Архив

Archive for 29 апреля, 2010

Ё «Роғун», ё Самарқанду Бухоро…

29 апреля, 2010 1 комментарий

ва ё то кай ба тоҷикон бо як чашм нигоҳ мекунанд?

Баъд аз бозиҳои сиёсии чандкаратаи ҷониби ӯзбекистон ҷониби Тоҷикистон маҷбур шуд ҳайати ҳукуматияшро бо сарварии муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон барои анҷом додани музокира бо мақомоти кишвари ҳамсоя ба Тошканд фиристонад. Манзури асосӣ аз ин сафари ҳайати ҳукуматӣ баррасии масоили интиқоли молу коло ва вагонҳои Тоҷикистон аз қаламрави ӯзбекистон аст. Вагонҳое, ки дар қаламрави ӯзбекистон бо баҳонаи «мушкилоти фаннӣ» боздошт шудаанду коршиносони тоҷик ин амалро ба масоили сохтмони НБО-и «Роғун» марбут медонанд.

Сафари ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон ба ӯзбекистон дар ҳоле сурат мегирад, ки намояндаи сафорати ӯзбекистон дар Душанбе гуфтааст: «Бо назардошти аҳамияти «ТАЛКО» барои иқтисоди Тоҷикистон вагонҳои иборат аз гилхок барои ин корхона бидуни таъхир ва навбат ба Тоҷикистон гузаронида хоҳад шуд». Шояд баъди чунин баёнияи сафорати ӯзбекистон дар Душанбе ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон сари мавзӯи «ТАЛКО» камтар қарор гиранд. Ба он хотир, ки кишвари ҳамсоя иштибоҳҳоташро дарк кардаву акнун баҳри рафъи моҷароҳо роҳи мусолиматомезро пеш хоҳад гирифт. Аммо боз ҳам шубҳа боқӣ мемонад, ки шояд «оромшавӣ»-и ӯзбекистон як муддати кӯтоҳ бошад. Зеро муовини раиси Бонки ҷаҳонӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Филип Ле Уэйру дар номаи ба Ҳукумати ӯзбекистон фиристодааш хабар медиҳад, ки коршиносони Бонк дар давоми рӯзҳои 20-27-уми апрели соли равон асосонокии вазъи техникию иқтисодии сохтмони НБО-и «Роғун»-ро мавриди ташхис қарор медиҳанд. Муовини раиси Бонки ҷаҳонӣ ҳамчунин Ҳукумати ӯзбекистонро мутмаин месозад, ки мутахассисон ба нақшаи сохтмони нерӯгоҳ баҳои беғаразонаю асосонок медиҳанд ва ин ҷонибро аз натиҷаҳои ташхис огоҳ менамоянд. Гумони ғолиб ин аст, ки ҷониби ӯзбекистон танҳо ба хотири фаҳмидани хулосаи ин мутахассисон муваққатан сокит шудааст ва кӣ медонад боз чӣ нақшаҳоеро бар сар дорад. Чунки, нақшаҳои бебунёди ин кишвар борҳо аён шудаву ба нокомӣ мувоҷеҳ гаштааст.
То он вақте, ки дар бораи сохтмони НБО-и «Роғун» қарор қабул шуд, аз ҷониби ӯзбекистон монеасозиҳо вуҷуд дошт. Аммо на ба он ҳадде, ки соли ҷорӣ пурзӯр гардид. Ҳанӯз дар соли 2009 рӯзномаи иғвоангези ӯзбекистон – «Даракчӣ» мақолаи бесарунӯгеро таҳти унвони «Дар хоки Сурхондарё алюминий?» нашр карда буд, ки муаллифи он Дилшодаи Зариф бо эҳсосоти бемаврид мегуфт: «… Зарари заводи арзизи Тоҷикистон ба саломатии аҳолии 570-ҳазорнафараи вилояти Сурхондарё ҳалокатбор буда, вазъи экологии ин минтақа хеле хавфнок шудааст. Қаблан корхонаи арзиз ба навоҳии Сариосиё ва Узун таъсири хешро расонида бошад, акнун ба анорҳои дар ҷаҳон машҳури Дашнобод таъсир расонида истодааст. Меваҳо ҳеҷ гап не, одамон, саломатии инсонҳо чӣ? Ба ин кӣ ҷавобгар аст?… ». Дар ҳоле ки, тибқи маълумотҳо, заводи металлургии Бекобод алъон дар хоки Тоҷикистон ҷойгир асту аҳолии чанд ноҳияи кишвари мо аз дуди заҳролуди он нафас мекашанд. Инчунин, оид ба ҳамин ҷузъи масъала муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ойхон Шарифова дар як мусоҳибааш гуфта буд: «… Аз ҷониби мақомоти давлатии ҳифзи муҳити зист ва тандурустии Ҷумҳурии ӯзбекистон дар тӯли даҳсолаи охир ягон маводи ташхиси лабораторӣ ё натиҷаҳои мушоҳидаҳои шабакаҳою дидбонгоҳҳои гидрометеорологӣ, ки аз меъёр зиёд будани консетратсияи партовҳои КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик»-ро дар ҳудуди минтақаҳои аҳолинишин ва сарҳади давлатӣ нишон диҳад, ба унвони сохторҳои тандурустӣ ё ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ирсол нагардидааст. Таъсири манфии корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии ӯзбекистон дар минтақаҳои наздисарҳадӣ хеле зиёд аст. Аз ҳаҷми умумии партовҳои ба ҳаво хориҷшаванда дар Осиёи Марказӣ, ки 7,5 млн. тоннаро ташкил медиҳад, ба Ҷумҳурии ӯзбекистон 28,7% (2,2 млн. тонна) ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,6% (0,12 млн. тонна) рост меояд, ки дар муқоиса нисбат ба ҷумҳурии ҳамсоя 18 баробар кам мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 93 фоизи энергияи электрикӣ асосан дар нерӯгоҳҳои барқии обии аз ҷиҳати экологӣ тоза тавлид мешавад. Дар Ҷумҳурии ӯзбекистон бошад, 85 фоизи энергияи электрикӣ асосан дар нерӯгоҳҳои аловӣ истеҳсол мегардад, ки ҳаҷми партовҳои моддаҳои ифлоскунанда аз чунин нерӯгоҳҳо даҳҳо маротиба аз партовҳои нерӯгоҳҳои барқии обӣ зиёд аст. Дар шаҳрҳои Бекобод ва Олмалиқи Ҷумҳурии ӯзбекистон ду заводи металлургӣ, заводи сементбарорӣ, стансияи гармидиҳии аловӣ ва якчанд корхонаи хурди саноатӣ мавҷуданд, ки бо ангишт ва маҳсулоти нафтӣ кор мекунанд. Санҷишҳои моҳи ноябри соли 2009 гузаронидаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист нишон дод, ки таъсири манфии партовҳои хориҷшавандаи онҳо, аз ҷумла оксиди сулфур, чангу ғубор ба муҳити атрофи ноҳияҳои Спитамен, Зафаробод ва минтақаҳои Фармонқурғони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз меъёрҳои муқаррарӣ 1,5 маротиба зиёдтар аст».
Аммо гӯши гапношунави ҷониби ӯзбекистон ин суханҳоро нашунида, ки боз дар рӯзномаи «Адолат кузгусӣ»-ашон муқобили Тоҷикистон баромади ноҷою иғвоангезона кардаанд. Аз ҷумла, муаллифи мақолаи «Дар минтақаи Осиёи Марказӣ сохтмони ГЭС-ҳои бузург ба миллионҳо одамон таҳдид мекунад» – О. Раҷабов менависад, ки «сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ғайриқонунӣ ва ҷиноят аст». Бо ин қонеъ нашуда, муаллифи «мӯҳтарам» ба таҳдид мегузарад: «Ба ҳангоми зарурат ҷониби ӯзбекистон сохтмони нерӯгоҳҳои «Роғун» ва «Қамбарота»-ро бо роҳи низомӣ ҳам бошад, мутаваққиф хоҳад кард». Аз хондани ин ду ҷумла ба бефаҳмтарин фард ҳам маълум мегардад, ки чунин мавқеъ танҳо мавқеи як нафар муаллиф нест. Дар пушти ин муаллиф нафар ва ё гурӯҳҳое меистанд, ки аз ҷониби сохторҳои калидии давлатӣ пуштибонӣ мешаванд. Аммо ин иддаои ҷониби Раҷабов асос надораду ба ҷуз «хоби даруни гаҳвора» дигар чизе нахоҳад буд. Зеро Тоҷикистон боре ҳам барномаҳояшро бе ҳамоҳангӣ бо дигар кишварҳо, аз ҷумла ӯзбекистон амалӣ накардаву ҳамеша аз дипломатия истифода бурдааст. Дар ин маврид худи Президенти кишвар низ мегӯяд: «Тоҷикистон ҳамеша манфиатҳои кишварҳои минтақаро ба эътибор мегирад ва лоиҳаҳои мо бар хилофи ин манфиатҳо нестанд. Баръакс, бо татбиқи ин лоиҳаҳо натанҳо минтақаҳоро метавон бо барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намуд, балки шароити дастрасӣ ба обро беҳтар кард. Зеро иншооти гидроэнергетикӣ ба кам шудани партови газҳо ба атмосфера мусоидат мекунад, ки комилан ба протсесси Копенгаген ҳамоҳанг аст».
Дар навбати худ, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид Пан Ги Мун изҳор дошта буд, ки «Мо аҳамияти бунёди нерӯгоҳи «Роғун»-ро барои Тоҷикистон хуб мефаҳмем ва омодаем онро ба таври амиқ баррасӣ намоем. Мардум бояд ба нерӯи барқ дастрасии кофӣ дошта бошанд». Дар ин замина ӯ қайд намуд, ки барои ташкил кардани муколамаи роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мавзӯи мазкур кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.
Муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров низ ба бехатарии сохтмони НБО-и «Роғун» ишора карда, мегӯяд: «Ҷомеаи ҷаҳонӣ тарафдори сохтмони нерӯгоҳ аст. Ин тарҳ шояд ба баъзе гурӯҳҳо манфиатнок набошад, вале барои мардуми ӯзбекистон ба ғайр аз манфиат чизе намедиҳад. Барқи арзон ва солим барои муҳити зист ба фоидаи ҳама аст».
Аммо аз чӣ бошад, ки ҷониби ӯзбекистон ҳамаи ин нуктаҳоро нодида мегираду барои амалӣ кардани нақшаҳои худкомагии худ талош меварзад.
Чунин ба назар мерасад, ки фаъолияти «ТАЛКО» ва сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» устухонест дармонда бар гулӯяш. Устухоне, ки на фурӯ бурда метавонад, на бо зӯри атса дур андохтан мехоҳад. Ҳамин аст, ки рӯз аз рӯз нағмаву усулҳои нав ба нави фишороварӣ мебофад. Бахусус тазоҳуроте, ки чанде қабл Ҷунбиши экологии ӯзбекистон дар рӯзи 35-солагии «ТАЛКО» барпо кард, боиси тааҷҷуб аст. Шояд ҷониби ӯзбекистон фикр кардааст, ки «Талко» барои сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» маблағгузорӣ мекунад ва бо ин роҳ «дамашро» дарун афтонданӣ шудааст? Кӣ медонад!? Аммо иддаои онҳоро, ки гӯё фаъолияти ин корхона барои вазъи саломатии аҳолии манотиқи марзӣ зараровар аст, мутахассисони тоҷик беасос хонда, ҷавобҳои мушаххаси пурдалел ҳам доданд.
Сардори шӯъбаи ҳифзи муҳити атрофи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» Нуралӣ Қодиров гуфт: «Таҳлилҳои аналитикии озмоишгоҳи корхона, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Вазорати тандурустӣ нишон медиҳанд, ки миқдори партовҳои истеҳсолии зараровар дар ҳудуди корхона дар доираи меъёрҳои муқарраргардида қарор дорад.
Дар корхона он таҳлилҳое мавҷуданд, ки солҳои 89-90-ум дар ҳолати бо иқтидори зиёдтар фаъолият намудани корхона бо ҳамдастии мутахассисони масъули ҳифзи муҳити атрофи Ҷумҳурии ӯзбекистон ва бо имзои кормандони ҳукумати маҳалли кишвари ҳамсоя тасдиқ шудаанд. Мувофиқи он, миқдори моддаҳои зараровар ва партовҳои истеҳсолӣ 8-10 маротиба аз меъёр кам аст.
Имрӯз, ки истеҳсоли маҳсулот нисбати он солҳо камтар гардидаасту миқдори консентратсия дар ҳудуди корхона аз 3 то 10 маротиба кам аст, чаро он дар Ҷумҳурии ӯзбекистон зиёд мегардидааст?
Ба фикри ман, ин танҳо бозии сиёсӣ асту халос».
Мавсуф ба хулосае омадааст, ки муаммоҳо миёни ҳамсоягон бояд бо роҳи мусолиматомез ва назардошти манофеи ҳамдигарӣ ҳал шавад, на тавассути эътирозҳои сохтаву бозиҳои сиёсӣ.
Чунин ҳам ҳаст. Зеро ташкил кардани тазоҳуроту аз ҳисоби донишҷӯён пур намудани сафи эътирозгарон ба мнфиати кор нест. Эътирозро бо роҳи дипломатӣ низ метавон баён намуд. Вагарна, мо низ метавонем назди сафорати ӯзбекистон дар Душанбе хайма занему талаби Самарқанду Бухоро намоем, ба дарди садҳо соҳибони қурбониёни «минаҳои ӯзбекӣ» даво ҷӯем, барои оби аз қаламрави кишварамон мегузашта ҷуброн хоҳем ва ҳоқазо. Аммо ба қавли профессор Абдунабӣ Сатторзода: «Коршиносони ҳирфаӣ роҳи ҳалли дурусти мушкилоти обу барқи минтақаро дар бастани созишномаи дарозмуддат дар бораи бунёди «Иттиҳоди обу барқи кишварҳои болооб ва поёноби Осиёи Марказӣ» дидаанд, ки татбиқи он ҳам мушкили таъмини кишварҳои болообро бо барқ ва ҳам масъалаи риояти тавозун ва ҳифзи низоми обрасониро барои кишварҳои поёноб одилона ҳал хоҳад кард».
Аммо ҳанӯзам муаммост, ки кишвари ҳамсоя то кай ба мо бо як чашм нигоҳ мекунад? Ба ҳар ҳол, дар фароварди сухан иқтибосеро аз нутқи Президенти Ҷумҳурии ӯзбекистон мӯҳтарам Ислом Каримов пеш меорем: «Халқҳои ду мамлакати мо таърихи умумӣ доранд ва асрҳо паҳлӯи ҳамдигар мезистанд. Бо ҳам будан сарнавишти мост ва мо бояд бо кӯшишҳои якҷоя ин мушкилиҳоеро, ки мардуми кишварҳои мо бо онҳо рӯ ба рӯ омадаанд, бартараф намоем».

Фазлиддин АСОЗОДА,
БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized