҳои хонаро надода, ба зинаи аппелятсионии Суди олии иқтисодӣ муроҷиат мекунад. Зинаи аппелятсионӣ низ қарори авваларо бетағйир мегузорад ва Б. Боқиева ҳуҷҷатҳои хонаашро мегирад.
Дар бораи қарзи додашудаю маблағи баргардондашуда байни ду шаҳрванд баҳс идома дорад. Яке мегӯяд, ки онро баргардондаам, дигаре далел меорад, ки то ҳол надодааст. Албатта 15 ҳазор доллари амрикоӣ маблағи кам нест. Бо аризаи даъвогияшон Ҳ. Содиқова ва М. Ғафуров забонхатеро аз номи Б. Боқиева ба суд пешниҳод кардаанд. Забонхати аз номи Б. Боқиева ба суд пешниҳодшуда шубҳаовар мебошад. Чунки дар забонхат рақами охири сол ислоҳ карда шудаасту намедонед он рақами «5» бошад ё «8». Ҳарчанд дар вақти баррасӣ ба ин масъала чандон аҳамият надода, ин «хатча» ягон аҳамият надорад мегӯянд, ба андешаи мо, он мавқеи калон дорад. Чаро ин «хатча» дар ягон ҷойи дигар неву дар охири рақами сол пайдо шуд? Барои чӣ дар як қисмати забонхат рақами ислоҳшуда бо ҳарф навишта шудаасту дар ин қисмат не?
Оид ба масъалаи чаро то ҳол дар дасти Ҳ. Содиқова боқӣ мондани забонхат ҳам ҳар яке худро ҳақ бароварданӣ мешавад. Ҳ. Содиқова мегӯяд, ки маблағро надод, бинобар ин, забонхат дар дасти ман боқӣ монд. Б. Боқиева иброз менамояд, ки азбаски дар байни мо муносибати хуб буд ва ӯ ҳангоми ба ман додани қарз ягон хел гарав талаб накарда буд, ман ҳам баъди баргардондани қарз забонхатамро ба тариқи ҷиддӣ талаб накардам. Ҳ. Содиқова ба ман гуфт, ки забонхатро дарронда партофтааст ва ман ба сухани ӯ бовар кардам.
Аз маводҳои дар ихтиёрамон буда маълум аст, ки аз соли 2006 инҷониб бо мақомоти қудратии ҷумҳурӣ вобаста ба маблағҳои қарзии гирифтааш баҳси Б. Боқиева идома дорад. Аз он ҷумла дар Суди олии иқтисодӣ бо «Соҳибкорбонк», ки раиси он Ҳ. Содиқова мебошад. Пас чаро ягон маротиба масъалаи қарздории Б. Боқиева ба миён наомад? Хандаовар аст, ки чӣ хел байни Б. Боқиева ва Ҳ. Содиқова баҳси судӣ идома доштаасту боз Ҳ. Содиқова миёнаравӣ карда, аз тағояш маблағ гирифта ба рақибаш медодааст?…
Далели ягона дар ин баҳс ҳамон забонхат мебошад. Вале на дар суди зинаи аввал, на дар суди зинаи кассатсионӣ ба он чандон аҳамият намедиҳанд. Дар суди зинаи аввал бо дархости адвокати Б. Боқиева забонхатро аз ташхиси хатшиносӣ мегузаронанд. Пас аз гирифтани хулосаи мутахассис тарафи ҷавобгар барои ба тариқи такрорӣ гузарондани ташхиси хатшиносӣ дархост мекунанду он беқаноат мемонад.
Баррасии парванда дар суди марҳилаи аввал бо вайрон кардани нишондоди кодекси мурофиавӣ — гражданӣ доир гардида буд. Вале инҷо онро мавриди таҳлил қарор доданӣ нестем. Дар қарори зинаи кассатсионӣ бошад, навишта шудааст: «Тавре суди марҳилаи якум ба пуррагӣ муқаррар намудааст, Боқиева Б. аз Содиқова Ҳусния Нурулоевна ва Ғафуров Мурод маблағи 65250 сомонӣ баробар ба 15000 доллари амрикоӣ моҳи июни 2006 қарз гирифта, ӯҳдадор шудааст, ки то 20 октябри соли 2008 бармегардонад ва дар ин бора забонхат (в.к.6) навиштааст. Ин ҳолати корро худи Боқиева Б. низ тасдиқ менамояд. Аммо дар бораи он, ки қарзашро баргардонида бошад, ба суд далели боэътимодеро пешниҳод накардааст».
