Главная > Uncategorized > Кӣ аз Ҳукумат болотар аст?

Кӣ аз Ҳукумат болотар аст?

Иҷро накардани супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҷониби Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон боис гардид, ки масъала тариқи судӣ ҳал карда шавад.

  • Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов 4091472 сомонӣ медиҳад?

 

Ҳар нафаре ки соли 1993-ро пеши назар меорад, дар кадом вазъияту шароит будани ҷумҳуриро ба хубӣ дарк мекунад. Дар он солҳо вазъияти молиявии ҷумҳурӣ, хусусан вилояти ҳамонвақтаи Хатлон хеле мушкил буд. Хоҷагии халқ, сохторҳои давлатӣ тамоман хароб гардида, барои барқарор намудани он маблағ зарур буд. Дар ҳамин сол дар доираи робитаҳои иқтисодӣ байни Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Хатлон ва ширкати савдою саноатии «Дружба»-и Федератсияи Русия барои расондани кӯмаки моддӣ ба мувофиқа меоянд. Ширкати савдою саноатии «Дружба»-и Федератсияи Русия ба Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Хатлон ба маблағи 1058000 доллари ИМА мошини сабукрави «ВАЗ-21-07» ба миқдори 70 адад ва 2500 тонна сӯзишвории дизелӣ медиҳад. Мошинҳо барои барқарорсозии парки автомобилии сохторҳои қудратии вилоят, сӯзишворӣ бошад, баҳри таъмини хоҷагиҳо барои ҷамъоварӣ ва коркарди пахта пешбинӣ шуда будаанд. Тибқи фармоиши раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Хатлон аз 30-юми декабри соли 1993 № 1-313 «ф» мошинҳо ва сӯзишвории дизелӣ байни шаҳру ноҳияҳои вилоят тақсим карда мешаванд.

Аз санади Идораи назоратию тафтишотии вилояти Хатлон, аз 28-уми марти соли 1996 № 1-1, ки якҷоя бо мақомоти дахлдори вилояти Хатлон тартиб додаанд, маълум мегардад, ки Кумитаи иҷроия барои пардохти қарз дар ҳамон солҳо кӯшиш намудааст. Барои пардохти маблағи мошинҳо ва сӯзишвории гирифташуда Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Хатлон тавассути Идораи сохтмони асосии вилоят ва минбаъд суратҳисоби «Облхлопкопром»-и вилояти Хатлон ба Комбанки «Солди»-и шаҳри Москва 1,0 млрд. рубли ҳамонвақта мегузаронад. Бо сабабҳои номаълум маблағ ба Ширкати савдою саноати «Дружба» нарасида, ба «Облхлопкопром»-и вилояти Хатлон ва минбаъд ба Идораи сохтмони асосии вилояти Хатлон баргардонида мешавад. Баъди чунин ранг гирифтани масъала Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Хатлон ба унвони сарвазири ҳамонвақтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷ. Ҳ. Каримов «Оид ба ҷудо намудани 650 тонна нахи пахта барои пардохти қарз» дар назди Ширкати мазкур муроҷиат мекунад, вале масъала роҳи ҳалли худро намеёбад.

Ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ идома ёфтан мегираду намояндагони Ширкати савдою саноатии «Дружба» борҳо ба тариқи шифоҳию хаттӣ ба Ҳукумати вилояти Хатлон муроҷиат мекунанд. Вале ҳар дафъа муроҷиати онҳо бо «ваъда» иҷро карда мешавад. Санаи 21-уми январи соли 2008 таҳти № 1156 раиси вилояти Хатлон Ғ. Афзалов ба унвони сафири ҳамонвақтаи Федератсияи Русия Р. Г. Абдулатипов муроҷиат намуда, иттилоъ медиҳад, ки намояндаи Ширкати савдою саноатии «Дружба» бо мактуби худ санаи 28-уми январи соли 2004 таҳти № См/13 ба фирмаи «Шоҳин ЛТД» муроҷиат мекунад. Дар навбати худ ширкати «Шоҳин ЛТД» ба Ҳукумати вилояти Хатлон муроҷиат кардааст. Онҳо ба тамоми раисони шаҳру ноҳияҳо мактуб ирсол намуда, вазифадор кардаанд, ки қарзи дар назди ширкати «Дружба» доштаашонро баргардонанд. Дар ҳамин мактуб раиси вилоят таъкид намудааст, ки пардохтани маблағи қарз баъзе мушкилиҳо дорад. Масалан, 28 мошини сабукрав ба сохторҳои раёсати корҳои дохилии вилоят, 4 мошин ба сохторҳои мудофиаи вилоят, як мошин ба раёсати кумитаи амнияти вилоят, боқимондааш ба сохторҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ тақсим карда шудаанд. Пардохти маблағҳои сохторҳои қудратӣ ба ваколати Вазорати молия ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дохил мешавад.

Дар охир, раиси вилоят Ғ. Афзалов сафирро бовар мекунонад, ки барои пардохти қарз тамоми тадбирҳо андешида мешаванд ва баробари пайдо шудани шароити молиявӣ ин масъала роҳи ҳалли худро меёбад.

«Бузак намур, баҳор меояд» гуфтагӣ барин, боз намояндагони Ширкати савдою саноатии «Дружба» интизорӣ мекашанд. Ин дафъа сафири ҳамонвақтаи Федератсияи Русия Р. Г. Абдулатипов ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат мекунад. Эмомалӣ Раҳмон вазири молияро вазифадор менамояд, ки масъаларо ҳаматарафа омӯхта бароянд. Супориши сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон О. Оқилов барои пардохти қарзи Ширкати савдою саноатии «Дружба»- и Федератсияи Русия санаҳои 18-уми ноябри соли 2008 № 92352 (12.1.10) ва 30-юми декабри соли 2008 № 50261 (12.1-7) ба унвони раиси вилояти Хатлон Ғ. Афзалов ирсол карда мешавад. Дар мактуби ҷавобӣ раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, ки баҳри иҷрои супориши Сарвазир корҳои муайяне иҷро карда шудаанд. Аз он ҷумла, ба тамоми раисони шаҳру ноҳияҳо мактуб ирсол карда шудаааст. Таъкид мегардад, ки аз мошинҳои овардашуда танҳо 6-тои он барои истифодабарии хизматӣ ба мақомоти иҷроия дода шудааст, ки маблағаш 42480 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар як вақт роҳбарияти Ширкати «Дружба» бо мактуби такрорӣ (аз 2-юми феврали соли 2009) ба Сарвазири ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, аз маъмурони Ҳукумати вилояти Хатлон изҳори норизогӣ менамоянд ва ин мактуб боиси омӯзиши такрорӣ мегардад. Дар ҳисоботаш ба унвони Сарвазири ҷумҳурӣ мудири шӯъбаи молияи Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Давлатов хабар медиҳад, ки далели овардаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба набудани маблағи кофӣ барои пардохти қарз беасос аст. Шароит барои  пардохти қарз пурра мерасидааст. Д. Давлатов аз Сарвазир барои омода намудани лоиҳаи супориш баҳри пурра пардохтани қарз ризоият мепурсад. Аз 9-уми феврали соли 2009 таҳти рақами №52628, 28 (12.1-7) бо имзои О. Оқилов фармоиш қабул шуда, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вазифадор карда мешавад, ки аз захираҳои молиявӣ истифода бурда, маблағи қарз пурра пардохт карда шавад.

Аммо масъала боз роҳи ҳалли худро намеёбад. Масъулини Ширкати «Дружба» барои ба суди байналхалқӣ муроҷиат намудан омода мешаванд. Бо мақсади бе баррасии судӣ ҳал намудани масъалаи додугирифт санаи 13-уми апрели соли 2009 таҳти раёсати муовини Сарвазири ҷумҳурӣ М. Алимардонов ҷаласа доир карда мешавад, ки дар он мудири шӯъбаи молияи Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Давлатов, намояндаи Сафорати Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Аверин, намояндаи Ширкати савдою саноатии «Дружба» Х. Алисултонов ширкат меварзанд. Дар ҷаласа оид ба масъалаи ба миён омада мудири шӯъбаи молияи Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Давлатов ахбор медиҳад. Намояндаи Сафорати Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Аверин таъкид менамояд, ки онҳо барои ҳимояи субъекти хоҷагидориашон омода ҳастанд, ки ба суд муроҷиат намоянд. Пас аз муҳокимарониҳо иштирокчиён ба қароре меоянд, ки барои ҳаматарафа омӯхтани масъала шӯъбаи молия ва ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шавад: масъалаи қарзи байни Ҳукумати вилояти Хатлон ва Ширкати «Дружба», оқибатҳои ҳуқуқии онро мавриди баррасӣ қарор дода, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш пешниҳод намоянд.

Мудири шӯъбаи молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Давлатов ва мудири шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Х. Муродов пас аз омӯзиш ба унвони муовини Сарвазир М. Алимардонов гузориш менависанд. Онҳо дар гузоришашон хабар медиҳанд, ки масъалаи мазкур аҳамияти худро гум накарда, намояндагони Ширкат бо дастгирии Сафорати Русия дар Тоҷикистон барои ба суд пешниҳод намудан маводҳо омодагӣ дида истодаанд. Моҳияти масъала аз он иборат аст, ки ноҳияҳои тобеи вилояти Хатлон ва мақомоти қудратии дар ҳудуди вилоят фаъолиятдошта бояд маблағи қарзро пардохт намоянд. Чунки онҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мошин ва сӯзишвории дизелӣ гирифтаанд. Аз рӯйи пешниҳоди Ширкати «Дружба» адади мошинҳо 70 дона мебошад. Аммо аз рӯи маълумоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 61 адад аст.

Таҳлилгарон барои ба тамоми ҷузъиёти масъала баҳо додан онро ба чанд қисмат тақсим намуда, мавриди баррасӣ қарор додаанд. Яке аз масъалаҳои баҳсталаб ба кӣ тааллуқ доштани қарз мебошад. Оид ба ин масъала иброз намудаанд, ки шарики тиҷоратии Ширкати «Дружба» Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои вилояти Хатлон мебошад, на ин ки мақомоти маҳаллӣ. Чунки Ширкати «Дружба» мошину маҳсулоти сӯзишвориро бевосита дар асоси дархости Кумитаи иҷроия додаасту онҳо ба дигарон тақсим намудаанд. Бинобар ин, дар назди Ширкати «Дружба» на мақомоти маҳаллӣ, балки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷавобгар аст.

Нисбат ба шумораи дақиқи мошинҳои сабукрави гирифташуда таҳлилгарон таъкид намудаанд, ки дар мактуби ба нишонаи собиқ сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Ҳ. Каримов фиристодаи собиқ раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Хатлон А. С. Салимов, маълумотномаи Кумитаи гумруки назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санади назоратчии калони Раёсати санҷишии вилояти Хатлон Д. Бухоров 70 адад мошин нишон дода шудааст. Ин маводҳо метавонанд ҳангоми баррасии баҳс ба манфиати Ширкати «Дружба» истифода бурда шаванд.

Аз рӯи пешниҳоди таҳлилгарон, набудани баъзе ҳуҷҷатҳо оиди дар маҳалҳо нагирифтани маводи сӯзишворӣ ягон сабаб барои нагирифтани сӯзишворӣ намешудааст. Чунки ин сӯзишворӣ дар асоси фармоиши Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои вилояти Хатлон пешниҳод карда шуда буд. Ғайр аз он, маводи сӯзишворӣ ба Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои вилояти Хатлон расонда шуду ба маҳалҳо тақсим намудани он ваколати Ширкати «Дружба» нест.

Таҳлилгарони дар пешниҳодашон роҳи ҳалли масъала ва пардохти қарзро бе дахолати суд дар созиши тарафайн дидаанд. Аз рӯйи пешниҳоди онҳо, агар масъала то суд дакка хӯрад, пас имкон дорад маблағҳои иловагӣ талаб карда шавад. Инчунин, суд метавонад Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро вазифадор намояд, ки маблағро якбора пардохт намояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро вазифадор менамояду онҳо ҳамон баҳонаро пеш меоранд: «Маблағ нест, агар имконият шавад, пардохт менамоем». Умуман, пас аз тасдиқ гардидани қарз оид ба ҳалли масъала ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2008 № 50261 (12.1-7), 9-уми январи соли 2009 №55863 (12.1-7), 11-уми феврали соли 2009 №52787 (12.1-7), 13-уми феврали соли 2009 №5589 (12.1-7), 19-уми марти соли 2009 №521382, 13-уми майи соли 2009 №54/12.1-7/20 ва 28-уми майи соли 2009 4558 (12.1-7) ба тариқи хаттӣ супориш медиҳаду он дар рӯӣ қоғаз мемонад.

Барои ҳалли масъала ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат мекунанд. Муовини Сарвазир М. Алимардонов барои ҳалли масъала вазифадор карда мешавад. М. Алимардонов дар гузоришаш ба унвони Президенти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қабулу тақсим намудани молҳо ва мавҷудияти қарзро дар назди Ширкати савдою саноатии «Дружба» рад накарда, вазъи молиявиро сабаби пардохт нагаштани қарз медонад. Аз сабаби он ки дар буҷети шаҳру ноҳияҳои вилоят маблағҳои мақсаднок барои пардохти қарзи мазкур пешбинӣ нашудаанд ва дар шароити имрӯза яку якбора пардохт намудани қарз ба буҷети вилоятӣ гарон мебошад, мувофиқи мақсад мебуд, ки қарз мунтазам дар давоми соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои бақияи озоди буҷети вилоятӣ пӯшонида шавад».

Президент ба ин масъала розигии худро медиҳад ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вазифадор карда мешавад, ки дар мӯҳлати 10 рӯз ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ахборот пешниҳод намояд.

Моҳҳо сипарӣ шуду Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хомӯширо пеша кард. Ҳарчанд, онҳо ором буданд, намояндагони Ширкати «Дружба» ором наистоданд. Ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон барои рӯёндаи маблағи 1 844 000 доллари амрикоӣ аризаи даъвогӣ пешниҳод кардаанду баррасии масъала моҳе қабл ба анҷом расид.

Ниҳоят, суди иқтисодии вилояти Хатлон аризаро мавриди баррасӣ қарор дода бо ҳалномаи худ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро вазифадор намуд, ки 4091472 сомонӣ ба ширкати «Дружба» диҳад. Гӯё ҳақ ба ҳақдор мерасад. Моро бошад, чизи дигаре ба ташвиш овардааст. Кӣ нооромии ҷумҳуриро мехоҳад? Барои чӣ нахостанд масъала бо роҳи хубӣ ҳаллу фасл карда шавад? Ниҳоят, ӯ кист, ки супориши Президентро иҷро намекунад?!

Ҷумъаи ТОЛИБ,

БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Оставьте комментарий