Дар асл ин тавр нест. Дар суди зинаи авввал ин масъала пурра мавриди баррасӣ қарор дода нашуд. Далелҳои овардаи Б. Боқиеваро ба инобат нагирифта, мавриди таҳлил қарор надоданд. Б. Боқиева иқрор аст, ки дар моҳи май-июни соли 2005 қарз гирифту онро то 20-уми октябри соли 2005 пурра баргардондааст. Вале ҳолати корро дар мавриди қарздориаш ва забонхаташ оид ба то 20-уми октябри соли 2008 баргардондани қарз умуман эътироф намекунад. Тасавур кунед, кӣ ин қадар маблағро бе ягон манфиатбарию бе ягон кафолат гирифтан ба муддати дурудароз медиҳад? Коллегияи судӣ ҳам асосан ба ҳамон забонхат такя намудааст. Вале Б. Боқиева боз талаб дорад, ки он забонхат ҳаматарафа санҷида шавад. Нисбат ба ин забонхат фикри судяҳои марҳилаи кассатсионӣ чунин аст: «Дигар ваҷҳи шикояти кассатсионии Боқиева Б. оиди он, ки суд бояд экспертизаи такрорӣ дар бораи дар забонхати ӯ додашуда, рақами 5 ба рақами 8 иваз карда шудааст, таъин менамуд, вале таъин кардани онро рад кардааст ва бо ин асос бояд ҳалнома бекор карда шавад, коллегияи судӣ чунин мешуморад, ки он қобили қабул нест. Чунки тавре дар боло зикр гардид, Боқиева Б. воқеияти аз Содиқова Ҳ. гирифтани маблағи 15 ҳазор доллари амрикоиро рад намекунад ва забонхати навиштаашро низ тасдиқ мекунад. Аммо Боқиева Б. дар хусуси он, ки маблағи пулиро ба қарздиҳанда баргардонидааст ин ҳолатро дар суд исбот накардааст.
Дар сурати ҷой доштани чунин ҳолат, суди марҳилаи якум таъин намудани экспертизаи такрории судиро дурусту мувофиқи мақсад наҳисобида, асоснок дархости Боқиеваро ба таъиноти худ рад намудааст. Ҳамин нуқтаро низ қайд намудаш бамаврид аст, ки тавре аз хулосаи №02/2198/2009 ташхиси судӣ-техникии ҳуҷҷатҳо (в.к. 47-48) бармеояд, «дар забонхати Боқиева Б. дар мавқеи ҷойгиршавии навиштаҷоти «2008 йил» эҳтимолан соли «2008» навишта шудааст».
Хулосаи ташхиси техникии ҳуҷатҳо № 02/2198/2009 сол собит менамояд, ки масъала пурра ҳалли худро наёфтааст, забонхати мазкур пурра санҷида нашудааст. Дар ин хулосаи хатшиносӣ таъкид мешавад, ки эҳтимолияти соли «2008» вуҷуд дорад. Аммо аниқ муайян карда нашудааст, ки он кадом сол аст. Чунки мутахассис таъкид менамояд: «Саволи дар назди коршинос гузошташуда аз сабаби ба ташхис пешниҳод нашудани ҳусни хати озоди Боқиева Б. ба пуррагӣ ҳалли худро наёфт».
Аз ҷониби судяи марҳилаи аввал ва судяҳои зинаи кассатсионӣ бошад, ин ҷиҳати масъала ба инобат гирифта намешавад, ки ҳайратовар аст. Дар асл бори дигар таъин намудани ташхиси хатшиносию забонхатро ҳаматарафа муайян намудан он қадар кори мушкил нест. Бале, мушкилӣ надорад, агар манфиат набошад…

Ҷумъаи ТОЛИБ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized

«Роғун»-ро ғорат карданд…

ё худ намунаи корбарии Ҷаббор Расулову Савченко

Охири солҳои 70-уми қарни ХХ буд. Он солҳо ба ҳайси суратгири рӯзномаи «Меҳнати коммунистӣ»-и ноҳияи Файзобод ва суратгири ғайриштатии рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ фаъолият мекардам. Он солҳо расмҳои мегирифтаам дар бораи иншооти ниҳоят муҳим — НБО-и «Роғун» ҳикоят мекард. Аз ин иншоот садҳо диловарони арсаи меҳнат, созандагони нерӯгоҳро аксбардорӣ карда, дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявию марказии собиқ Шӯравӣ болои чоп овардам. Он солҳо дар нерӯгоҳ аз тамоми гӯшаю канор муҳандисон, роҳсозону нақбканон, ронандагону экскваторчиён бо амри дил барои бунёди нерӯгоҳ омада, кор мекарданд.

Он солҳо 17 миллату халқиятҳо чун ёру бародар дар се баст фаъолият доштанд. Дар як муддати кӯтоҳ шаҳраки Сарипулак ва Роғунро бунёд карданд. Дар шаҳр садҳо манзили истиқоматӣ, биноҳои маъмурӣ, қасри фарҳанг, осорхонаю китобхонаҳо, ҳаммому дабистонҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Боре аз идораи рӯзномаи «Меҳнати коммунистӣ» супориш доданд, ки роҳсоз — дорандаи ордену медалҳои «Ленин», «Дӯстии халқҳо», «Инқилоби Октябр», ифтихорномаҳо — Камол Ҳамсариевро, ки дар бунёди НБО-и «Сарбанд», «Норак» ва «Роғун» саҳм гузоштааст, бо аъзоёни бригадааш аксбардорӣ кунам. Рӯзе, ки аз пайи супориш шудаму ба ҷойи кори Камол Ҳамсариев омадам, гурӯҳи ӯ машғули тахту ҳамвор кардани роҳи ҳашткилометраи Қадиобу Роғуншаҳр буданд. Аз даста Камол Ҳамсариевро пурсон шудам. «Ман»,- ҷавоб дод ӯ ва илова кард: «Бародар, ба ман кор доштед?». Мақсади омаданамро фаҳмондам. Камол Ҳамсариев ба дастааш супориши иловагӣ доду маро то ҷойи даркории роҳсозон бурда, дар наздам дастурхон гузошту ба нӯшидани чой ва тановули мастоба даъват кард. Таклифи ӯро рад накардам.
Расо як соат бо Камол Ҳамсариев дар бораи аз рӯзи ба фаъолият сар карданаш дар бунёди нерӯгоҳҳои «Сарбанд»-у «Норак» ва «Роғун» сӯҳбат оростем. ӯ гуфт: «Баъди солҳои 60-уми асри ХХ тибқи нақшаи ҳукумати марказӣ ва ҳукумати ҷумҳурӣ бунёди нерӯгоҳ оғоз гардид. Аз шунидани бунёди НОБ хушҳол гаштам. Мақсад гузоштам, ки дар бунёди НБО-и «Норак» саҳм гузорам. Даҳ нафар роҳсозро ҳамроҳ гирифта, роҳи Норакро пеш гирифтам. Ҳамон рӯз моро бо хушнудӣ қабул карда, сохтмони роҳи навро ба зиммаамон гузоштанд. Он солҳо Норак дар мавзее ҷойгир буд, ки 10-15 хоҷагиро дар бар мегирифту он хоҷагиҳо дар миёни кӯҳҳо ҷойгир буданд. Аз ин ҷо мардум ба воситаи хару асп барои рӯзгорашон намак меоварданд.
Вақте сохтмони нерӯгоҳ оғоз гардид, ду километр дуртар аз деҳаи Ғешӣ ба бунёди роҳи нав сар кардем. Роҳи нақлиётгард, ки аз деҳаи Ғешӣ то даромадгоҳи Норак мерафт, роҳ каҷукилеб, тангу ноҳамвор буда, барои кашондани масолеҳу семент, оҳану таҷҳизоти вазнин мусоидат намекард. Рӯзе масофаи як-ду километр роҳи нав месохтему онро бетону асфалтпӯш мекардем. Техникаҳо рӯзе чор-панҷ километр роҳи навро тахту ҳамвор мекарданду мошинҳо сангу шағол оварда мерехтанд. Аъзоёни дастаи меҳнатии мо дар сохтани роҳ саҳм мегузоштанд.

Боре ду рӯз сангу шағал аз Душанбе ворид нагардид. Рӯзи дигар котиби аввали Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон шодравон Ҷаббор Расулов аз корҳои созандагию бунёдкории коргарону мутахассисони нерӯгоҳ дидан карда, ба назди мо омад ва аз кору борамон пурсон шуд. Ман ба Ҷаббор Расулов арз кардам, ки ду рӯз боз аз сангу шағал, сементу асфалт танқисӣ мекашем. Шодравон дар дафтари бақайдгириаш дархости маро навишта гирифту бо мо хайрухуш карда, ба Душанбе рафт. Рӯзи дигар зиёда аз 10 мошин сангу шағал, сементу асфалт барои сохтмони роҳи нав оварда шуд. Дар муддати начандон тӯлонӣ сохтмони роҳи нави зиёда аз 20-километраи то Норак ба анҷом расида, мавриди истифода қарор гирифт».
Аз соли 1960 сохтмони НБО-и «Норак» оғоз гардида, 15-уми ноябри соли 1972 аввалин агрегати он ба кор даромад. Баъди ба кор даромадани нерӯгоҳ Камол Ҳамсариев бо дастаи меҳнатиаш баҳри бунёди НБО-и «Роғун» соли 1975 ба кор омад. Аз соли 1975 то солҳои 80-ум ӯ дар ин иншооти ниҳоят муҳими стратегӣ саҳми арзандаи хешро гузошт.
Камол Ҳамсариев дар ин маврид гуфт: «Солҳои нимаи 70-ум кашондани масолеҳу таҷҳизот, техникаю технологияи вазнин, ки аз ҷумҳуриҳои Украина, Белорусия, Русия ба НБО-и «Роғун» оварда мешуданд, ба воситаи роҳи нақлиётгарди шаҳрии Обигарму ноҳияи Нуробод ниҳоят душвор буд. Ин роҳ то нерӯгоҳ зиёда аз 20 километрро дар бар мегирифт ва ниҳоят каҷукилебу душворгузар буд. Фасли баҳор аз кӯҳҳо тарма, сангу шағал ба роҳ мерехт, ки дар натиҷа расонидани техникаи вазнини воридшуда то нерӯгоҳ машаққати зиёдро талаб мекард. Дар ин бора ба сардори «Роғунгесстрой» А. В. Савченко дархост пешниҳод кардам, ки бояд роҳи нав аз Қадиоб то Роғун сохта шавад. В. Т. Савченко дархости маро ҷонибдорӣ карда, барои оғози сохтмони роҳи нав розигӣ дод. Ҳамин тавр, сохтмони роҳи навро аз деҳаи Қадиоб сар карда, дар тӯли 6 моҳ сохтмони онро анҷом додем».
Баъди солҳои 80-ум, аниқтараш соли 1989 заминаи барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба миён омаду алоқаи иқтисодӣ бо мамлакатҳои собиқ канда шуда, бунёди нерӯгоҳ дар миёнароҳ монд. Ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуда, мутахассисон, муҳандисону роҳсозони русзабон кӯч бастанд. Аз кашмакашиҳои сиёсӣ дуздону ғоратгарон истифода бурда, «Роғун»-ро талаю тороҷ карданд. Садҳо манзилу тақсимкунакҳои барқӣ, тасмачарху шиферу тунука, мошинҳои боркашу булдозеру экскваторҳо, белазу сементро ба яғмо бурданд.
Агар «Роғун»-ро ғорат намекарданд, зиёда аз 70 фоизи корҳои созандагию бунёдкории нерӯгоҳ иҷро буданд.
Бо ташаббус ва роҳбарии хирадмандонаи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагию бунёдкории нерӯгоҳи ниҳоят муҳими стратегии аср НБО-и «Роғун» аз нав эҳё гардид. Имрӯзҳо барои бунёди нерӯгоҳ аз тамоми гӯшаю канори кишвар мутахассисон, роҳсозон, муҳандисон гирд омадаву дар се баст фаъолона кор карда истодаанд. Ҳар фарди бонангу баномуси миллат дар харидории саҳмияҳо саҳми муносиб гузошта истодааст.
Агар қаҳрамонони миллати тоҷик Шерак, Спитамен, Муқаннаъ, Маҳмуди Торобӣ, Темурмалик, Мавлонзода баҳри нангу номуси ватандорӣ муқобили аҷнабиён ҷангида, ҷони худро нисор карда бошанд, имрӯз нангу номуси миллати тоҷик бунёди НБО-и «Роғун» мебошад. Набояд ба умеди дигарон шавем! Бояд худамон нерӯгоҳро бисозем. Зеро «Роғун» ояндаи миллат, ояндаи дурахшони кишвар аст.
Бояд зикр кард, ки агар агрегатҳои аввалини нерӯгоҳ ба кор дароянд, Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон мешавад. Дар ин ҳол на танҳо кишварро аз бӯҳрони энергетикӣ мебарорем, балки ба мамлакатҳои дуру наздик барқ содир карда, диёрамонро аз бӯҳрони иқтисодию энергетикӣ раҳо мекунем. Ҳамчунин, даҳҳо корхонаҳои хурду миёна бунёд гардида, садҳо нафар бо ҷойи нави корӣ таъмин мешаванд.
Имрӯзҳо пайравони Камол Ҳамсариев — Хайрулло Маҳмудов, Сафаралӣ Холов, Баҳрулло Маҳмудов, Сайфиддин Назаров, Холмурод Собиров, Шамсулло Муҳиддинов ва дигарон дар бунёди НБО-и «Роғун» кору фаъолият доранд.

Ҳокими САФАР

Рубрики:Uncategorized

Маҳаллаи 103 ба маҳаллаи 104 лашкар кашид

Бачаҳои маҳаллаи 103 ба маҳаллаи 104 лашкар кашида, дар ҷанг ғалаба карданд. Ин як воқеаи айбомезу нафратовар аст. Ба гуфти худи бачаҳо, ин лашкаркашӣ сабаб доштааст.

Аслан ин ҷанг рӯзи 12-уми марти соли 2010 рух медиҳад. Дар маҳаллаи 103 ҳангоми гузаштани духтарон, касе онҳоро ғам медиҳад. Вақте аз ин воқеа дар маҳаллаи 104 хабардор мешаванд, онҳо ҳам даст ба ин кори ҷиноятбор мезананд. Як маротиба байни ду маҳалла задухӯрд ба вуқӯъ мепайвандад. Бори дуюм паҳлавонони маҳаллаи 103 лашкари зиёд ҷамъ оварда, ба маҳаллаи 104 ҳуҷум мекунанд. Дар ин ҷо ду нафар ҷароҳати вазнин бардошта, ба беморхона меафтанд. Паҳлавононе, ки бо ҳам ҷангидаанд, ҳарду дар як мактаб, мактаби миёнаи №43 мехонанд.
Оё айб нест, ки мо тоҷикон бар зидди худ ба ҷанг мехезем!? Оё аз ин ҳам ҷанги сахтро аз сар нагузаронидем!? Айб нест, ки мо тоҷикон ба маҳаллаи ҳамсояи худ ҳамла орему сокинони онро захмин кунем? Сабаби ҳамаи ин ҷангҳо дар он аст, ки мо ба дарсхониву ба корҳои нек машғул нестем. Устодон бошанд, дар вақти санҷиш ва имтиҳон аз ҷавонон маблағ гирифта, бо ҳамин рӯҳия онҳоро барои ояндаи миллат тайёр мекунанд. Ин ҳама айб ва бадтар аз ин, хиёнат аст!
Агар ҳол чунин бошад, мо пеш меравем? Не, ҳаргиз! Мо вақте ба пешравӣ ноил мегардем, ки якдигарро дӯст дорем. Чун бародар дасти якдигарро бигирем, бо ҳам дониш омӯзем ва бо ҳам амал кунем.
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,
Дар парешонҳоливу дар мондагӣ.

Муҳаммади НАБӣ,
хонандаи мактаби миёнаи №90

Рубрики:Uncategorized

Баҳси ДТИКТ, таҳаммули Фарҳод Раҳимов, «неш»-и Хуршед Зиёев

21 апреля, 2010 2 комментария

Аз вазифа рафтани собиқ ректори ягона донишкадаи мустақили Тоҷикистон Хаёл Бобоевро қариб як сол мешавад. Моҳи майи соли гузашта баъди аз кор рафтани Бобоев дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» мақолае бо номи «Ректор тарки вазифа кард, вале на ҳамаи омӯзгорон маош гирифтанд» мунташир гардид, ки ба қалами С. Искандаров тааллуқ дошт. Баъдан дар ҳафтаномаи «Пайкон» мақолаи «Хаёл Бобоев: Агар ин пулҳоро ман мехӯрдам…» чоп шуд, ки пас аз нашри он дар байни мардум, хусусан устодону донишҷӯёни ДТИКТ сарусадои зиёде ба миён омад. Собиқ ректорро пас аз вазифа барканор шуданаш вохӯрдему дар мавриди ДТИКТ сӯҳбат карда, фикрашро рӯйи қоғаз овардем. Аз боварии Бобоев, ки ба наздикӣ 70% донишомӯзон тарки ин даргоҳи таълимӣ мекунанд, муассис ва кулли кормандони донишкада дар ҳайрат буданд. «Намедонем ин боварии собиқ ректори донишкада Х. Бобоев аз куҷо маншаъ мегирад!» гуфта буданд онҳо.

Бори нахуст Бобоев дар асоси моддаи 46-и Кодекси меҳнати ҶТ бинобар аз якчанд фармони муассис саркашӣ намуданаш ва иҷро нагардидани фармони корфармо аз вазифаи ректорӣ озод карда шуда буд. Сипас фармон тағйир ёфта, Х. Бобоев бо дигар восита, яъне бо аризаи худ аз кор меравад. Чанд рӯз қабл аз ба истеъфо рафтани Бобоев воқеан дар байни донишҷӯёни донишкадаи номбурда дар мавриди барҳам хӯрдани ягона донишкадаи мустақили Тоҷикистон суханҳои зиёде шунида мешуд. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки агар Бобоев дар мавриди баста шудани донишкадаи мустақили Тоҷикистон ҳарфе намегуфт, пас аз куҷо овозаи баста шудани он пайдо мешуд? Ё мақоли «то шамол нашавад, барги дарахт намеҷунбад» рост баромад?
Баъди чопи мақолаҳои пай дар пай дар ВАО овозае паҳн гардида буд, ки гӯё Вазорати маориф шикояти собиқ ректори ин донишкада Х. Бобоевро ба назар гирифта, ба хулосае омадааст, ки ин донишкадаро мебандад. Бисёриҳо аз ин овозаҳо боварӣ надоштанду мегуфтанд: «Ҷойи он, ки вазорат чунин муассисаҳоро дастгирӣ кунад, чӣ хел онро мебастааст?». Ниҳоят фармони вазири маориф аз 23-юми июли соли 2009 дар мавриди муваққатан боз доштани фаъолияти ДТИКТ баромад. Дар расонаҳои давлатӣ хабарҳое низ нашр гардид, ки довталабон бояд ҳуҷҷатҳояшонро бозпас гиранд. Нафаре намедонад, довталабоне, ки ҳуҷҷатҳояшонро бозпас гирифтанд, ба куҷо рафтаанд. Оё онҳо дар донишкадаи дигар аз рӯйи ихтисосе, ки ба он шавқу рағбат доштанд, дохил шуданд ё не? Ё дар кӯча монданд? Агар аз ноилоҷӣ ба дигар макотиби олӣ дохил шуда бошанд, пас онҳо метавоанд дар оянда мутахассис хуб шаванд?
Вақте дар ин маврид бо Бобоев ҳамсӯҳбат гаштем, гуфта буд, ки рафта аз устодони донишкада пурсон шавем. Ҳамчунин, хоҳиш дошт суол диҳем, ки чаро дар давоми чанд соли ахир чор ректор тарки вазифа кардаанд? Ҳарчанд муяссар нашуд бо собиқ ректорҳо дар мавриди тарки вазифаашон сӯҳбат кунем, тавонистем дар ин маврид фикри устодони донишкадаро гирем ва онҳо чунин посух доданд: «Мо медонем, ки ректори аввала Шукуров буданд. Рафтани Шукуров аз вазифа бо муноқиша набуд. То ҷое аз забони Шукуров шунида будем, он кас бо фармони Президенти ҷумҳурӣ ректори Донишгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа таъин шуда буданд. Ректори дуюм Ҷамшедов буданд, ки он кас бояд дар асоси барномаи грантӣ як моҳ ба хориҷа сафар мекарданд. Аз муассис хоҳиш намуда буданд, ки ӯро аз вазифааш барканор кунанд. Ҳангоми ба истеъфо рафтан ба он кас аз ҷониби донишкада тӯҳфа тақдим гардид. Сеюм ректор Ҳ. Умаров буданд, вале аз сабаби ба нафақа рафтанашон дигар кор карда натавонистанд. Доим аз фаъолияти донишкада қаноатманд буданд. Маълум аст, ки Х. Бобоев чи хел аз вазифа рафт». Яъне, ақидаи Х. Бобоевро устодони донишкада беасос донистанд. Ба ин маънӣ, ки Бобоев бо ин иддао мехоҳад донишкадаро гунаҳкор созад. Баҳсҳои судӣ ҳам оғоз гардид. Тибқи иттилое, ки ба даст овардем, 13 ҷаласаи судии вазорат бо донишкада баргузор гардидааст. Ҷониби вазорат мехоҳад иҷозатномаеро, ки барои фаъолияти донишкада додаасту эътибори он то соли 2013 аст, бозпас гирад. Муовини вазири маориф Фарҳод Раҳимов дар ин маврид мегӯяд: «Мо мехоҳем иҷозатномаеро, ки барои фаъолияти ДТИКТ дода будем, бозпас гирем. Ба фаъолият кардану накарданаш коре надорем». Модоме ки Вазорати маориф иҷозатномаи бозпас гирад, пас донишкада чи хел метавонад фаъолияташро идома диҳад!? Ҷониби донишкада мегӯянд: «Мақоми Донишгоҳи гуманитарии байналмилалӣ ба ДТИКТ аз тарафи вазорат иҷборӣ тағйири ном кард. «Мо пешниҳод кардем, пешниҳоди моро қабул карданд, сипас мақоми донишгоҳ ба донишкада табдил дода шуд»- мегӯяд дар навбати худ Ф. Раҳимов
Дар мурофиаи судии ДТИКТ бо Вазорати маориф, ки дар Суди иқтисодии шаҳри Душанбе доир гардида буд, Фарҳод Раҳимов аз куҷо омаданамро пурсон шуд. Вақте аз «Пайкон» гуфтем, Хуршед Зиёев заҳрхандае карду гуфт: «Ин нашрияи расмии донишкадаи инноватсионӣ». Ба ин далел, ки гӯё мо дар ин баҳси дуҷониба танҳо тарафдори як ҷониб ҳастем. Ҳол он ки, чанд маротиба мухбирҳои ҳафтанома барои фаҳмидани фикри намояндаи вазорат рафта буданду онҳо бо ҳар баҳона сӯҳбат кардан нахостанд. Гузашта аз ин, барои ҷавоб нагардонидан ба мақолаҳое, ки дар бораи баҳси Вазорати маориф ва ДТИКТ нашр гардидааст, то ҳол масъулини соҳа қарздоранд.
Дар охирин ҷаласаи судии донишкада бо вазорат Фарҳод Раҳимов иброз дошт: «Ҳамаи он мақолаҳое, ки дар бораи Вазорати маориф нашр гардидаанд, ҷамъ кунем, ҷилдҳо китоб мешавад. Аммо ба ҳамаи ин таҳаммул мекунем». Вақте дар мавриди фармони рақами 622 пурсон шудем, «баҳси мо ба ин масъала иртиботе надорад, албатта мақолаҳои таҳқиромезро дар назар дорем. Дар дигар бора бошад, вазорат муваззаф аст, ки ҷавоб диҳад»,- гуфт Фарҳод Раҳимов.
Медонем, ки бо ин ҷавоб аз вазъият баромаданиянд, аммо онро қабул надорем. Ҷониби вазорат фикр мекунанд, ки мо донишкадаро дастгирӣ мекунем, ки хушбахтона ин тавр нест. Танҳо аз ҳақиқати ҳол гуфтанием, ки вазорат чӣ мехоҳаду донишкада чӣ. Ба андешаи кормандони донишкада, ба ин масъала характери сиёсӣ дода истодаанд. Аммо намояндаи вазорат Ф. Раҳимов мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ ба масъалаи мавриди назар ҷанбаи сиёсӣ надодаанду дода намешавад.
Хуллас, бо ҳар роҳ ҷонибҳо мехоҳанд камбудиҳои якдигарро ёбанд. Вазорати маориф мехоҳад дар мавриди бинои донишкада ба додгоҳ муроҷиат кунад. Зеро онро ғайриқонунӣ медонад. Ба гуфтаи ҷониби донишкада, бинои донишкада ғайриқонунӣ нест ва намояндагони он мехоҳанд дар ин маврид баҳсҳо идома ёбанд.

Азимҷон БАДАЛОВ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized